• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Душанбе пойтахти мо / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Душанбе пойтахти мо / Иншо

16 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
15.08.2022

Мавзӯъ: Душанбе пойтахти мо!

Нақша:

Муқаддима

  1.  Душанбе пойтахти мо 

Хулоса

 

Шаҳри паймони ман, Душанбе,

Фахри даврони ман, Душанбе.

Пояи ваҳдати тоҷикон,

Дар дилу ҷони ман, Душанбе.

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг, пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.

Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ рӯҳафтода нашуда, баҳри эъмори Душанбеи азизаш камари ҳиммат баст. Оҳиста – оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Баъди ҷумҳурии иттифоқӣ ном гирифтани он эътибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи қадимааш барқаpop карда шуд.

Шаҳр қомат афрохта қабои рангин ба бар кард. Хонаҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо, аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Қурбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба чаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.

Байти машҳури шодравон Боқӣ Раҳимзода далели андешаи болост:

 

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.

 

Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи оламиён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо бокӣ мондааст.

 

Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустаъқилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳу зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.

 

Нагардам сер аз рӯйи Душанбе,

Нигоҳам меравад сӯйи Душанбе.

Ба мақсад мерасад оне ки нӯшид,

Гулоби синаи ҷӯйи Душанбе.

 

 

Tags:#Душанбе

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат