• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Достони «Панҷи ноором»-и Мирсаид Миршакар / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Достони «Панҷи ноором»-и Мирсаид Миршакар / Иншо

46 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.01.2022

Мавзӯъ: Достони «Панҷи ноором»-и Мирсаид Миршакар

Нақша:

Муҳаддима

  1. Таҳлили ғоявӣ ва бадсии достон

Хулоса

Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1912 дар деҳаи Синдев ба дунё омадааст. У таҳсилоти ибтидоии хешро дар мактаби деҳаи Поршнев ва сипас дар мактаби интернати шаҳри Хоруғ гузаронидааст. Шоир дар мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе низ таҳсил намудааст. Мирсаид Миршакар дар муассисаҳои ҷумҳуриявию ҳукуматй адои вазифа намудааст. Мирсаид Миршакар дар тӯли кору фаъолияти худ бо чандин ордену мукофотҳои давлатй сарфароз гардидааст. Эҷодиёти баъдиҷангии шоир, асосан, маҷмӯаи достонҳои ӯро ташкил медиҳад. Досгоннависӣ дар мероси адаби ӯ мавқеи муҳимро пайдо карда буд. Яке аз достонҳои бузурги баъдиҷангии ӯ достони «Панҷи ноором» мебошад. Шоир дар достон ҳаёти хушбахтонаи колхозҳои сарҳадй, ҳаёти озодй одамон, сарҳадчиён ва бодиққат посбонӣ кардани онҳо обу хоки Ватанро, ҳаёти мазлумонаи халқҳои машриқзаминро ба қалам додааст. Қаҳрамонони мусбати достони «Панҷи ноором» шахсони гуногун буда, аз сарҳадчиён, сарбозон, коргарони кон, духтарони меҳнатдӯсти кӯҳистонӣ, колхозчиён иборат мебошанд. Дар достон, ҳамчунин, муносибати софдилона ва самимонаи ишку муҳаббати ҷавонон тасвир ёфтааст. Кору фаъолият ва муваффақияти Точикистони кӯҳиро дар симои сарҳадчиён инъикос кардаает. Достон аз шаш қисм иборат мебошад. Дар бахшҳои гуногуни достон манзараҳои табиати кӯҳистон, ҳаёти мардум, меҳнати колхозчидухтарон, симои қишлоқи колхозй, шодию сурури онҳо, ҳаёти озодонаи онҳо тасвир ёфтааст. Достон аз қисмҳои ҷудогона иборат ёфта, ҳар як бахши он мақсаду мароми муайянеро ифода менамояд. Ҳар як қисми достон чунин огоз меёбад:

Мевазад боди тозаву форам,

Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.

Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,

Ин суруди қадими кӯҳистон:

«Рузу шаб рудн Панци ноором,

Мезанад доду мезанад фарёд

Меравад худсарона, лекин ром

Ҳеҷ касро намешавад, ҳайҳот!»

Шоир достонро бо забони содаву равон накд мекунад. Барои равшании фикр бошад, аз санъатҳои бадей фаровон истифода намудааст.

Яке аз мавзӯъҳое, ки дар байни мавзӯъҳои дигари достон мавқеи муҳим дорад, ин мудофиаи сарҳади Ватан тавассути сарҳадчиён мебошад, ки дар достон ба таври воқей инъикос ёфтааст. Хулоса, муаллифи достон тарзу тариқи содаву равони баёнро интихоб кардаает, ки хеле ҷолиб мебошад. Чунин тарзу тариқи нигориш ба забон ва воситаҳои тасвири асар таъсири мусбат бахшидааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат