Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ
Нақша:
Муқаддима
1.Ҳаёти мухтасари шоир
2. Мазмуни асосии достон
Хулоса
Амир Хусрави Деҳлавӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун шоир ва нависандаи хамсанавис эътироф гардидааст. Ў намояндаи бузурги аҳли илму адаби тоҷикзабонони Ҳиндустон буда, соли 1253 дар мавзеи назди Деҳлӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми таҳсили мадраса ба шеъру адаби форсӣ шавқу ҳаваси зиёде пайдо мекунад ва дар як муддати кутоҳ ҳамчун шоири мумтоз шўҳрати зиёде касб менамояд.
Амир Хусрави Деҳлавӣ шоири сермаҳсул буда, эҷодиёти бою рангин дорад. Эҷодиёти ў асарҳои зиёди назмию насрӣ ва девону ғазалиётро дар бар мегирад.
Мавзўи дўстиву рафоқат дар эҷодиёти шоир мавқеи хоса дорад. Аз ин рў, ў доир ба дўстиву рафоқати байни инсонҳо дар ҷамъият асаре эҷод намудааст, ки бо номи «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар адабиёти классикӣ ёд карда мешавад. Дар ин достон мавзўи ишқу муҳаббати поки инсонӣ тараннум карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар баробари ин кинаю адоват, рашку ҳасади инсонҳо дар ҷамъият душманию нотавонбинии онҳо танқиду мазаммат карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи достон ба ҳодисаву воқеаҳои хонадон ва сулолаи яке аз шоҳони замони Амир Хусрав бо номи Алоуддини Хилҷӣ алоқамандиву вобастагӣ дорад. Аз рўи нақлу ривояти шоир достони мазкур хаёлӣ набуда, балки асоси воқеӣ доштааст.
Дар ҷангҳои байниҳамдигарии шоҳони ҳамон давр Дувалронӣ ном ҳиндудухтаре асир афтода, ба дарбори султон Алоуддавла оварда мешавад. Дар дарбори шоҳ писари даҳсолаи шоҳ-Хизрхон бо Дувалронӣ, ки ҳамагӣ ҳаштсола буд, бо ҳам бозӣ мекарданд. Бо гузашти вақт байни онҳо муносибати дўстиву рафоқат барқарор карда мешавад. Ниҳоли дўстии онҳо мустаҳкамтар мешавад. Дўстии байниҳамдигарии онҳо ба ишқу муҳаббат табдил меёбад. Чун ҳамеша аз муҳаббати дилдодагон волидайни онҳо хабар ёфта, онҳоро аз ҳам ҷудо месозанд.
Ҳатто аз нигоҳи мазҳабӣ байни онҳо тафриқа меандозанд. Ба хонадоршавии онон монеъ мешаванд. Падари Хизрхон аз ў напурсида, духтари тағояшро барои ў ҳамчун арус интихоб менамояд. Хизрхон бошад, аз ин амали падар сахт ошуфта мешавад. Ў ҳамеша дар хобу хаёли Дувалронӣ буд. Онҳо ба ҳам нома навишта ҳамдигарро ба бевафоӣ айбдор мекунанд. Хизрхон бар муқобили фикру андешаҳои волидайни худ баромада, аз духтари тағояш ҷудо мешавад ва Дуволрониро ба ақди никоҳи худ медарорад.
Бадгўёну нотавонбинон ба падари Хизрхон ҳар хел фикрҳои бадро мерасонанд, ки гўё Хизрхон толиби тоҷу тахт бошад. Падар аз он гуфтаҳои душманон ба хашм омада, ўро дар зиндони маҳбусон ҳабс менамояд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ошиқон бо ҳам вомехўранд. Дар ин миён Алоуддин вафот мекунад. Ноиби ў, ки хостори тоҷу тахти шоҳӣ будааст, идораи мамлакатро ба дасти худ мегирад ва Хизрхони маҳбусро бо лагадкўбиҳои зиёд кўр мекунад. Сипас, тарафдорони Хизрхон бошанд, шоҳро нобуд сохтанд. Муборакшоҳ, ки яке аз писарони шоҳ буд, ба сари тахт нишаст. Ў ниҳоят шахси разилу фитнакор будааст. Муборакшоҳ ба корҳои бад даст зада мехост, Дувалрониро аз они худ намояд. Кор то ба ҷое расид, ки ҳатто барои қатли бародараш фармон содир намуд. Дувалронӣ аз марги Хизрхон хабар ёфта, худро оташ зада худсўзӣ мекунад.
Шоир дар достон ба воситаи тасвири ишқу муҳаббати ҷавонон масъалаҳои дўстиву рафоқат ва ҳамкориҳои ҳиндуҳо ва мусулмононро ба миён гузоштааст. Амир Хусрав дар он замон аввалин шуда, бо васфу ситоиши симои намояндагони ду гурўҳи иҷтимоӣ дўстиву рафоқати онҳоро тарғибу ташвиқ намудааст.