Бозори омилҳои истеҳсолот: хусусият ва вазифаҳои он
Захираҳои дар истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ иштироккунандаро омилҳои истеҳсолот меноманд. Дар илми иқтисодӣ чор гуруҳи омилҳои асосии истеҳсолотро ҷудо мекунанд:
- захираҳои инсонӣ (меҳнат);
- захираҳои табиӣ (замин);
- сармоя;
- фаъолияти соҳибкорӣ.
Ҳар яки аз ин омилхо дар низоми иқтисодӣ мавқеи худро дорад ва вазифахои муайянро иҷро менамояд.
Захираҳои инсонӣ – (ё ки қувваи коргарй, меҳнат) қоби лияти инсон дар ҳар як фаъолияти зеҳнӣ ва ҷисмонӣ мебошад, ки барои ба даст овардани неъматҳо равона карда шудааст. Нархи меҳнат ҳамчун музди кор баромад мекунад.
Захираҳои табии – неъматҳои табиие мебошанд, ки дар мавриди ба вуҷуд овардани мол ва хизматрасонӣ истифода бурда мешаванд. Дар илми иқтисодӣ вақте, ки сухан дар бораи захираҳои табиӣ ҳамчун омили истеҳсолот меравад бисёртар мафҳуми «замин»-ро истифода мебаранд. Нархи истифодаи замин рента мебошад.
Сармоя – ин захираҳои истеҳсолии бавуҷудовардаи одамон (мошина, иншоот, компютер, роҳи оҳан ва ғ.) мебошанд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат истифода бурда мешаванд. Зери мафҳуми сармоя инчунин пулро мефаҳманд, ки ба он омилҳои ҷисмонии истеҳсолот харида мешаванд. Музди истифодбарии чунин пул, ё ки сармояи пулӣ фоиз мебошад.
Фаъолияти соҳибкорӣ – ин маҷмӯи саъю кушишҳои меҳнати махсус: малакаҳои идоракунӣ ва ташкилотчигӣ мебошад, ки ба фирмаҳо барои истеҳсоли мол ва хазматрасонӣ заруранд. Вазифаи соҳибкор – бо тарзи самаранок ва сарфакорона бо ҳамдигар пайваст намудани се омили дар боло номбаршуда мебошад. Дар мавриди муваффақият ба даст овардан соҳибкор фоида мегирад, дар ҳолати нокомӣ – зарар мебинад. Фоидаи фаъолияти соҳибкорӣ – ин подош барои омили соҳибкорӣ мебошад.
Бозори захираҳо унсури муҳимтарини таркибии иқтисоди бозорӣ дониста мешавад. Сатҳи самаранок амал кардани бозори захираҳо аз оқилона истифода бурдани онҳо вобаста аст. Пас устуворӣ ва мувозинатии иқтисодиёт, натиҷаоварии кори фирмаҳо ва соҳибкорон бо амал кардани бозори захираҳо алоқаманд аст.
Аз ҷадвали гирдгардиши бозорӣ (ниг. ба боби 5; нақшаи 5.1) маълум аст, ки фирма дар бозори мол ва хизматрасонӣ ҳамчун таъминкунанда, дар бозори захираҳо бошад, ҳамчун харидор баромад мекунад. Таъминкунандагони захираҳо асо- сан хоҷагиҳои хонагӣ мебошанд. Дигар фирмахо низ ба ин сифат баромад карда метавонанд. Баъзе молҳоро соҳибкорон танхо ба соҳибкорони дигар мефурушанд: ашёи хом, маводхо, сузишворӣ ва ғайра, ки онҳоро инчунин маҳсулоти мобайнӣ ҳам меноманд. Маҳсулоти тайёркардашудаи ниҳоӣ ба истеъмолкунандагон фурухта мешавад. Хоҷагиҳои хонагӣ ба бозор пеш аз ҳама захираи асосӣ меҳнатро пешкаш менамоянд.
