• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Достони “Кова ва Заҳҳок” / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Достони “Кова ва Заҳҳок” / Иншо

142 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
26.08.2022

Мавзӯъ: Достони “Кова ва Заҳҳок”

Нақша:

Муқаддима
1.Ғояи асосии достон
2.Симои қаҳрамонони достон
Хулоса

Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун сарояндаи достонҳои безаволи “Шоҳнома” дар таърихи адабиёти ҷаҳон шӯҳрати бузург касб кардааст.

Фирдавсӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму дониш шавқу завқи зиёде доштааст. Аз ин рӯ, дар андак муддат илмҳои замонаашро аз худ менамояд. Ӯ сарояндаи яке аз достонҳои бузурги қаҳрамонӣ – “Шоҳнома” буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун замосасаро маълуму машҳур гардидааст.

Достонҳои “Шоҳнома” ранҷу заҳматҳои зиёда аз тонхои сивупанҷсолаи шоирро фаро гирифтааст. Шоир барои эҷоди ин асари калонҳаҷм тамоми дороии хешро сарф намудааст. Вале мутаассифона шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ ба фикру андешаи бадхоҳон гӯш дода, ба “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ беэътиборӣ зоир намуд ва барои ивази ҳама он ранҷу заҳматҳои кашидаи шоир ба ӯ музди ночизе дод.

“Шоҳнома” достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз бахшои гуногун иборат мебошад. ”Шоҳнома ” аз якчанд достонҳои таърихиву қаҳрамони иборат мебошад, ки яке аз ҷолибтарини онҳо достони “Кова ва Заҳҳок” мебошад. Фирдавсӣ дар достони “Кова ва Заҳҳок” муборизаи халқи меҳнаткашро бо роҳбариву сарварии Кова ба муқобили Заҳҳоки ситампешаву золим тасвир намудааст. Ғояи асосии достон муборизаи қувваҳои некӣ бар зидди қувваҳои бадӣ ба ҳисоб меравад. Дар достон Заҳҳоки золим, Коваи оҳангар , писаронаш ва халқи меҳнаткаш қаҳрамони асосӣ маҳсуб мешаванд.

Заҳҳок бо таъсири қувваҳои бадӣ падари худро ба қатл мерасонад ва баъд аз он ба сари тахт менишинад. Баъди он ки Аҳриман аз китфҳои Заҳҳок бӯса мекунад, аз ду китфи ӯ мор мебарояд. Морҳо ба сари Заҳҳок ҳамла меоваранд. Аҳриман ба Заҳҳок ҳамчун табиб маслиҳат медиҳад, ки ҳар рӯз морҳоро бо мағзи сари ду ҷавон зиёфат диҳад. Фикру андеша ва мақсаду муроди Аҳриман аз ин маслиҳат он буд, ки тухми инсонро аз рӯйи замин нобуд кунад. Ҳамин тавр, морони Заҳҳокро парвариш мекунанд. Халқи бечора ба танг меояд. Кова, ки ҳабдаҳ писари ҳудро аз даст дода буд, пешдомани чармини худро ливо сохта, халқи меҳнаткашро ба мубориза даъват менамояд. Саранҷонм, Кова ғалаба мекунад.

Фирдавсӣ Завҳҳокро ҳамчун шахси золим, фарзанди нохалаф, рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст. Дар образи халқ бошад, қувваи бузургу мағлубнопазирро инъикос намудааст. Шоир дар образи Кова шахси бузургу тавоноро тасвир кардааст. Фирдавсӣ ғалабаи Коваро бо кӯмаку дастгирии халқи меҳнаткаш тасвир намуда, қудрат ва тавоноии халқи оддиро хеле бузург мешуморад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов