• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Барқарории давлати ҳуқуқбунёд иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Барқарории давлати ҳуқуқбунёд иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

54 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
13.02.2024

Барқарории давлати ҳуқуқбунёд иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.БАРҚАРОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ИҶТИМОӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳар мамлакат рушди ормонҳои давлатдории демократӣ ва принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба махсусиятҳои ватанӣ такя карда, аз шароитҳои ташаккулёфтаи таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, хусусиятҳои шуур ва мавқеи фаъолонаи аҳолӣ вобаста аст. Баъди эълон шудани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ба сохтани давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона намуд.

Тоҷикистони ҳозираи соҳибистиқлол ояндаи худ ва тақдири шаҳрвандони хешро дар давлати пуриқтидори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ мебинад, ки дар ташаккули онҳо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бояд нақши махсус бозад. Он асосҳои ҳуқуқиро гузошта, дурнамои рушди ҷамъиятӣ ва барқарории давлатдории замони ҳозираро муайян намуд.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳо, унсурҳо ва аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд пурра таҷассум ёфтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунавӣ ва ягона мебошад.

Моддаи 1-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 10-и Конститутсия яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд- волоияти қонунро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ таҳким мебахшад. Мувофиқи моддаи мазкур Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёди дар назди шаҳрвандони худ масъул ба зиммаи худ ӯҳдадориҳои конститутсионии таъмини ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кафолати риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро гирифтааст.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Қисми 3-и моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи моддаи 17-и Конститутсия давлат ба ҳар кас, катъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурй раво дониста мешавад. Боби алоҳидаи 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Ба сифати асосҳои ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 9 принсипи тақсими ҳокимиятҳоро таҳким бахшидааст. Сардори давлат ва ҳамзамон сарвари ҳокимияти иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳокимияти иҷроияро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарор (парламент) – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Ҳокимияти судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба амал мебароранд.

Ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар фаъолияти худ кафолати Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин кунанд. Мувофиқи моддаи 64-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Санадҳои меъёрии аз ҷониби мақомоти ҳокимияти қонунбарор қабулшаванда бояд бо ғояҳои инсондӯстдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо фарогир бошанд. Дар таъмини ҳуқуқҳои инсон мақомоти ҳокимияти иҷроия, махсусан мақомоти ҳифзи Ҳуқуқ, бояд нақши калон бозанд.

Тибқи моддаи 84-и Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқ ва озодиҳои шахсият, манфиатҳои давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолияти ҳокимияти маҳаллӣ, прокуратура, ҳамчунин комитетҳо, шуъбаҳо, идораҳои махсус таъсисёфта, ки бояд ҳуқуқу озодиҳои категорияҳои гуногуни аҳолиро ҳифз намоянд, нигаронида шудаанд.

Тоҷикистон ҳамчунин роҳи бунёди давлати иҷтимоиро эълон доштааст.

Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моддаи 1 -Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меъёрҳо ва арзишҳои дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда дар ташаккули институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозанд. Чунончи, нуқтаҳои алоҳидаи конститутсионӣ дахлнопазирии шахсият ва ҳаёти шахсии инсон, гуногунрангии идеологӣ ва сиёсӣ, Ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, фаъолияти озодонаи иқгисодй, соҳибкорӣ, ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат, ҳуқуқ ба мутгаҳидшавй, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ ва ғайраро эътироф мекунанд.

Дар Тоҷикистони имрӯза васоити мустақили ахбори омма, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолона рушд мекунанд. Аммо раванди барқарорӣ ва рушди давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуру дароз ва мураккаб асг. Вай аз бисёр омилҳои сиёсӣ, иқгисодй, иҷтимоӣ, ҳамчунин аз мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ ва масъулиятнокии ҳар як инсони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагикунанда вобаста аст.

 

Савол ва супоришҳо:

1.Мундариҷаи моддаи 1-Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки давлатро ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ эълон кардааст, баррасӣ намоед ва ишрҳ диҳед.

2.Кадомунсурҳо ва ҷиҳатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсияи имрӯзаи Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд?

3.Таърихи барқарории давлати тоҷиконро ба хотир оред ва муайян намоед, ки Тоҷикистони имрӯза бо кадом ҷиҳатҳо аз давлатҳои қадимаи тоҷикон фарқ мекунад?

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов