Фикру ақидаҳои пандуахлоқӣ дар ашъори Рўдакӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Зиндагиномаи шоир
2. Ашъори пандуахлоқии шоир
Хулоса
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ яке аз саромадон ва устоди бузурги шоирону адибони адабиёти классикии форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ў ҳанўз замони дар ҳаёт буданаш ба сифати шоири шинохтаву тавоно эътироф гардидааст. Рўдакиро бо эҳтироми ниҳоят зиёд пешвои аҳли илму адаб, маликушшуаро ёд мекунанд. Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар натиҷаи фаъолияти илмиву адабӣ ва шоирии худ ба ин мақоми баланд сазовор гардидааст. Ў дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ бо номи сардафтар ва ё асосгузори адабиёти форсу тоҷик маълуму машҳур шудааст. Мероси адабии шоир хеле доманадор будааст. Ашъори Рўдакӣ тамоми мавзўъҳои ҳаётиву ичтимоиро фаро гирифтааст. Яке аз мавзўъҳои асосие, ки дар эҷодиёти шоир ҷойи намоёнро ишғол менамояд, ин мавзўъҳои пандуахлоқӣ мебошад. Дар ашъори пандуахлоқии шоир масъалаҳои тарғибу ташвиқи одобу ахлоқи баланди инсонӣ, одаму одамгарӣ, дўстиву рафоқат, омўхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳунару ҳунарварӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Аз назари шоир аз бар намудани илму дониш ва омўхтани таҷрибаи рўзгор барои ҳар як инсон зарур ва лозим аст:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Таҷрибаи рўзгор, ҳаёт бояд барои ҳар шахс ҳамчун дарси ибратомўз хидмат намояд.
Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор!
Васфу ситоиш ва тарғибу ташвиқи дўстиву рафоқат дар эҷодиёти шоир ҷойи намоёне дорад. Дар ҳақиқат, дўстиву бародарӣ дар идеали ҳар шахс ҷойи махсус дорад, Рўдакӣ дўстиву бародариро беҳтарин неъмати худовандӣ шуморида, фироқи дўстони ҳунармандро таҳаммул надорад:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рўйи дўстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дўстони пурҳунар.
Устод Рўдакӣ кибру ғурурро намеписандад. Ҳама инсонҳо новобаста ба дороиву нодорӣ ва ба омию олим будани худ бояд ҳамдигарро эҳтиром намоянд. Зеро моро дар ин дунё танҳо бо фазилатҳои хуби инсонӣ ёдовар мешаванд:
Аблаҳу фарзонаро фарҷом хок,
Чойгоҳи ҳар ду андар як мағок.
Шоир талқин мекунад, ки инсон бо амали писандида ва корҳои шоистаи хеш бояд аз худ танҳо номи нек боқӣ гузорад.
Дар фикру ақидаҳои пандуахлоқии шоир мафҳумҳои умумиинсонӣ ҷойи асосиро ишғол менамояд. Шоир чунин фикру андеша дорад, ки барои дарки ҳақиқати ҳаёт ҳар як шахс бояд омўхтани илму донишро пешаи худ қарор диҳад. Рўдакӣ таъкид бар он мекунад, ки ба кулли ҳодисаву воқеаҳои рўзгор бо чашми хирад бояд нигарист. Шоир ақлу хираду донишро ба қавле чашми дил меҳисобад:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Бад-ин ошкорат бубин ошкор,
Ниҳонетро бар ниҳонӣ гумор.
Таҷрибаи рўзгор нахустмуаллим ва сарвари асосии инсон будааст:
Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Устод Рўдакӣ илму фарҳангро беҳтарин сарвати маънавии инсон мешуморад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рўй бар ин ганҷ неҳ.
Шоир аз нуқтаи назари инсондўстӣ ба фарзандон таълим медиҳад, ки бо одоби писандида, ахлоқи нек, ҳунару ҳунаромўзӣ номбардори падару модар ва халқу ватани худ бошанд. Зеро ки аз илму дониш ва обурўву эҳтироми падарон ба фарзандони нохалаф суде нест:
Эй дареғо, ки хирадманро,
Бошад фарзанду хирадманд не.
В- арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Бо омўхтани илму дониш ва дар амал истифода намудани таҷрибаи рўзгор барои рушду инкишофи шахсияти ҳар як инсон ҳамчунин тани дуруст хулқу атвори нек лозим ва зарур аст. Нафаре, ки ин чаҳор неъмати илоҳиро соҳиб бошад, инсони комил буда метавонад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хўйи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард.
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах (в) арад.
Ба ақидаи устод Рўдакӣ ҳар як инсон бояд бо буду набуди худ қонеъ бошад, ба ҳамон неъмати додаи Худо шукр намояд:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Фикру андешаҳои пандуахлоқии шоир то ба имрўз аҳамияти тарбиявии ахлоқии хешро аз даст надодаанд. Ин гуна ақидаҳои ҳикматомез барои покии ахлоқи ҳамида хизмат мекунад.