• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Достони «Ливои Зафар»-и Мирсаид Миршакар / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Достони «Ливои Зафар»-и Мирсаид Миршакар / Иншо

22 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.01.2022

Мавзӯъ: Достони «Ливои Зафар»-и Мирсаид Миршакар

Нақша:

Муқаддима

  1. «Ливои Зафар» – аввалин достони шоир
  2. Мавзӯъ ва гояи асосии достон

Хулоса

Мирсаид Миршакар соли 1912 дар деҳаи Синдеви собиқ ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳй ба дунё омадааст. Волидайни ӯ аз чорводорони калони деҳа будаанд. Мирсаид Миршакар яке аз дастпарварони хонаи бачагон буда, дар нахустин мактаб-интернати шӯравй таҳсил намудааст. Сипае, ӯ барои таҳсил ба щаҳри Душанбе меояд. У ҳамчун узви фаъоли сохтмони Вахш дар корҳои азнавсозии водии Вахш фаъолона иштирок кардаает.

Мирсаид Миршакар ҳамчун шоири халқии Тоҷикистон фаъолияти эҷодии хешро бедьди солҳои 30-юм оғоз намудааст, Яке аз асарҳои бузурги ӯ достони «Ливои зафар» мебошад. «Ливои зафар» аввалин достони шоир маҳсуб мешавад. Достони мазкур хислату характера тарҷумаиҳолӣ дорад, Маъхазҳои достой дар асоси ҷараёни сохтмони обёрии водии Вахш ва саёҳати худи шоир ба ин сохтмон ҷамъоварй карда шудааст. Бар

замми ин, шоир дар бораи оберни водии Вахш, дар бораи нақши ташкилотчигй ва роҳбарикунандаи ҳизби коммунист дар корҳои бузурш сохтмонй ва ёрии бародаронаи халқҳои шӯравй ба меҳнаткашони тоҷик сухан меронад. Шоир худро хамчун як қаҳрамони достон муаррифй менамояд. Мирсаид Миршакар баъди тасвири ҷойи кор ва шароити меҳнатии коргарон хулқу атвори неки меҳнаткашони шӯравй, рафтори бошууронаи онҳо, меҳнатдӯстии онҳоро муфассал нишон додааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар асар тартибу низоми кори меҳнаткашон, интизоми меҳнат, меҳдати коллективонаи халқу миллатҳои гуногун возеҳу равшан инъикос ёфтааст. У аз санъати ташхис истифода намуда, аз забони дарё сухан мегуяд, яъне дар бораи фоидаҳои ояндаи он ба саҳроҳои нави обёришаванда ва дар бораи аҳамияти умумишарқии он сухан меронад:

Бихоҳанд манро ба колхоз диҳанд,

К-аз обам биёбон гулистон кунанд.

Бигиранд аз қуваам баркро,

Дурахгион намоянд аз он Шарқро.

Мирсаид Миршакар чун шоирону адибони давраи шӯравй саъю кӯшиш намудааст, ки симои коргар ва меҳнаткаши ғайритоҷикро дар баробари образи коргарони маҳаллй инъикос намояд. Тавре маълум аст, халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравй ҳамчун дустони вафодор ба мардуми тоҷик дар пешрафти ҳама корҳо ҳиссаи намоёни худро бародарона гузопггаанд. Шоир чунин мавқеи онҳоро ба эьтибор гирифта, дар қадами аввал ба тасвири намояндагони халқи кабири рус пардохтааст. Симои Иванов аз қабили ҳамин гуна ашхос мебошад, ки ҳамчун аъзои ҳизб бо бригадаи махсуси коргарон ба Тоҷикистон фиристода шудааст:

Ба фармони партия мо даҳ нафар

Ба ин ҷа намудем моён сафар.

Замоне ки ин ҷо расидем мо,

Надидем ҷуз водию куҳҳо.

Хулоса, шоир дар симои Иванов коргари бошуур, қавиирода ва тобоварандаро нишон додааст. Дар достон дустии халқҳои собиқ шӯравй таҷассум ёфтааст, ки онҳо баҳри иҷро намудани нақшаҳои азими сохтмонй якдилона меҳнат мекарданд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат