Эритроситҳо ва хунгузаронӣ
Сохт ва вазифаҳои эритроситҳо. Вазифаи асосии эритроситҳо аз узви нафаскашӣ ба тамоми ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои организм кашонидани оксиген мебошад. Инчунин эритроситҳо дар дур кардани гази дуоксиди карбонат аз бофтаҳо низ иштирок мекунанд (расми 39).
Расми 39. Ҳуҷайраҳои хун
Дар таркиби эритроситҳо гемоглобин мавҷуд аст ва сурхии хун ба он вобаста мебошад. Барои ҳамин эритроситҳоро ҳуҷайраҳои сурхи хун меноманд.
Гемоглобин, дар навбати худ, аз ду қисм: сафедавӣ -«глобин» ва ғайрисафедавӣ — «гемм» иборат аст (расми 40). Гемоглобин дар шуш ба осонӣ бо оксиген пайваст мешавад ва ранги ин хун сурхи равшан аст, хуни венагӣ бошад, дорои гази карбон мебошад, бинобарин рангаш сурхи хира мешавад.
Эритроситҳои хуни одам аз ду тараф фурӯ хамида ё яктарафа барҷаста мешаванд.
Эритроситҳои одам андозаи на он қадар калон дошта, ба 7,5-8 мкм баробар аст. Миқдори эритроситҳо дар 1 мм3 ё 1 микролитр хун ба ҳисоби миёна 4,5-5 миллионро ташкил медиҳад. Эритроситҳо дар иллики сурхи устухон ҳосил шуда, қариб 120 рӯз умр мебинанд. Эритроситҳо дар испурч ва ҷигар захира мешаванд ва дар ҳолати кам шудани миқдори хун дар организм аз ин узвҳо хун тавассути роҳҳои умумии хунгард ба организм дода мешавад (расми 40).
Расми 40. Эритросит
Камхунӣ. Камхунӣ ба кам шудани миқдори эритроситҳо дар хун ё ба кам шудани миқдори гемоглобин ва баъзан ба ҳардуи онҳо вобаста аст. Камхунӣ инчунин дар натиҷаи зиёд талаф додани хун низ пайдо мешавад. Дар натиҷаи бемориҳои сирояткунанда, таъсири нурҳои радиоактивӣ мағзи сурхи устухон вазифаи худро гум мекунад, ки сабаби камхунӣ мегардад. Камхуниро муолиҷа кардан мумкин аст. Ба ин пеш аз ҳама хӯроки серғизо, ҳавои тоза ба барқарор шудани миқдори мӯътадили гемоглобини хун кӯмак карда метавонанд.
Хунгузаронӣ. Хангоми беморӣ ё талаф додани хуни зиёд ба одамон хун мегузаронанд. Хунро бошад, аз донорҳо мегиранд. Хуни гирифташударо ба зарфҳои шишагин ба таври герметикӣ маҳкам карда нигоҳ медоранд ва барои лахта нашудани хун моддаҳои махсуси кимиёвиро истифода мебаранд.
Ҷадвал
Гурӯҳҳои хун | Ба гурӯҳҳои зерин хун дода мешавад | Хуни гурӯҳҳои зеринро қабул карда метавонад |
I | I | I |
II | II | II |
III | III | III |
IV | IV | IV |
Хунгузарониро аз рӯи гурӯҳҳои хун муайян кардан мумкин аст. Асосан чор гурӯҳи хунро фарқ кардан мумкин аст. Барои гузаронидани хун ҳатман ба гурӯҳи хуни хунгиранда ва хундиҳанда аҳамият додан лозим аст. Ҳам гурӯҳи хуни онҳо ва ҳам омилҳои резусиашон бояд якхела бошанд.
Ҳар кас бояд гурӯҳи хуни худро донад. Гурӯҳи хуне, ки ирсӣ мебошад, аз падару модар ба насл, фарзандон мегузарад. Онҳо доимӣ буда, дар давоми умр тағйир намеёбанд. Қариб 35% аҳолии кураи замин хунашон гурӯҳи I буда, 36% гурӯҳи II-ум, 22% гурӯҳи III-ум, 7% гурӯҳи IV-умро ташкил мекунад.
Саволҳо:
- Хунгузаронӣ чист?
- Дар кадом ҳолатҳо хун мегузаронанд?
- Чанд гурӯҳи хун мавҷуд аст?
- Барои чӣ гурӯҳи хунро муайян мекунанд?