Бозори омилҳои истеҳсолот даромадхоро ба вуҷуд меоварад, ки ба ҳосилнокии ҳар як омил мувофиқ аст. Вобаста аз ҳолати бозори омилҳо фирма масъалаҳои: чӣ, чи тавр ва чи қадар? истеҳсол карданро ҳал менамояд.
Бозори омилҳои истеҳсолот ва бозори молу хизматрасонӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Фарқи ин ду намуди бозор, пеш аз ҳама, дар он дида мешавад, ки дар бозори мол ва хизматрасонӣ маҳсулоти барои истифодабарии ниҳоӣ тайёр, дар бозори захираҳо – шароити истеҳсолот хариду фуруш карда мешаванд. Чунин фарқиятро ба таври зайл ифода намудан мумкин аст:
- мол (маҳсулоти тайёр) дар ҷараёни истеъмолот. захира бошад – дар раванди истеҳсолот истифода бурда мешавад;
- миқдор ва сифати муайяни захира шароити истеҳсолотро ба вуҷуд меоварад, мол ва хизматрасонӣ бошад – натиҷаи истеҳсолотро.
Бозори захираҳо боз як қатор хусусиятҳои дигари хос дорад. Якум. истифодаи заҳираҳо хислати истеҳсолӣ дошта, пас харидорони захираҳо танҳо соҳибкорон, фирмаҳо (субъектҳои ҳоҷагидорй) шуда метавонанд. Дуюм. нархи заҳираҳо аксаран аз рӯи таносуби талабот ва таклифот ба мол муайян карда мешавад. Сеюм. дар таҳлили бозори захираҳо қоидаи асосии иқтисодиёт: «минимуми ҳароҷот ва максимуми натиҷа» фаъолона амал мекунад. Зеро аз риоя кардани ин қоида даромади соҳибкорон вобаста аст. Чорум. талабот ба захираҳо хислати маҳсулӣ дорад ва бевосита аз талабот ба маҳсулоти та вассути онҳо тайёркардашуда вобаста аст. Панҷум, талабот ба захираҳо на танҳо аз нархи онҳо, балки боз аз дараҷаи ҳосилнокии заҳираҳо вобаста аст. Масалан, талабот ба дастгоҳи пурмаҳсул нисбат ба дастгоҳи ҳисилнокиаш паст зиёдтар аст.
Маҷмуи бозорҳои заҳираҳо дар иқтисодиёт вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд: якум, ба самараноктар истеҳсол намудани мол ва ҳизматрасонӣ мусоидат менамоянд; дуюм, дар баробари зиёд намудани истеҳсоли мол ва ҳизматрасонӣ мусоидат мекунад, ки ҳакки заҳираҳои иқтисодӣ афзояд Ҳақди захираҳо даромади асосии моликонро зиёд менамояд.
Хусусияти бозори захираҳо тавассути қонуниятҳои ба худ хоси талаботу таклифот амалӣ мегардад. Талабот ба захираҳо маҳсулӣ (вобастагӣ) буда, аз талабот ба маҳсулоти бо истифодаи захираҳо истеҳсол шуда, манша мегирад. Яъне захираҳо талаботро мустақиман не, балки тавассути маҳсулоти тайёр қонеъ мекунанд. Пас, тағйирёбии талабот ба захираҳо низ андозаи маҳсулӣ аст: пеш аз ҳама аз тағйирёбии талабот ба маҳсулоти тайёр вобаста мебошад.
Талабот ба захираҳоро бизнес муайян мекунад. Миқёси захираҳо на фақат аз нархашон, балки боз аз ҳаҷми фуруши он молҳое, ки тавассути ин захираҳо истеҳсол шудаанд, вобаста аст. Агар ба мол талабот набошад, талабот ба захираҳо низ намешавад. Аз сабаби вобаста будани талабот ба захираҳо аз талабот ба маҳсулоте, ки тавассути онҳо тавлид гардидааст, тавсифи маҳсулӣ дорад.
