• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Даромад, сарчашма, омил ва шаклҳои асосии ташаккули он / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Даромад, сарчашма, омил ва шаклҳои асосии ташаккули он / Реферат

148 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
12.02.2024

Даромад, сарчашма, омил ва шаклҳои асосии ташаккули он

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти даромад қисми афзудаи арзиш (қимат)-и моли истеҳсолгардида нисбат ба хароҷоти истеҳсолкардаи он фаҳмида мешавад. Он ҳамчун нишондихандаи ниҳоии фаъолияти иқтисодии фирма, таҳти таъсири қонунҳои бозор, қарор дошта, бидуни таъсир (дахолат)-и давлат сурат мегирад. Дар ин ҷода, он ҳамчун фарқи харочот ва арзиши озоди бозорӣ баромад мекунад.

Даромад дар ду шакл – даромади пулӣ ва даромади моддӣ (натуралӣ, шакли молу маҳсулот) ташқил мегардад.

Даромади пулӣ ҳамчун даромади исмӣ (номиналӣ) дар шақлхои гуногун: музди қор, хақки меҳнати қоргарони кирояи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ёрдампулиҳо, имтиёзҳо, даромад аз хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, хаққи меҳнати коргарони кооперативҳо, муассисаҳо ва ғаӣра ташкил меёбад.

Қисми даромади исмие, ки баъд аз пардохтхои муқарраргардидаи хатмии давлат (андоз, суғурта, пардохти ҳақки хона, барқ, газ, об, телефон) боқӣ мемонад, даромади воқей (ре- алии)-и субъехтҳои иқтисодиро ташкил медиҳад. Он ҳамчун нишондихандаи муайянқунандаи тарзи хаёти инсон ва дараҷаи беҳбудии ҷомеа баромад мекунад.

Даромад дар сатҳҳои мухталифи иқтисод – хонавода, фирма, давлат, ҷаҳон (мегаиқтисод) ба сифати даромади субъектҳои иқтисодӣ, субъектхои бозор, агентхои иқтисодӣ (менеҷерон, роҳбарон) ва даромади институтхои иқтисодию молиявӣ ташкил меёбад. Доираи ташкилу густариши он ҳавзаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорию бизнес, бурунмарзӣ, бонкӣ, қарзӣ, молиявӣ ва ғайраро фаро мегирад.

Аз ин лиҳоз, шакл ва намудҳои гуногуни он фарқ қарда мешавад. Масалан:

  • даромади пулӣ, натуралӣ, муштарақ;
  • даромад аз фаъолияти фардии меҳнатӣ;
  • даромади инфиродӣ, оила, гуруҳ, коллектив;
  • даромади корхона, ширкат, ташкилот, муассиса;
  • даромади соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ;
  • даромади соҳаҳои алоҳида, ноҳияву вилоят, кишвару минтақа…;
  • даромади миллй;
  • даромади умумӣ, холис, муътадил ва ғайра .

Даромад ҳамчун фишанги таҳрикдихҳанда бо мақсади таъмини ҳавасмандию ангезаи фаъолияти субъект, агенту ин- ститутҳои иқтисодӣ ва сатхи баланди некуаҳволии ҷомеаи инсонӣ хизмат мекунад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов