Боқӣ Раҳимзода (15 майи 1910, деҳаи Сорбоғ, ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон — 30 январи 1980, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шоир, Шоири халқии Тоҷикистон(1974), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1967)
Зиндагинома
Боқӣ Раҳимзода 15 майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини ноҳияи Ғарм ба ҳисоб меравад, таваллуд ёфтааст. Дар давраи кӯдакӣ бо амри такдир падари ӯ вафот кард. Баъди марги падараш, Боқӣ муддате дар хонаи амакҳояш — Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо ӯ дар мактаби кӯҳнаи деҳаашон cавод гирифтааст. Боқӣ Раҳимзода, ки худ табиатан бачаи зираку донишҷӯ буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби кӯҳнаро аз худ намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт. Баъди ташкил шудани мактабҳои шӯроӣ, ӯ аз ҷумлаи нахустин шогирдони болаёқати он мактаб буд. Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд (1931), баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд(1938) ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо (1941) бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби ӯ ҷой гирифта буд, аввалин шеърҳои солҳои 30-юм дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллахо чоп шуданд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист. Аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори ИН Тоҷикистон будааст ва дар ин ҷабҳа корҳои шоёнеро ба сомон расондааст. Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Боқӣ Раҳимзода дар баробари шоири ҳақиқӣ будан, инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовири Иттифоки нависандагони Тоҷикистонро дар уҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Боқи Раҳимзода 30 январи соли 1980 аз олам даргузашт. Дар «Боғи Устод Айнӣ» мадфун аст.
Эҷодиёт
Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмӯаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шудааст. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983), «Шеъру достонҳо» (1983) ва ғ. ба табъ расидаанд. Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тило» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974)-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Муаллифи либреттои «Духтаре аз Душанбе» (ҳамроҳи Шамсӣ Қиём) мебошад, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузоштааст. Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории ӯ дарак медиҳад. Ӯ миёни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хоса дошт. Осораш лабрези ғояҳои олии ватандӯстию интернатсионалӣ, дӯстию равобити халқҳо, андешаҳои волои гуманистӣ буда, ашъори абёти гуногунаш ҳамеша вирди забони хурду калонанд. Ашъори ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зелёный лист» (Маскав, 1963), «Путь солнечного луча» (1964), «Чудо» (1971), «С Крыши Мира» (Маскав, 1973) ва ғ. чоп шудаанд. Осори алоҳидаи адибони рус ва дигар халқҳои шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст. Борҳо вакили халқ дар порлумони замон интихоб шудааст. Бо бисёр нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.[