• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Давлатшоҳи Самарқандӣ ва меросии адабии ӯ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Давлатшоҳи Самарқандӣ ва меросии адабии ӯ / Иншо

1 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
23.01.2022

Мавзӯъ: Давлатшоҳи Самарқандӣ ва меросии адабии ӯ

Нақша:

 Муқаддима

  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. «Тазкиратушшуаро» – ягона ва асоситарин асари қомили Давлатшоҳи Самарқандӣ
  3. Мӯҳтавои «Тазкиратушшуаро» ва арзиши илмиву адабии он

Хулоса

Давлатшоҳи Самаркандӣ дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун тазкиранавис маълуму машҳур аст. У соли 1437 дар яке аз марказҳои илмиву адабии ҳамонвақта шаҳри бостонии Самарканд ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоии ӯ таҳти сарпарастии падараш, ки аз шахсони бофазлу дониш будааст, мегузарад. Падараш Алоуддавлаи Бахтшоҳӣ ба таълиму тарбияи фарзандаш бевосита машғул будааст. Бо ёриву дастгирии падар Давлатшоҳ аз тамоми илмҳои замонааш бархӯрдор мешавад. Баъди ба камол расидан, бо ҳамроҳии падар ба дарбори Шоҳрухмирзо ва Ҳусайн Бойқаро даъват карда мешавад. Муддате дар дарбор бо аҳли илму адаб аз наздик ошно мешавад. Давлатшоҳ дарборро базудй тарк мекунад. Дар ин бора худи ӯ чунин мефармояд: «… Аммо, нафасро дар маросими он хидмат номақбул дидам..,. Ва пой аз он даркашидам».

Давлатшоҳ беиггари вақти хешро ба таҳлилу баррасии осори бузургон ва _сӯҳбати аҳли илму адаби замони худ сарф мекардааст. У бо намояндагони мактаби адабии Ҷомй ва, бевосита, бо худи ӯ робитаи қавй дошт ва ин амали неки худро то охирҳои умр идома додааст. Давлатшоҳ дар ин муддат доир ба аҳволи шоирон ва адибони замони худ маводи зиёде ҷамъоварй намуд. Ҳамаи ин маводро ҷамъоварй намуда, асари бузурги худ «Тазкиратушшуаро»-ро таълиф мекунад. Давлатшоҳ баъд аз 4 соли таълифи асари худ соли 1491 вафот мекунад.

Давлатшоҳ мероси адабии зиёде надорад. Аз ӯ танҳо ҳамин тазкира боқй мондааст. Аз гуфтаи баъзе сарчашмаҳо бармеояд, ки ӯ табъи шоирй низ доштааст. Намунаи ашъори ӯ, ки аз рубой, қасида, қитъа иборат будааст, дар «Тазкиратушшуаро» оварда шудааст.

Асари шоир аз муқаддима, 7 табақа ё аз 7 боб ва хотима иборат будааст. «Тазкиратушшуаро» асаре будааст, ки дар бораи зиёда 141 нафар шоирону нависандагон маълумот дода, аз эҷодиёт ва мероси адабии онҳо намунаҳо меоварад. Асари шоир аз маълумотҳои илмиву адабй иборат аст. Давлатшоҳ дар тазкираи худ дар бораи он шоирону нависандагоне маълумот додааст, ки онҳо дар байни мардум маълуму машҳур будаанд. Бештари онҳо соҳибдевон буда, дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик мақоми баландеро касб кардаанд. Фикру андешаи хешро доир ба устод Рӯдакӣ, Масъуди Саъдй Салмон, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ибни Ямин, Убайди Зоконӣ, Камол, Ҳофиз баён намуда, ба эҷодиёти онҳо баҳои баланд медиҳад.

Яке аз хусусиятҳои хуби тазкираи шоир дар он аст, ки тамоми ҳодисаву воқеаҳо ва маълумотҳои заруриро дар барои ин ё он шоир ба таври муфассал меоварад. Тазкираи Давлатшоҳи Самаркандӣ як давраи дурударози таърихиро дар бар мегирад. Дар «Тазкиратушшуаро» адабиёти қариб 600-солаи форсу тоҷик ва намояндагони аҳли илму адаби он зикр ёфтааст. Ҳамаи он маълумотномаҳои овардаи Давлатшоҳ бо далелҳои эътимодбахш асоснок карда шудаанд.

Дар ҳақиқат, «Тазкиратушшуаро» имрӯз ҳам дар таърихи адабиёт аҳамияти бузурги илмй дорад. Забон ва услуби нигориши тазкира хеле содаву равон мебошад. Тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ бо забонҳои туркй ва русӣ тарҷума шудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат