Бинокорӣ ва Меъморӣ
Дар асри XVIII Осиёи Миёна буҳрони шадиди иҷтимоиро аз сар гузаронид. Аз ҳам пошидани пояҳои давлатдорӣ, харобии шабакаҳои обрасон, поин омадани ҳосили зироат, гуруснагӣ ва бемориҳои мухталиф, ҳуҷуми саҳронишинон ба шаҳрҳои аморати Бухоро ва дигар омилҳо боис шуд, ки фаъолиятҳои бинокорӣ тақрибан қатъ шавад. Танҳо дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар қаламрави аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд эҳёи фаъолиятҳои меъморӣ ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, дар нимаи аввали асри XIX сатҳи рушди ҳунари меъмории Осиёи Миёна, алалхусус, сохтмони биноҳои бошукӯҳ пойин буд. Бо ҳамин сабаб аз ёдгориҳои меъмории ин давра то замони мо теъдоди каме боқӣ мондаанд. Дар ин давр бинокорӣ асосан дар шаҳрҳои марказӣ, мисли Бухоро, Самарқанд, Хӯқанд ва шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон, Хуҷанд, Истаравшан ва гоҳе дар деҳоте, ки он ҷо маконҳои муқаддас буданд, идома пайдо кард.
Ба меъмории ин замон аксар хусусияти бузургандозаӣ ва шукӯҳу ҷалоли зоҳирӣ хос буд. Ин меъморӣ аз дастовардҳои нав маҳрум буда, бо сифати паст ба анҷом мерасид. Дар замони буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ идомакорӣ ва пайдарпайии малакаи бинокорӣ канда шуда, асрори тайёр намудани кошинҳои хотамкоришуда ва парчинҳои гуногунранг фаромӯш гардид.
Аз биноҳои боқимондаи ин давр мадрасаи Халифа Ниёзқул, ки бештар бо номи Чорманор (1807) машҳур аст ва силсилаи иморати Халифа Худойдод дар Бухоро диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. Ҳар як манораи Чорманор бо гунбази фирӯзаӣ пӯшонида шудааст.
Дар Самарқанд якчанд биноҳои калон сохта ва ё сохтмони нотамоми иморатҳои куҳна анҷом шуданд. Масалан, дар миёнаи асри XIX дар таҳкурсии қаблӣ бинои масҷиди Ҳазрати Хизр сохта шуд (намуди ҳозираи бино дар натиҷаи азнавсозии соли 1915 пайдо шудааст).
Дар ҳамин давра дар Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Панҷакент ва дигар шаҳрҳо низ иморатҳои бисёр қомат афрохтанд. Масалан, масҷид ва якчанд мадрасаҳои начандон калон дар Хуҷанд сохта шуданд, қисман масҷиди Шайх Муслиҳиддин, мақбараи Тӯпхона ва масҷид дар Чорбоғ таъмир гардиданд. Хуҷанд дар нимаи аввали асри XIX ҳашт дарвоза дошт, ки роҳи ҳар яки он ба маркази шаҳр мебурд. Маркази косибию тиҷоратии Хуҷанд бозори Панҷшанбе ба ҳисоб мерафт, ки дар маркази қисми шарқии шаҳр ҷойгир буд Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо ин дар ин давра дар Хуҷанд 146 маҳалла, 150 чойхона ва 47 мадраса мавҷуд буд. Деворҳои атрофи шаҳри Хуҷанд ва Истаравшанро тез-тез таъмир мекарданд.
Аз ёдгориҳои меъмории Истаравшан бинои мадрасаи Рустамбек қобили зикр аст. Ин бино солҳои 50-уми асри XIX аз тарафи ҳокими ин мулк Рустамбек сохта шуда буд.
Бухоро. Чорманор.
Бинои мазкур дуошёна буда, 49 ҳуҷра дошт. Дар ду гӯшаи пеши мадраса ду манор сохта шуда буд. Пештоқи мадраса бо пораи кошини сурху кабуд ва сафед ороиш дошт. Дар ду тарафи пештоқи мадраса тасвири ду ҳайвон ба назар мерасид, ки ба паланг ё аспҳои афсонавӣ монандӣ доштанд. Аз сохтмонҳои калони онвақтаи Истаравшан мадрасаи Намозгоҳ, Айвони Тиллокорӣ дар пойтахти қароргоҳи ҳоким дар болои Муғтеппа, ҳаммом, корвонсарой ва масҷид бино ёфта буданд.
Дар ҳамин давра баъзе иморатҳои Регистони Ҳисор (Мадрасаи Нав), дар Панҷакент Мадрасаи Миролим Додхоҳ сохта шуданд. Дар Конибодом Мадрасаи Ойим бино гардид, ки бо ҳуҷраҳо иҳота шуда буд. Дар қисмати марказии шаҳри Исфара дар охири асри XVIII Мадрасаи Сарибозор, ки аз се ҷониб бо ҳуҷраҳо иҳота шуда буд, қомат меафрозад.
Дар нимаи аввали асри XIX дар ноҳияҳои кунунии Тоҷикистон қалъаҳо ва қасрҳо сохта мешавад. Ба чунин ёдгориҳои меъморӣ қалъаи беки Бешкент дар Шаҳритӯс, қалъаи Кистакӯз, Сариҳисор (дар деҳаи Чоркӯҳ) ва қалъаи Сарводаро (водии Фондарё) метавон шомил кард. Ин замон дар Помир як теъдод қалъаҳои начандон калон, ки ба ҳокимони маҳаллӣ тааллуқ доштанд, мисли қалъаи Панҷ, Роштқалъа дар Шуғнон, Барпанҷа дар Вахон ва Қалъаи Бовар дар Рӯшон низ ҳифз шуда буданд. Ҳамаи ин қалъаҳо деворҳои баланди муҳофизатӣ бо дарвозаҳо доштанд, ки дар дохили он хонаҳо ва сохтмонҳои дигари хоҷагӣ мавҷуд буданд. Дар ин қалъаҳо сокинони деҳаҳои наздик дар замони нооромиҳо ва ҷангҳои дохилӣ паноҳгоҳ меҷустанд.
Дар хонии Хӯқанд низ бинокорӣ вусъати зиёде пайдо карда буд. Дар шаҳрҳои ин мамлакат бисёр иморатҳои муҳташам, қасрҳо, корвонсарой, ҳаммом, қалъаву манораҳо, инчунин, масҷиду мадраса ва мақбараҳо сохта шуданд. Аз биноҳои бошукӯҳи ин давраи Хӯқанд мақбараи Модари Хон ва Дахмаи Шоҳон ҷолибанд. Тақрибан дар як вақт бо ин биноҳо масҷиди Хонақоҳ дар Марғелон ва масҷиди Чинорлик дар Хӯқанд, мақбараи Хуҷам Қабрӣ дар Намангон ва дигар биноҳо сохта шудаанд. Сарфи назар аз баъзе ҷиҳатҳои норасоии биноҳои мазкур, меъморон дар сохтмони онҳо асосан анъанаи меъмории давраи асри миёнаи Фарғонаро давом додаанд.
Аммо дар бинокории оммавӣ қатъи анъана ва таназзул мушоҳида намешавад. Баръакс, маҳз дар ин давра навъҳои маҳаллии манзилҳои Осиёи Миёна комилан ташаккул меёбад. Зимнан, дар тарҳ, ороиш ва масоҳат ду навъ бино – манзили одамони давлатманд ва манзили одамони камбағал аз ҳам тафовути ҷиддӣ пайдо мекунанд. Чор тарафи манзилгоҳ бо деворҳои баланд иҳота мегардиданд. Ба тақозои иқлим дар ҳар манзилгоҳ саҳни ҳавлӣ аҳамияти калон дошт, зеро сокинони он аксаран рӯзҳои солро дар зери сояи дарахтон мегузаронданд.
Ҳавлӣ аз ду қисмат иборат буд: ҳавлии дарун ва ҳавлии берун. Дар ҳавлии дарун хонаи зист, ошхона ва ғайра ҷой мегирифт. Дар ҳавлии берун одатан саисхона, меҳмонхона, дарвозахона ҷойгир мешуд. Гоҳе ҳавлии хурди махсуси хоҷагӣ ва қитъаи боғро ҳам ҷудо мекарданд. Аксаран дар пеши хонаҳо айвон месохтанд. Биноҳо на фақат якошёна, балки дуошёна ва гоҳо сеошёна ҳам бунёд мегардиданд.
Дар бинокориҳои деҳот ҳавлӣ ва қитъаи боғ бо деворҳои баланди гилӣ иҳота гардида, работ ва ё қӯрғон аксар вақт зеварбандӣ карда мешуд. Беҳтарин намунаҳои чунин манзилҳо дар Самарқанд боқӣ мондаанд.
Хонаву айвонҳо чунон сохта мешуданд, ки касро дар тобистон аз гармо ва зимистон аз сармо муҳофизат мекарданд. Хонаи зист ғайр аз дари асосӣ, дарича ва тобадон ҳам дошт, ки барои равшанӣ ва тоза кардани ҳавои хона хизмат мекард. Дар даруни хона барои хӯрокпазӣ ошхона ҷудо мекарданд, ки оташдону мӯрӣ дошт. Барои гарм шудан дар фасли зимистон дар хонаҳо сандалӣ мавҷуд буд.
Барои ороиши қисмати дохилии сохтмон тамоми навъҳои ҳунари амалии мардум, мисли кандакории чӯб, гаҷкорӣ, нақшунигор ва ғайра истифода мешуд, аммо ин ҳама зебоӣ ба қасрҳо ва манзили одамони доро мутааллиқ буд. Мардикороне, ки барои онҳо хизмат мекарданд, дар кулбаҳои ҳақирона, баъзан дар таҳхонаҳо мезистанд.
Сарчашма:
Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар «Таърихи Ҳумоюн» дар бораи мадрасаҳои вилояти Ҳисор менависад: «Дар ин вилоят ду мадрасаи сангини ҷасиму рафеи дуошёна, муштамил бар ҳуҷуроти сангин ва як хонақоҳи ҷумъа ва идайнхонии сангин дорад дар муозии қӯрғон. Ва як мадрасаи чӯбин машҳур ба Чашмаи Моҳиён низ мавҷуд аст. Ва чанд адад мадрасаи кӯчаки дигар низ дорад…».
Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Таҳиягар Ҷ. Назриев, Душанбе, 2006, саҳ.124.
Савол ва супориш:
1) Чӣ сабаб шуд, ки дар нимаи аввали асри XIX фаъолиятҳои бинокорӣ тақрибан қатъ шавад?
2) Хусусиятҳои меъмории ин замонро баён кунед?
3) Кадом ёдгориҳои меъмории Бухорои ин давраро медонед?
4) Дар бораи ёдгориҳои меъмории Хуҷанд ва Истаравшан маълумот диҳед
5) Дар нимаи аввали асри XIX дар ноҳияҳои кунунии Тоҷикистон кадом қалъаҳо бино шуданд?
6) Дар бораи бинокории Хӯқанд маълумот диҳед.
7) Ин замон бинокории оммавӣ чӣ гуна сурат мегирифт?