• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ченаки миқдори иттилоотӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ченаки миқдори иттилоотӣ / Реферат

22 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
06.01.2024

Ченаки миқдори иттилоотӣ

Эҳтиёҷоти миқдори ченкунии иттилоотҳо дар просесси коркарди компютер ва хатҳои алоқа бо муайянкунии эҳтимолӣ – омории миқдори иттилоотҳо оварда расонд. Соли 1948 К. Шеннон дар кори «Назарияи математикаи алоқа» истилоҳи математикии миқдори иттилоотро дохил карда ва бо ин ба ибтидои назарияи иттилоот ҳамчун фанни техникӣ ва математикӣ саҳм гузошт.

Миқдори иттилоот, мувофиқи назарияи К. Шеннон, аз рӯи формулаи зерин муаӣян карда мешавад.

Дар ин ҷо n-миқдори ҳодисаҳои имконпазир: P-эҳтимолиятҳои ҳодисаҳои алоҳида: ба сифати асоси логарифт одатан адади дуро мегирад.

Ба ҳамин тариқ, эътирофи маҷмӯи ҳодисаҳое, ки ҳар яке аз онҳо боэҳтимолияти муаӣян ба вуқӯъомаданашон мумкин аст, якеаш дар ҳақиқат ба вуқӯъ омада, номуаӣяниро ба сифр меорад. Ин имконият медиҳад, ки бузургии Н ҳамчун ченаки миқдори иттилоотҳо дида шавад.

Барои ҳолати хусусӣ, вақте, ки ҳодисаҳо бо эҳтимолиятҳои якхела ба вуқӯъ меоянд, бузургии Н қимати максималиро қабул мекунад:

Дар асоси ин формула воҳиди ченкуниимиқдорииттилоотҳо -1 битҷорӣ карда мешавад, яъне 1 бит миқдори минималии иттилоотҳо буда, нишон медиҳад, ки яке аз ду ҳодисаи эҳтимолияташон якхела ба вуқӯъ омадааст:

H=

Бит аз ибораи англисии Binary digiT гирифта шудааст.

ҷорикунии мафҳуми миқдори иттилоотҳо ва воҳиди ченкуниионро ба мисолизерин шарҳ медиҳем. Дар вақти партофтани танга ду ҳодисаи эҳтимолияташон якхела руи доданашон мумкин аст: пешаш ё шушташ. Иттилоот дар барои он ки яке аз ҳодисаҳо, масалан, пешаш, рух додаст, номуаӣяниро ду маротибакам мекунад ва барои 1 бит иттилоот аст. Умуман, як бит иттилоотро ҳамчун иттилооте, ки номуаяниро ду маротиба кам мекунад, дида баромадан мумкин аст .

Дар вақти кодиронӣ асбобҳои техники нигоҳдошташаванда, гузаронанда ва коркарди иттилоотҳо бештар алифбоеро кор мефармоянд, ки танҳо ду рамзи гуногунро соҳиб аст. Масалан, нуқта ва тире дар вақти истифодаи алифбои Морзе; мавҷуд ё мавҷуд набудани сурохӣ дар лентаи қоғазӣ; мавҷуд будан ё набудани шиддат дар асбобҳои электронӣ. Аз назари математикӣ ҳамаи ин гуна таҷассуми гуногуни техники алифбои дурамзаро якхела ҳисобида, масалан, яке аз рамзҳоро ба сифру дигарашро ба воҳид шабоҳат додан мумкин аст. Дар ин маврид дар бораи тасвири дуии информатсияҳо сухан меронанд. Дар ин гуна тасвир ҳарфҳо, рақамҳо ва рамзҳо дигар бо калимаҳои дуй – пайдарпайиҳои сифр ва воҳид иборадбуда ифода меёбад. Агар бо сифр ва воҳид дар алифбои дуй бо эътимолияти якхела ба вуқӯъ омада онҳо (Р1 = Р2 = 1/2 ) – ро ҳисоб кунем, он гоҳ миқдори информатсия бо як рамз дар вақти қодирони дӯи бо

H=

баробар аст.

Ба ҳамин тариқ, миқдори информатсияҳо (бо битҳо), ки дар калимаи дуй мавҷуд аст, ба дарозии калима (ба миқдори рамзҳои дуй) баробар аст.

Бисёр вақт зарур мешавад, ки Н – ҳаҷми информатсияҳое, ки дар хотираи оперативии компутер ё диск мавҷуданд, чен кунем. Ба сифати ин гуна воҳиди ченкунии ҳаҷми хатира дар информатика байт қабул шудааст, ки он аз ҳашт бит иборат аст.Бо байтҳо ҳаҷми хотираҳои беруна ва оперативии

компутер, суръати ивазшавии информатсияҳо, андозаи программаҳо ва ҳаҷми информатсияҳо муайян карда мешавад.

Барои баҳодиҳии ҳаҷми калони информатсияҳо воҳидҳои ҳосилшавӣ — килобайтҳо, мегабайтҳо ва гигабайтҳоро истифода мебаранд:

1 Кбайт = 1024 байт

1 Мбайт = 1024 Кбайт

1 Гбайт = 1024 Мбайт

Дар техника ҳам ҳамин воҳиди миқдори ченкунии иттилоот – бит кор фармуда мешавад. лекин худи иттилоот ду маротиба навишта шуда бошад, он гоҳ ваӣ дар назарияи Шеннон на ҳама вақт тағӣир меёбад, аммо аз нуқтаи назари техникӣ ду маротиба меафзояд. Дар иттилоот мафҳуми иттилоот аз нуқтаи назари техникӣ дида баромада мешавад.

Бит барои нигоҳдории иттилоот воҳиди хеле қулаӣ мебошад, вале барои коркард на он қадар қулаӣ ба ҳисоб меравад. Бо коркарди иттилоот микросхемаи махсус, ки просессор ном дорад, машғул мешавад. ин микросхема ҳамин тавр сохта шудааст, ки дар як вақт гурӯҳи битҳоро коркард карданаш мумкин аст. Яке аз аввалин компутерхои шахсӣ Altair дорои протсессори ҳаштразряда буд, яъне дар як вақт 8 бит иттилоотро коркард менамуд. Ин нисбат ба ҳар як бит дар алоҳидаги кор кардан 8 маротиба тезтар аст. Аз ин сабаб дар информатика воҳиди нави ченкуни иттилоот –баӣт паӣдо шуд, ки он аз 8 бит иборат аст. Дар ҳар як бит рамзи 0 ё 1 нигоҳ дошта мешавад. ин воҳиди хурдтарини тасвири иттилоот аст.Дар назари аввал ҳаминтавр менамояд, ки модоме ки 1 баӣт = 8бит бошад, он гоҳ иттилоот 8 маротиба зиёдтар ниоҳ дошта шуданаш даркор аст. Аммо ин тавр нест, чунки дар бит мавқеи ҷоӣгиршавиибит муҳим аст. Масалан, баӣтҳои 10000000 ва 01000000 якхела нестанд, чунки онҳо гарчанде аз комбинатсияи сифр ва воҳиди ташкил ёфта бошанд ҳам, мавқеи ҷоӣгиршавиаш гуногунанд.

Дар вақти қодиронӣ алифбоеро кор мефармояд, ки танҳо аз ду рамз – сифр ва воҳид иборат аст. Бо ёрии 1 байт информатсия 28 = 256 рамзҳои гуногун аз 0 то 255-ро кодиронӣ кардан мумкин аст. Ба ҳар як рамз пай дар паии аз сифр ва иборат будаи худаш мувофиқ меояд.

Зарурати тартиб додани ҷадвали кодҳо ба миён меояд, ки дар он 256 сатр буда, мувофиқ омадани ҳар кадом байт ба рамз нишон дода шудааст.ҷадвали мазкурро ба ду тақсим карда, қисми аввалро стандартӣ номидаанд. қимси дуюмро стандарти миллӣ меноманд ва онро ҳар як мамлакат мувофиқи салоҳдиди худ кор мефармояд. Нисфи аввали ҷадвали кодҳоро ҷадвали байналхалқии ASCII (аски мехонанд) меноманд. Онро Донишгоҳи стандартизатсияи америкоии ASCII ҷорӣ кардааст. Дар ин ҷадвал ҳарфҳои калон ва хурди алифбои лотинӣ; рақамҳои арабӣ – 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; аломатҳои китобатӣ; рамзҳои амалҳои арифметикӣ ва дигар кодҳои махсус мавҷуданд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов