Фарҳанги Чини қадим
Мардуми Чин яке аз халқиятҳои қадимтарини Шарқ буда, осорҳои онҳо то ба имрӯз боқй монда, саҳми онҳо дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ниҳоят бузург мебошад.Мардуми Чин яке аз халқиятҳои қадимтарини Шарқ буда, осорҳои онҳо то ба имрӯз боқй монда, саҳми онҳо дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ниҳоят бузург мебошад. Кашфиётҳои чиниён то ҳол мушки-лотҳои ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро бартараф менамояд. Аксари комёбиҳои тамаддуни онҳо ба сатҳи ҷаҳонӣ расида, ҳамчун мӯъҷизаҳои олам эътироф гардидаанд.
Маданияти мардуми Чини қадим бо хусусиятҳои муҳимтарини худ аз маданияти мардуми дигар фарқ мекунад. Яке аз мӯъҷизаҳои онҳо бунёди девори бу-зурги Чини қадим мебошад, ки дарозиаш 2700 – 3000 км буда, баландиаш 15-14 метр ва бараш ба 7- 8 метр баробар будааст. Ин девор мардуми чиниёнро аз хав-фу хатари обхезӣ, ҳуҷуми душманони аҷнабиашон му-ҳофизат намуда, инчунин тавассути он чиниён бо мар-думи ҳамсоя робитаҳои тиҷоратию фарҳангии худро пайваст мегардониданд. Инро роҳи бузурги абрешим низ мегӯянд.
Дар Чини қадим санъати меъморӣ, муҷассамасо-зӣ, тасвирӣ, минатурӣ, мусиқӣ, кулолгарӣ ва бофанда-гӣ хеле ташаккул ва тараққӣ ёфта буд. Шаклҳои меъ-мории мардуми чиниён аз меъмории дигар мардум бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад. Дар Чини қадим аввалин меъмории бинои обуҳавосанҷии бисёрошёна бунёд карда шуда, болои он бо шакли давраи моил пӯшонида шуда буд. Ин мардум дар соҳилҳои дарё-ҳои Янцзе ва Хуанхе иқомат намуда, дар он ҷо канали калони обёрикуни ва тиҷоратӣ сохта, бо тавассути он савдо мекарданд.
Савдогарони мардуми дигар низ тавассути ин ка-нал ба Чин меомаданд. Мардуми чиниён ба зироатчи-гӣ, чорводорй, дарахтпарварӣ, шоҳибофӣ ва кулолга-рию моҳигирӣ машғул мешуданд.
Кашфиётҳои мардуми Чини қадим ин ихтирои қо-ғаз, борут, қутбнамо, соатҳои обию хокӣ ва тибби хал-қии Тибетӣ мебошад, ки то ҳол аҳамияти худро гум накарда, аз тарафи мардуми ҷаҳониён истифода бурда мешаванд. Инчунин забон ва хати чинй дорои хусусия-тҳои хоси худ буда, чиниён то ҳол барои навиштан зи-ёда аз 6000 аломатро истифода мебаранд. Ин кашфиё-тҳо боиси ташаккулу пешрафти илмҳои риёзӣ, нуҷум, тиб, ахлоқ, фалсафа, ҳуқуқ, адабиёт, таърих ва ғайраҳо гардида, то имрӯз дар байни мардуми чин таълимотҳ-ои ахлоқию, ватанпарварӣ, ҳуқуқй ва инсондӯстии аҷ-додиашон боқй монда, аҳамияти бузургашро гум на-кардаанд.,
Масалан: «фарзанди модаре, ки барои муҳофиза-ти халқу ватанаш бархеста, ба муқобили душманонаш ҷанг карда, ҷони худро нисор кунад, он гоҳ модар ашки шодӣ рехта, дар назди халқу ватанаш худро хушбахт меҳисобад, ва ё баракси он агар фарзанд аз хизмати халқу ватанаш саркашӣ кунад, он гаҳ модар худро дар назди халқу ватанаш гунаҳгор меҳисобад». Бояд гуфт, ки дар Чин ҳуқуқи зан-модар ва шаъну шарафи онҳо эҳтироми хеле воло доштааст, зеро ки насли оян-да одобу ахлоқ, одамгарию ватандӯстиро аз модаро-ни хеш меомӯзанд. Воқеан имрӯз ҳам дар Чин (Хитой) чунин аст. Пайваста ба ин оид ба эҳтироми зан-модар ҳакиме чунин гуфтааст: «Забони зан ин шамшери зан аст, ки вай намехоҳад шамшери бузурги худро ба дас-тимард диҳад».
