• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Фаъолони тоҷик/Чинор Имомов
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Чинор Имомов

35 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
22.12.2024

Имомов Чинор (Очилдӣ) Искандарович 16 октябри соли 1898 дар деҳаи Зебони волости Панҷакенти вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Ходими давлатӣ. Баъди  фавти падараш соли 1906 дар тарбияи оилаи  бешабони рус Василий Волков  қарор дошт. Мактаби русии маҳаллӣ, омўзишгоҳи чорсолаи шаҳри Самарқандро хатм (1917) ва дар Донишгоҳи коммунистии Ленинград (ҳоло Сангт–Петербург) таҳсил кардааст (1928-30).

Котиби созмони «Иттиҳоди меҳнаткашони мусулмон» (1918, Самарқанд), раиси Кумитаи инқилобии ҳизбии уездию шаҳрии Ўротеппа (Истаравшан, 1918-20), Кумитаҳои ҳизбии уездии шаҳри Ҷиззах ва Самарқанд (1920-22), котиби  масъули  кумитаи  ҳизбию уездии шаҳри Каттақурғон (1922-23), ҷонишини якуми раиси  Комиссияи маркази назорат (КМН) ва Комиссари халқии инспексияи коргару деҳқон (КХ ИКД)-и Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон (1923-24), узви Комиссияи маркази тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна, котиби масъули Бюрои ташкилии ҲК (б) Ўзбекистон дар ҶМШСТ, ҳамзамон намояндаи доимии ҶМШСТ дар Ўзбекистон (1924-27), Комиссари халқии маориф (1930-31), нигоҳдории тандурустӣ (1931-33) ва адлияи ҶШС Тоҷикистон (1933-35). Котиби масъули КИМ ҶШС Тоҷикистон (1933-35).

Котиби  масъули КИМ ҶШС Тоҷикистон (1935-1936). Мудири корҳои ШКХ ҶШС Тоҷикистон (1936-1937).

Соли 1937 ҳабс шуда, 1938 ба қатл маҳкум гардид. Пас аз марг сафед карда шуд (15.12.1956).

Чинор Имомов барои ташкил кардани мактабҳои тоҷикӣ ва нашри рўзномаву китобҳои тоҷикӣ  дар Туркистон, дар ташкил намудани нахустин рўзномаи шўравии тоҷик «Овози тоҷик» (1924) муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ; таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои калони истеҳсолӣ ва татбиқи Инқилоби маданӣ  дар Тоҷикистон саҳм гузошт.

Барои сохтани роҳҳои мошингарди Душанбе – Ҳисор-Регар – Душанбе – Кофарниҳон – Файзобод, Душанбе – Қурғонтеппа, Душанбе –  Кўлоб  ва  роҳҳи Тирмиз – Душанбе саъю талош варзидааст.

Чинор Имомов 14 октябри соли 1938 дар шаҳри Сахалин вафот кардааст.

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Чинор Имомов метавонем ин матолибро ҳам мурур кунед:

Насриддинов, В., Келдиев, И. Боли шикаста: Чанд саҳифа аз рӯзгори  сарбози  инқилоб  Чинор Имомов // Тоҷикистони Советӣ. –1988.  – 2 август.

Эшонқулов, У.  Роҳи ҳақ буд: Хотираи чанд оиди ҳаёт ва шахсияти  барпокунандаи  ҳокимияти Советӣ Чинор Имомов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. –19 октябр.

Ҳусайн, М. Нотакрор аст ҳар лаҳзаи таърих ё чанд сатри тарҷумаи ҳоли мо:  Дар бораи ду сурат. Аксҳои Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, А. И. Риков ва дигарон // Тоҷикистони Советӣ.  – 1989. – 19 январ.

Чинор Имомов-ифтихори мо. – Хуҷанд, 2008. –   47 с.

Мирзозода, И. Чинор Имомов  / Имомназар Мирзозода.  – Душанбе: Адиб, 2009. – 56 с.

Ҳошимзода, Я. Чинор Имомов        Бахшида ба 121- солагии яке аз барпокунандагони сохти Шӯравӣ дар Тоҷикистон Чинор Имомов // Тоҷикистон. – 2019. – 4 декабр.

Ориён, Ш.         Чинор Имомов: Нахустин роҳбари Тоҷикистон Чинор Имомов // Тоҷикистон. – 2020. – 22 январ.

Иброҳимӣ , И. Чинор Имомов Қаҳрамони эҳтирофнашудаи Тоҷикистон // СССР. – 2021.  – 16 декабр.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 82.

Tags:Чинор Имомов

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Исмоили Сомонӣ
  • Камоли Хуҷандӣ
  • Мирсаид Миршакар
  • Нурулло Алиев
  • Ҳомидҷон Зоҳидов
  • Озода Раҳмон
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов