• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният / Реферат

51 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
03.01.2024

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Биотехнология просесси технологиест, ки бо истифодаи системаҳои биологӣ, ё худ организмҳои зинда сурат мегирад. Асоси биотехнологияро дастовардҳои навтарини соҳаҳои илми муосир – биохимия ва биофизика, микробиология ва биологияи молекулавӣ, муҳандисии генетикӣ, химияи антибиотикҳо, иммунология ва ғайра ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди он ки истилоҳи «биотехнология» нисбатан нав аст (солҳои 70 – ӯми асри 20 пайдо шудааст), одамон дар замонҳои қадим ҳам бо ин гуна просессҳо шинос буданд. Мисоли равшани он истифодаи хамиртуруш барои нонпазӣ, истеҳсоли ҷурғот, оби ҷав (пиво) ва ғайра.

Самтҳои асосии инкишофи биотехнологияҳои ҳозиразамон биотехнологияи тиббӣ, агробиотехнология ва биотехнологияҳои экологӣ мебошад.

Дар самти биотехнологияи тиббӣ таъсири просессҳои физикии ҳароратӣ, садоӣ, электромагнитӣ ва ғайраро ба узвҳои организми зинда муайян намуда, дар ин асос усулхои нави физиомуолиҷа инкишоф дода мешавад. Бо ин васила ба роҳу усули муолиҷаи ғайрианъанавӣ ва тибби халқӣ равшанӣ андохтан мумкин аст.

Биотехнология дар соҳаи дорусозӣ низ татбиқи васеъ дорад. Яке аз дастовард-ҳои муҳим дар ин самт ихтирои антибиотикҳо мебошад. Самти нав ва муҳими био-технологияи тиббӣ истеҳсоли витаминҳо, воситаҳои ташхисӣ, пластмассаҳои ҳалшаванда ва биоиловаҳои ғизоӣ мебошанд.

Яке аз муваффақиятҳои биотехнологияи асри 20 – истеҳсоли поруҳои маъданӣ ва пеститсидҳо мебошад, ки ҳосилнокии растаниҳоро баланд намуда ба «инқилоби сабз» замина гузошт. Вале, дере нагузашта маълум шуд, ки дар натиҷаи ин инқилоб маҳсулоти ғизоӣ ба нитратҳо ва заҳрхимикатҳо олуда шуданд. Дар натиҷа ба маҳсу-лоти «аз назари экологӣ тоза» эҳтиёҷ пайдо гардид, ки бо вуҷуди гаронии нарх талаботи бештар пайдо кардааст.

Биотехнологияи муосир яке аз воситаҳои муҳими ҳалли проблемаҳои экологӣ ба шумор меравад. Бо ин усул микроорганизмҳое истифода мешаванд, ки бо ёрии онҳо обро аз ғашҳои нафтӣ тоза мекунанд.

Яке аз шохаҳои муҳимтарини биотехнология, ки дар назди инсоният имконият-ҳои васеъ мекушояд, муҳандисии генетикӣ мебошад. Муҳандисии генетикӣ ҳамчун як бахши биологияи молекулавӣ солҳои 70 – ӯми асри 20 пайдо шуда, роҳҳои коркарди комбинатсияҳои нави ашёҳои генетикиро муайян менамояд, ки дар дохили ҳуҷайраҳо афзоиш ёфта, маҳсулоти ниҳоиро синтез мекунанд. Бо ин усул микроорганизмҳои трансгенӣ ҳосил карда шуданд, ки дар баробари гени бактерияҳо, гени организмҳои дигар, аз ҷумла, одамро низ доштанд. Дере нагузашта имкон пайдо гардид, ки бо роҳи синтези микробӣ моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, ки дар бофтаҳои растанӣ ва ҳайвонот мавҷуданд (масалан, инсулин барои касалии қанд), ҳосил карда шаванд.

Муҳандисии генетикӣ имкон медиҳад, ки организмҳои биологии нав — растаниҳо ва ҳайвоноти трансгенӣ ба воя расонида шаванд. Дар натиҷа соҳаи нави истеҳсолот – биотехнологияи трансгенӣ ба вуҷуд омад, ки ба коркард ва истифодаи организмҳои трансгенӣ машғул аст.

Дар шароити лабораторӣ коркарди микробҳои трансгении хосиятҳои гуногун дошта ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон истифодаи ин микробҳо дар муҳити кушод (дар табиат) қонунан манъ карда шудааст, зеро оқибати ин корҳо то ҳол номаълуманд.

Бо вуҷуди ин дар соҳаи коркарди растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳои трансгенӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар давоми 15 – 20 соли охир зиёда аз 25 ҳазор навъи растаниҳои трансгенӣ аз таҷрибаҳои саҳроӣ гузаронида шудаанд. Соли 2000 – ӯм дар ҷаҳон масоҳати кишти зироатҳои трансгенӣ ба 28 млн. га расида, ҳосили рӯёнидашуда ба 3 млрд. доллар расида буд.

Зиёда аз 25 сол мешавад, ки байни тарафдорон ва муқобилони организмҳои трансгенӣ баҳсу мунозира давом дорад. Аз ин сабаб зарур аст, ки муносибатҳо дар соҳаи биотехнологияҳои нави муҳандисии генетикӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шавад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов