• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Чӣ гуна доғи падарро ба боғи падар табдил диҳем? / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Чӣ гуна доғи падарро ба боғи падар табдил диҳем? / Иншо

54 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
30.08.2022

Мавзӯъ: Чӣ гуна доғи падарро ба боғи падар табдил диҳем?

Нақша:

Муқаддима

  1. Чӣ гуна доғи падарро ба боғи падар табдил диҳем?

Хулоса

Падар бузугтарин ва меҳрубонтарин шахс дар ҳаёти мост. Падар ин нур ва соябони ҳар як хонадон аст. Мо бояд падари худро иззату эҳтиром кунем ва нагузорем, ки он кас ғамгин шаванд. Дар баъзе оилаҳо дар баробари фарзандони хубу ботарбия фарзандоне ҳам ҳастанд, ки бо рафтори бад, хислатҳои разил барои падару модар чун доғ гаштаанд. Лек онҳо набояд чунин кунанд, зеро падар моро бо фазилатҳои зиёд, шабу рӯз меҳнат карда, ба воя мерасонад. Ӯ дар дил орзу дорад, ки фарзандаш дар оянда шахси бузург шуда, ба халқу ватани худ содиқона хизмат мекунад. Мо набояд ба рӯйи орзуҳои ӯ хок пошем. Падар дар ҳар хондон азизу раҳбар аст. Чихеле ки шоири бузург мегӯяд:

Падар тоҷи сарам ҳастӣ,

Ягона гавҳарам ҳастӣ.

Дар ин дунё барои ман,

Азизу раҳбарам ҳастӣ .

Фарзанди бад доғи падар аст, вале ӯ хислатҳои бади худро партофта ба суханҳои падар ва калонсолон гӯш кунад, метавонад боғи падар шавад. Шахсоне ҳастанд, ки ба падар дӯғу даранг карда, ӯро дашном медиҳанд, меҳру муҳаббати падаро қадр намекунанд. Шахсоне низ ҳастанд, ки падарро надидаанд ва меҳру муҳаббати падарро надоранд. Ман ҳам чинин фарзандам, ки дар синни 13 – солагӣ аз падар маҳрум шудаам ва мехоҳам, ақаллан як маротиба ӯро дида ба оғӯш гирам ва ҳамаи дарди дили худро ба ӯ гӯям. Афсӯс, ки дигар ӯро намебинам. Агар Падарам дар олам мебуданд ман ба он кас доғ не, боғ мешудам ва дар ҳама маврид сари ӯро ба осмон мебардоштам: Падарам шаҳсутуни хонаи ман, дару дарвозаи кошонаи ман. Ман аз ин матни навиштаи худ ба хулосае омадам, ки падар дар ҳаёти ман шахси бебаҳо ва ҷои ӯро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, пас биёед, ӯро ҳурмату эҳтиром кунем, суханҳои ӯро рад накунем. Боғи падар шавем на доғи падар. Рӯзе мешавад, ки мо ӯро намеёбем.

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов