Давраҳои ҳаракат ва манобеи ташаккули захираҳои инвеститсионии корхонаҳо
Ҷараёни паи ҳам, доимй, устувор ва мунтазами ташкили раванди истеҳсолот, яъне ба ҳам пайваст намудани омилҳои истеҳсолот, бо мақсади тавлид намудани неъматхову хадамот ва ба даст овардани фоида, ҷараёни такрористеҳсоли инфиродии қорхонаҳоро ташкил медиҳад.
Раванди доимию паиҳамтакроршавй ва нисбат ба ҳаҷми пештара афзояндаи доираи истеҳсолотро такрористеҳсоли васеъ меноманд. Дар охир, хислати хоси иқтисоди бозорӣ ва мақсади ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Такрористеҳсоли васеъ дар шароити мавҷуд будани:
а) воситаҳои асосии иловагӣ;
б) воситаҳои иловагии гардон, қувваи коргарии иловагӣ ва захираҳои иловагии инвеститсионӣ (сармоягузорӣ) имконпазир мебошад.
Дар охир ба сифати сарчашмаи ташкил ва густариши такрористеҳсоли корхонаҳо хизмат мекунад.
Фондҳои истеҳсолӣ бо воситаи ҳавзаи истеҳсолот ва ҳавзаи муомилот сурат гирифта, давраи пурраи ҳаракати фондҳои корхонаҳоро ташкил медиҳад.
Ҳаракати фондҳои корхона аз сармояи пулӣ оғоз ёфта ба мақсади дарёфти сармояи молӣ, омодасозии заминаҳои пешакӣ барои ташкили раванди истеҳсолот, яъне сармояи маҳсулдеҳ истифода шуда, дар зинаи охирон ба сифати сармояи молӣ ҳаракати фондҳоро хотима дода, аз нав барои таъмини гардиши фондҳо ба сармояи пулӣ табдил ёфта, паи ҳам раванди таҷдиди инфиродии корҳонаҳоро сурат мебаҳшад.
Дар ин ҷода таҳлил ва тадқиқи таркиби сармоя (фондҳо, заҳираҳо)-и корхона ва қисматҳои асосии он: 1) сармояи асосӣ (замин, бино, иншоот, дастгоҳ, мошину таҷҳизот, воситаҳои вогузор ва нақлиёт), 2) сармояи гардон (ашё, сузишворй, қувваи барқ, материалҳо, нимфабрикатҳо, истеҳсолоти нотамом) аҳамияти махсус пайдо намуда, барои муайян кардани роҳҳои инкишофи он ва баланд бардоштани самаранокию боздеҳи фондҳо ва фондғунҷоиш заминаҳои мустаҳкам мегузорад.