• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Балоғати ҷинсӣ. Тавсифи давраи наврасӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Балоғати ҷинсӣ. Тавсифи давраи наврасӣ

49 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
09.02.2024

Балоғати ҷинсӣ. Тавсифи давраи наврасӣ

Балоғати ҷинсии писарбачаҳо. Калон шудани андозаи мояҳо ва узвҳои берунии ҷинсии писарбачаҳо – нахустин нишонаҳои балоғати ҷинсии онҳо мебошад. Дар мояҳо нутфаҳо болиғ шуда, ҳормони ҷинсии нарина ҳосил мегардад. Вай ба хун дохил шуда, бо таъсири он нишонаҳои дуюмини ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд, яъне дар зери шикам (зери ноф), зери бағал ва рӯй мӯй баромада, скелет (писарбача соле 10 см қад мекашад) ва мушакҳояш ба зудӣ инкишоф меёбад. Китфҳояшон васеъ шуда, косашон танг мемонад. Ин ба пайкари писарбача шакли мардона мебахшад. Тағояки сипаршакл калон шуда, тағйир меёбад, овоз бештар паст – «куллан дигар» мешавад. Бо таъсири ҳормони ҷинсӣ тарашшӯҳи ғадудҳои пӯст, хусусан пӯсти рӯй ва тахтапушт пурзӯр мегардад.

Ҳосилшавии нутфа аз синни 14-солагӣ cap мешавад. Ихроҷ беихтиёронаи нутфа аксар дар вақти хоб ба амал омада, эҳтилом ном дорад. Эҳтилом аз он шаҳодат медиҳад, ки мояҳо мӯътадил инкишоф меёбанд, яъне писарбача ҷавонмард мешавад. Дар организми мард нутфа ва ҳормонҳои ҷинсӣ то 50-55 солагӣ ба вуҷуд омада, баъд тадриҷан қатъ мегарданд.

Балоғати ҷинсии духтарбача. Дар синни 10-солагӣ ҳормонҳои ҳипофизи духтарон зиёдтар шуда, боиси сабзидани тухмдонҳо мегардад. Дар тухмдонҳо ҳормонҳои ҷинсии модина ҳосил шуда, бо таъсири онҳо нишонаҳои дуюмини ҷинсии занона инкишоф меёбанд: ғадудҳои шир пайдо мешаванд, зери нофу бағал мӯй мебарояд. Дар ин давра инчунин скелети духтарон калон мешавад, вале баръакси ҷавонписарон коси духтарон васеъ шуда китфҳояшон хурд мемонад. Тахминан пас аз ду соли ҳайзбинии духтарон – нишонаи дар фолликули тухмдон болиғшавии тухмҳуҷайра ба миён меояд. Давраи ҳайзбинии духтарони наврас номунтазам буда, баъзан якчанд моҳ қатъ мегардад ва он набояд ташвишовар бошад. Давраи ҳайзбинӣ баъд аз 2-3 -сол боз доимӣ мегардад. Дар байни 45-55-солагӣ менопауза – давраи аз ҳайзмонӣ фаро мерасад. Ҳайзбинӣ номунтазам – кӯтоҳ ё дарозмуддат шуда, баъд тамоман нест мешавад.

Тавсифи давраи наврасӣ. Ҳангоми наврасӣ дар организм тағйирот ба вуҷуд омада, болиғшавии ҷинсӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳиро омода месозад. Ба ин давра духтарон аз 12 то 15-солагӣ ва писарон аз 13 то 16-солагӣ мерасанд. Вале давраи ташаккули организм ва шахсият бисёр сол давом меёбад. Сабзиш ва инкишофи наврасон ғизои хушсифатро талаб мекунад. Дар гизо бояд сафеда, чарб, карбогидрат, қанд, намакҳои минералӣ ва витаминҳо бошанд.