Ин маънои онро дорад, ки зан модар чунон забони ширин, суханҳои хуб, ҳалиму ҳазим ва меҳрубон до-шта бошад, то ки фарзандон ин гуна хислатҳои наҷи-би инсониро аз онҳо омӯзанд. Олимони давраҳои мин-баъда ин гуфтаҳои болоро тақвият дода, ба ин мазмун яке аз онҳо олими бузурги Ғарб Шиллер чунин гуфтааст: «Ҳар мардеро дидй, ки ба мақоми баланде раси-дааст, бидон, ки зани лоиқ ва шоистае дорад». Агар сухан дар бораи эътиқодҳои динӣ ва аньанаю расму русуми онҳо равад, бояд гуфт, ки онҳо аз эътиқодоту анъанаҳои мардуми ҷаҳон ба куллӣ фарқ мекунад. Ху-доҳои мардуми чиниён дар давраҳои қадим бо номҳои Пуки, Суки ва ғайраҳо ситоиш карда мешуданд. Онҳо аз рӯи анъанаҳояшон орзуҳои хешро дар тахтачаҳо менавиштанд, ки он тахтачаҳоро Эма мегуфтанд. Гӯё худоҳояшон ба асп савор асту орзуҳои онҳоро амалй мегардонанд. Инчунин онҳо ба тӯморҳо эътиқод до-штанд, ки гӯё ин тӯморҳо бехатарии ҷои кор ва бозор-ро таъмин мегардонида бошад. Онро бо забони чинӣ Кумада гуфта, парастиш мекардаанд. Пайваста ба ин мардуми чиниён аз давраи қадим то ҳол Хдфт бахтро низ мепарастанд.
Дар Чини қадим се таълимоти динию фалсафӣ -конфусиягӣ, даосизим ва буддоия инкишоф ёфтаанд. Конфутсиягӣ дар охири асри VI то милодӣ пайдо шу-дааст. Тамоми асарҳои таълимоти конфусиягӣ баъди марги Конфутсий аз тарафи шогирдону пайравонаш таълиф шудаанд. Ин таълифот ба ду қисм ҷудо меша-вад, яке «Панҷкитоба» дигаре «Чоркитоба» мебошад. Дар «Чоркитоба» аслан масоили фалсафӣ баррасй шуда, дар «Панҷкитоба» бошад масъалаҳои эътиқод, парастиш, расму оини динӣ баръало мушоҳида меша-вад.
Конфутсийро баъди маргаш (шоҳон) император-они Чин Худо эълон карда, ба хотири эҳтиромаш ибо-датхонаҳо сохта, дар он ҷо ба номи ӯ ибодат мекарданд. Дар Чин то ибтидои асри XX беш аз 500 саҷдагоҳ вуҷуд дошт. Дар дини Конфутсиягӣ мисли динҳои дигар табақаҳои рӯҳониён набуд. Ин вазифаро аслан сарварони оила, авлод ё хизматчиёни давлатӣ ба ҷо меоварданд. Парастиши авлодони гузашта аз оинҳои муҳимтарини Конфутсий буд. Ҳар як авлод ё оила ибодатгоҳи худро доштанд. Дар таълимоти мазкур принсипи инсондӯстӣ ё гумманизм мавқеи хоса дошт. Мувофиқи он муносибати инсон дар ҷомеа ва оила бояд аз рӯи хирад, вазифашиносй, эҳтироми якдигарӣ, муҳаббати калонсолон ва хурдсолон амал кунад. Аз асри III- милодй сар карда, императорон дини Кон-футсиро дини давлатӣ эълон карданд, ки худ импера-торон писарони худои осмон шуморида мешуданд ва саргузашти императорон китобат карда мешуд.
Ба монанди Конфутсиячигӣ дар охири асри VI ми-лодӣ таълимоти нави мазҳабии Даоцизм пайдо шуда-аст, ки моҳияти Даоцизм дар китоби «Дао -де – цзин» китоби «Тариқат» баён ёфтааст. Муаллифи ин китоб ро ба номи файласуфи Чини қадим Лао-ц-зин нисбат медиҳанд. Дар охири асри VI милодӣ даоцизм низ мақоми давлатӣ пайдо кард ва таълимотҳои ахлоқии он чунинанд: манъи куштор, манъи истеъмоли шароб, манъи дурӯғгӯй, манъи дуздӣ, ва манъи шаҳватпарас-тӣ буда, аҳамияти бузурге пайдо кардааст. Дар ин таъ-лимотҳо фазилатҳои ахлоқй ҷой доштанд. Ба монанди иҷрои қарзи фарзандӣ, садоқат ба калонсолону ниёго-ни хеш, муҳаббати самимӣ, сабру тоқат, муқобилият ба рафтори бад, худқурбонӣ, афзонидани ҳайвоноти муҳит ва парвариши растаниҳои судманд, сохтмони роҳу чоҳҳо, маърифатнокии бесаводон, (қироат) тило-вати китобҳои муқаддас ва риояи расму ош:.* он мебо-шад.