Дастгоҳи давлатӣ
Дастгоҳи (механизми) давлатӣ — низоми мақомоти гуногуни давлатӣ мебошад, ки ба воситаи онҳо давлат ҳокимияти худро амалӣ менамояд.
Дастгоҳи давлат аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор иборат буда, ба мақсади функсияи ҳокимияти давлатиро иҷро кардан аз тарафи давлат ташкил дода мешавад.
1.Мақомоти давлатӣ
Мақомоти давлатӣ — қисми нисбатан мустақил ва таркибан алоҳидаи дастгоҳи давлат мебошад, ки дорои салоҳияти муайян буда, дар ҷараёни амалӣ намудани функсияҳои худ ба қудрати ташкилӣ, моддӣ ва маҷбуркунии давлатӣ такя мекунад.
Намудҳои мақомоти давлатӣ:
—1)Мақомоти қонунгузор– Маҷлиси Олӣ (мақомоти олӣ) ва маҷлиси вакилони халқ (мақомоти маҳаллӣ)
—2)Мақомоти идоракунии давлатӣ (иҷроия) – ҳукумати ҷТ (мақомоти олӣ, марказӣ) ва ҳукуматҳои вилоят, шаҳр ва ноҳия (мақомоти маҳаллии иҷроия)
—3)Мақомоти судӣ-Низоми судии Чумҳурии Точикистон (Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии Иқтисоди, Суди Ҳарби.Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо)
2.Шахси мансабдор-шахсе дар назар дошта шудааст, ки ба таври доими ё муввақати ё бо
ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимиятро ба чо меоварад ё вазифаи ташкилию маъмури
ҳочагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлати, муассисаҳои давлати, мақомоти худидоракунии
давлати анчом медиҳад.