Меҳнати ҷисмонию фикрӣ, машғулияти варзишӣ, корҳои ҷамъиятӣ ба инкишофи мутаносиби наврасон, тарбияи одамони солиму бардам, далеру рӯҳияашон қавӣ мусоидат мекунад.

Тамокукашӣ ва истеъмоли машруботи спиртӣ инкишофи фикрӣ ва ҷисмониро суст мекунад. Аз тамокукашӣ фаъолияти системаи асаб, дил, рагҳои хунгард, ҷигар ва системаи афзоиш хароб мегардад.

Тамокукашӣ ҳусни духтаронро безеб мекунад. Агар онҳо тамоку кашанд, пӯсташон зард ё сафедча шуда, чандирӣ ва тароваташро гум мекунад. Дандонҳои тамокукашон зард ва даҳонашон бадбӯй мешавад. Тамокукашӣ системаи асабро заиф сохта, одамро тундмиҷоз ва дар робита нофорам мегардонад.

Машруботи спиртӣ организми наврасонро ниҳоят хароб карда, инкишофи асаб ва ҷисмонии онҳоро боз медорад. Ҳанӯз 400 сол қалб аз ин олим, файласуф Эрамз Роттердамский гуфта буд, ки шароб ва пиво ба саломатии писарбачаҳо зарар расонда, онҳоро бадахлоқ месозад. Лунҷи овезон, чашмони бенур, ақибмондагии фикрӣ, пирии бармаҳал натиҷаи шаробнӯшии доимӣ мебошад.

Истеъмоли машруботи спиртдор боиси худро идора карда натавонистани ҷавонон мегардад. Ҳатто миқдори ками машруботи спиртӣ одамро беҳаё, ҳисси нафрат ва бехатарии онро суст мекунад. Беҳуда нест, ки ҷиноятҳо аксаран ба мастӣ вобастаанд.

Наврасон, на кӯдаканду на калонсол, тарашшӯҳи баланди ҳормонҳои ҷинсӣ боиси пурҷӯшӣ, беқарорӣ ва изтироби шарҳнопазир мегардад. Наврасоне, ки дуруст тарбия нагирифтаанд ва худро идора карда наметавонанд, ба ҳар баҳона бо падару модарон, муаллимон низоъ карда, мекӯшанд мустақилияти беҳудаи худро исбот кунанд. Наврасон дар ин синну сол хислату хусусиятҳои зиёди шахсӣ, малакаи назорати кирдори шахсӣ, бо рафтору майлашон идора кардани худро ҳосил мекунанд.

Дар давраи балоғати ҷинсӣ дар муносибати байни наврасон тағйироти муайяне ба миён меояд: рағбати ҷинсӣ пайдо шуда, тарафайн мекӯшанд, ки ба якдигар маъқул шаванд. Писару духтари ба ҳам дилдода қадрас мешаванд ва ба ақди никоҳ медароянд. Акди никоҳ – иттифоқи баробарҳуқуқии ду навҷавони баркамолест, ки давлат онро қонунӣ кардааст: ҷавонон қодиранд оила ташкил карда, тифлонро ба дунё оварда онҳоро якҷоя тарбия намоянд, ба камол расонанд, якҷоя умр ба cap баранд ва шарики душворию шодкомиҳои ҳамдигар бошанд.

Саволҳо:

  1. Хусусиятҳои балоғати ҷинсии писарон кадомҳоянд?
  2. Давраи балоғати ҷинсии духтарон чӣ хусусият дорад?
  3. Чаро ва чӣ хел рафтори наврасон дар давраи балоғати ҷинсӣ тағйир меёбад?
  4. Дар ин давра рафтори худро чӣ хел бояд идора кард?
  5. Ба инкишофи мӯътадили наврасон кадом шароит мусоидат мекунад?
  6. Тамокукашӣ ва машруботи спиртдор ба наврасон чӣ зарар дорад?
  7. Кай ва кӣ бояд ақди никоҳ кунад?

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов