• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Ба хизмати Модар-Ватан содиқ мемонем!
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ба хизмати Модар-Ватан содиқ мемонем!

18 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.02.2024

Ба хизмати Модар-Ватан содиқ мемонем!

“Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд”. 

Эмомалӣ Раҳмон

Шуҳрати Мустафо ҷавоне мебошад, ки  аз овони хурдсолӣ муҳаббати хизмат дар сафи Артиши миллиро дар дили худ мепарварид. Вақте падараш дар сари дастурхон аз лаҳзаҳои хотирмонаш дар хизмати ҳарбӣ ба фарзандон қисса мекард, ҳамаи ин ёддоштҳои падарро Шуҳрат мешунид ва ба худ қавл медод, ки  вақташ расад, ба мисли падар рисолати ҷавонмардиро дар назди давлату миллат ба ҷо меораду муҳофизи ҳар порча хоки Ватан мегардад.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро довталабона ба Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав супорида,  номи пуршарафи донишҷӯро сазовор мегардад. Вақте дар донишгоҳ таҳсил мекард, бо дониши аъло ва рафтори намунавиаш байни ҳамсабақон эҳтироми хоссаеро доро буд. Шӯҳрат  ҳамеша ҳадафашро аз мактаби мардонагӣ гузаштан дониста, хизматро дар Артиши миллӣ  барои худ қарзи ҷонӣ меҳисобид.

Агар мо имрӯз дар фазои амну осуда умр ба сар мебарем, гувоҳи он аст, ки фарзандони сарсупурдаи миллат шабу рӯз марзҳоямонро посбонӣ мекунанд. Онҳо барои осоиши мардуми кишвари азизамон саъй доранд, то ягон нохалафу бадкоре ҳадафи номатлуби хешро амалӣ насозад.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар ҷомеа бисёр кам ҷавононеро вомехӯрем, ки дар замири хеш ҳисси хештаншиносию меҳанпарастӣ ба монанди Шуҳрат  доранд.

Ӯ баъди хатми донишгоҳ бо азми қавӣ ва сари баланд довталабона  ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рафта,  тӯли як сол адои хизмат намуд ва бо ифтихор назди волидайн баргашт.

Худи Шуҳрат мегӯяд: “Ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл мерос мондааст ва мо бояд идомадиҳандаи ин мероси ниёгонамон бошем. Бояд қайд кард, ки дар вуҷуди ҳар нафаре ҳисси ватандӯстӣ ҷой дошта бошад, кӯшиш мекунад,  бо хизмате қарзии фарзандии хешро дар назди Ватан заррае ҳам бошад, иҷро кунад”.

Дар ҳақиқат, ҳар як волидайн бояд қарзи худро назди фарзанд адо намояд. Шароити хубу мусоид фароҳам оварад, то ки фарзандон соҳиби илму маърифат, касбу ҳунар гардида,  қавииродаю суботкор ба воя расанд. Оилаи Раҷабов Мустафо аз оилаҳое мебошад, ки барои тарбияи фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳо тамоми шароитро муҳайё сохтааст.

“Беҳтарин туҳфаи ҳар волидайн ба ҷамъият ин фарзанд аст. Фарзанде, ки бо донишу маҳораташ  парчамбардори кишвар ва муаррифгари волидайн бошад. Писари ман баъди хатми донишгоҳ қарор дод, ки ба сафи Артиши миллӣ рафта, хизмати Модар- Ватанро адо намояд. Ба ин қарори фарзандам зид нагардида, донистам, ки қарори писарам  дуруст аст”, – иброз дошт Раҷабов Мустафо, падари Шуҳрат.

Ба таъкиди падари ин сарбоз бояд ҳар як ҷавони бо нангу номус ба хизмати ҳарбӣ рафта, муҳофизатгари  ҳар порча хоки Ватан бошад. Ӯ гуфт: “Мо бояд фарзандонамонро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем, то дар оянда муҳофизатгари Ватани хеш гарданд. Ман аз ҳар як ҷавоне, ки синнашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст, даъват ба амал меорам, ки ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи ҷавонмардонаи худро адо намояд”.

“Ҳамаи мо дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбон бошем. Бо дилу ҷон ба Ватан хизмат карда, доимо бар он мекӯшем, ки дар кадом соҳае, ки фаъолият менамоем, баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар талош намоему саҳмгузор дар рушди ватан бошем”, – гуфт дар интиҳои суҳбат Шуҳрат.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов