Ҷомеаи шаҳрвандӣ
Давлати муосири ҳуқуқбунёд ва ичтимои бо мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ»пайванди ногусастани дорад.Тасаввурот дар чомеаи шаҳрванди аз таълимоти Арастую, Афлотун, Сисерон, мутафаккирони даврони Эҳё сар карда, то ақидаҳои файласуфон ва ҳуқуқшиносони имруза эволютсияи дурударозе ро тай кардааст.Истилоҳи «чомеаи шаҳрванди» аз асри 18 сар карда босуботона истеъмол мешавад, то ин вақт олимон давлат ва чомеаро чун воҳиди ягона барраси мекарданд.
ҷомеаи шаҳрвандӣ — чомеаст, ки дар он шаклҳои гуногуни моликият ва намудҳои фаъолияти иқти содӣ, ҳама замина барои ташвиқи қоидаҳои ғоявӣ, инчунин ягонагии муайяни фардӣ ва ҷамъиятӣ вуҷуд дорад. Маҷмӯи муносибатҳои ғайридавлатӣ ва ғайрисиёсӣ (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фардӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, оилавӣ, динӣ ва дигарҳо) мебошанд, ки озодона (мустақилона) амалӣ мешаванд ва ба ҳокимияти давлатӣ вобаста (тобеъ) нестанд.
ҷомеаи шаҳрвандӣ–чомеаи худидоракунандаест, ки аъзои он-одамони озод бо мақсади қонеъсозии
манфиатҳо ва талаботи худ мустақилона зиндаги ва меҳнат мекунанд ва дар назди гузаштаи таърихи, имрузу фардои инсоният масъулияти баланд эҳсос менамоянд.
Унсурҳои(таркиби)асосии чомеаи шаҳрванди инҳоянд:
-шахсият
-шаҳрвандон
-оила вагуруҳҳо
-табақаҳои ичтимои
-мактабҳо ва муассисаҳои дини
-иттиҳодияҳои чамъияти ва ҳизбҳои сиёси
-иттифоқҳои касаба ва созмонҳои ғайриҳукумати
-ВАО-васоити ахбори омма
Приинсипҳои (нишонаҳо, аломатҳои) ҷомеаи шаҳрвандӣ:
— Озодии иқтисодӣ, гуногуншаклии моликият, муносибатҳои бозорӣ.
— Эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи табии инсон ва шаҳрванд
— Хусусияти демократӣ ва қонунӣ доштани ҳокимияти давлатӣ.
— Баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун ва суд, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои шахсият
— Гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ
— Озодии сухан, мутбуот воситаҳои ахбори мустақил
— Дахолат накардани давлат ба ҳаёти шахсии одамон, ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии мутақобилаи давлат ва шахс
— Сиёсати иҷтимоии самарабахш, ки зиндагии арзандаи инсонро таъмин менамояд.