Фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олӣ
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Х,укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон ба тариқи амалигардонии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ фиристода мешаванд, аммо лоиҳаи қонунро дар бораи авф — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи қонунҳоро дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Бояд гуфт, ки ҷараёни қонунгузорӣ маҷмӯи амалҳоеро
фаро мегирад, ки ба воситаи онҳо фаъолияти мақомоти қонунгузор дар ҳаёт татбиқ мегардад. Ҷараёни қонунгузориро аксар олимони ҳуқуқшинос ба чор давра тақсим кардаанд:
1. пешниҳоди лоиҳаи қонун ё ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ;
2. муҳокимаи лоиҳаи қонун дар кумита ва комиссияҳои парламент ва баъдан дар палатае, ки масъулияти қабули қонунро дорад;
3. қабули қонун;
4. ҷонибдорӣ ва имзову нашри қонун.
Ҳамин тавр, мувофиқи қонун лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории ба Маҷлиси намояндагон расидаро Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои муҳокимаи пешакӣ ба кумитаву комиссияҳои дахлдор мефиристад. Мақомоти дахлдор хулосаҳои худро оид ба лоиҳаи қонун барои муҳокима ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд.
Дар доираи салоҳияти худ Маҷлиси намояндагон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад, ки онҳо ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) қонунҳои конститутсионӣ; 2) кодексҳо 3) қонунҳо; 4) қарорҳо.
Қабули қонунҳо ваколати асосии Маҷлиси намояндагон аст. Қонунҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегарданд. Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, ғайр аз қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешаванд. Қонун дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Назорат аз болои иҷрои буҷети давлатӣ низ ба ухдаи Маҷлиси намояндагон мебошад.
Аз нигоҳи дараҷаи эътиборнокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъд аз Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ қарор доранд. Қонунҳои конститутсиони оид ба масъалаҳос қабул карда мсшаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ онҳоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулшуда ва аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдоришуда дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд. Агар Президент бо қонун ё як қисми он розӣ набошад, қонунро дар давоми понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Баъдан бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии қонун дар матни пештар қабулшудааш агар бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор медиҳад.
Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар ҳолати баррасии такрорӣ агар қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Саволҳо:
1. Мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст?
2. Сохтори Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
3. Фаъолияти Маҷлиси Олиро кадом санади ҳуқуқӣ танзим мекунад?
4. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ чӣ тавр сурат мегирад?
5. Умумият ва тафовути вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро муайян кунед.
6. Дар ҷаласаҳои якҷояи палатаҳо кадом масъалаҳо баррасй мешаванд?
7. Салоҳияти Маҷлиси миллиро номбар кунед.
8. Киҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ
доранд?
9. Ҳайати Маҷлиси миллӣ аз чанд нафар иборат аст?
10. Салоҳияти Маҷлиси намояндагонро шарҳ диҳед.
11. Мақсади ташкили фраксия ё гурӯҳҳои вакилон аз чӣ иборат аст?
12. Маҷлиси намояндагон кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул мекунад?
13. Кадом лоиҳаи қонунро танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи пешниҳод намудан дорад?
14. Ҷараёни қонунгузорӣ кадом давраҳоро дар бар мегирад?
15. Саҳми Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар омода намудани лоиҳаи қонунҳо чӣ гуна аст?
16. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба кадом масъалаҳо қабул карда мешаванд?
17. Тартиби қабул намудани қонунҳои конститутсиониро шарҳ диҳед.
18. Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, он гоҳ амалиёти Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ чӣ гуна сурат мегирад?