Ба ҳаракати талабот ба захираҳо ҳосилнокии меҳнат ҳам таъсир мерасонад: агар афзояд, захираҳо бисёртар талаб карда мешаванд. Ҳар як воҳиди иловагии захираҳо афзоиши маҳсулот – маҳсулоти интиҳоӣ (дар ифодаи пулиаш – даромади интиҳоӣ)-ро таъмин мекунад. Дар баробари ин захираҳои иловагӣ афзудани хароҷотро – хароҷоти интиҳоиро талаб мекунад. Вале фирмаҳо кӯшиш мекунанд, ки хароҷоти истеҳсолотро кам кунанд. Барои ҳамин онҳо захираҳоро то он вақте зиёд менамоянд, ки даромади интиҳоӣ аз афзоиши он бо хароҷоти баробар мешавад. Агар даромади интиҳоӣ аз Хароҷоти зиёд шавад, талабот ба захираҳо меафзояд. Дар акси ҳол – талабот ба захираҳо кам мешавад.
Таклифоти захираҳои иқтисодиро хоҷагиҳои хонагӣ ба ҷо меоранд. Алалхусус, меҳнатро ба кирокунанда бевосита шахсони алоҳида – кирошавандаҳо пешкаш менамоянд. Миқёси таклифоти захираҳо аз нарх ва даромаде, ки моликони онхо (захираҳо) гирифта метавонанд, вобаста аст.
Аз он сабаб, ки захираҳо хариду фуруш карда мешаванд, онҳо нарх доранд. Масъалаи нархгузорӣ дар вақти омухтани бозори захираҳо нуқтаи марказӣ ба ҳисоб меравад. Зеро нархи захираҳо омили асосии ба даромади пулӣ моликони он (музди кор, фоиз, рента, фоидаи соҳибкорй) таъсиррасонанда аст. Нархгузорӣ ба захираҳо хусусиятҳои тамоми бозорҳои омилҳои истеҳсолотро ифода мекунад.
Нархи захираҳо чун дар ҳамагуна бозорҳо аз талаботу таклифот вобаста аст. Таклифоти заҳираҳо алоқаи мустақими байни нарх ва ҳачми ҳақикӣ мавҷуд будани онҳоро ифода мекунад. Талабот ба заҳираҳо алоқаи баръаксро байни нарх ва ҳачми заҳираҳо ифода мекунад. Агар нархи захираҳо баланд шавад, соҳибкор ё онҳоро дар миқёси кам меҳарад, ё ки онҳоро бо заҳираҳои нисбатан арзон иваз мекунад.
Талабот ва таклифоти омилҳои истеҳсолот тавсифи миқдорӣ ва арзиши доранд. Тавсифи миқдорӣ миқдор ва миқёси кормандон, мошина, замин ва ғайра ро муайян мекунад, ки дар бозор харида (миқдори талабот) ва фурухта (миқёси таклифот) мешавад. Тавсифи арзишиаш нархе мебошад, ки бо он воҳиди захираи мазкур эҳтимол фурухта шавад (нархи таклифот) ё ки харида шудааст (нархи талабот). Нархи талабот ба захираҳо асоси хароҷоти истеҳсолкунандаро ташкил медиҳад, нархи таклифот бошад, андозаи даромади истеъмолкунандаро тасвир менамояд. Маълум аст, ки ҳам тавсифи арзишӣ ва ҳам тавсифи миқдорӣ дар як вақт нишодиҳандаҳои талабот ва таклифот мебошанд. Масалан, миқдори шуғлварзидагон ва музди кор барои корфармо мутаносибан андоза ва нархи талабот ба меҳнат, барои кироягар – андоза ва нархи таклифоти меҳнат мебошад. Барои ҳар як намуди захира нарх ва андозаи он ифодаи аниқ дорад.