«Бӯстон»
Саъдӣ пас аз сафари тӯлонӣ, пас аз дидану шуниданҳо ба диёр омад ва ба иншои «Бӯстон» оғоз кард. Ҳамин тавр ӯ «Бӯстон»-ро дар тӯли як сол (соли 1257) ба анҷом расонд. Дар ин бора дар оғози «Бӯстон» Шайх Саъдӣ чунин мегӯяд:
Ба рӯзи ҳумоюну соли сайд,
Ба таърихи фаррух миёни ду ид.
Зи шашсад фузун буд панҷоҳу панҷ,
Ки пур гашт ин номбардор ганҷ.
Соли 655-и ҳиҷрӣ баробар аст ба 1257 мелодӣ. «Бӯстон» ба вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф ва мақсур иншо шудааст. Ҳар байти он аз ҳашт рукни фаулун, фаулун, фаулун, фаул таркиб ёфтааст.
Раият чу беханду султон дарахт,
Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.
Фаулун, фаулун, фаулун фаул
Асар аз чаҳор ҳазор байт иборат буда, аз даҳ фасл таркиб ёфтааст. Саъдӣ дар оғози асар бобҳои асарашро ба тариқи назм ёд кардааст:
Чу ин кохи давлат бипардохтам,
Ба ӯ даҳ дар аз маърифат сохтам.
Яке боби адл асту тадбиру рой,
Нигаҳбонии халқу тарси Худой.
Дуюм боби эҳсон ниҳодам асос,
Ки мӯҳсин кунад фазли Ҳақро сипос.
Савум боби ишқ асту мастиву шӯр,
На ишқе, ки банданд бар худ ба зур.
Чаҳорум тавозӯъ, ризо — панҷумин,
Шашум зикри марди қаноатгузин.
Ба ҳафтум дар аз олами тарбият.
Ба ҳаштум дар аз шукр бар офият.
Нӯҳум роҳи тавбаст — роҳи савоб,
Даҳум дар муноҷоту хатми китоб.
Баъд аз ин Саъдӣ ба хонандагон муроҷиат намуда, дар бораи моҳияти «Бӯстон», аҳамияти асар байтҳои пурқимат меорад:
Ҳамоно, ки дар Порс иншои ман,
Чу мушк аст беқимат андар Хутан.
Гул овард Саъдӣ сӯи бӯстон,
Ба шӯхӣ чу филфил ба Ҳиндуситон.
Шоир дар байти аввал камоли хоксориро ба ҷо оварда, таъкид менамояд, ки асари ман дар диёри Порс, диёри фозилону доноён чандон арзишу қимат надорад. Ин монанди он аст, ки дар Хутан, дар сарзамине, ки мушку анбар мерӯяд, мушк беқадр аст. Дар байта сонӣ боз ҳамин маъниро ёд мекунад, ки ман гул ба бӯстон овардам, яъне киноя аз гул фикру андешаҳои тоза, аҳамиятнок, панду андарзҳои оқилона аст. Пас, ҳамин маънии болоро дар мисраи охир боз ҳам қудрат бахшида, гӯшзад менамояд, ки ин мисли он аст, ки филфил, яъне мурч ба
Ҳиндустон баранд. Мурч дар кишвари Ҳинд маъмул аст ва қимату арзиши зиёд надорад.
Ниҳоят, пас аз ин гуфтор Саъдӣ ба асли мақсад гузашта, ба шоҳони замони худ рӯ меорад ва ононро панду насиҳат медиҳад. Бахусус Абӯбакр ибни Саъди Зангӣ (1231-1260), ки «Бӯстон»- ро ба ӯ бахшида буд, ситоиш мекунад. Зеро дар замони ҳукмронии ӯ Шероз аз куштору хунрезиҳои чингизиён раҳо ёфта буд. Дигар, дар замони ҳукмронии ӯ халқ осуда ва кишвар хеле обод гардид. Саъдӣ ба Абубакр муроҷиат намуда чунин мегӯяд:
Ҳама вақт мардум зи ҷабри замон,
Биноланду аз гардиши осмон.
Дар айёми адли ту, эй шаҳриёр!
Надорад шикоят кас аз рӯзгор.
Ҳам аз бахти фархундафарҷоми туcm,
Ки таърихи Саъдӣ дар айёми туст.
Ки то дар фалак Моҳу Хуршед ҳаст.
Дар ин дафтарат зикри ҷовид ҳаст…
Баъд аз ин ситоишҳо Саъдӣ мамдӯҳи худро панди судманд медиҳад. Ҳамаи ин бо боби нахусти «Бӯстон», ки дар «Адли ҷаҳондории шоҳон» аст пайванди ногусастанӣ дорад. Шайх Саъдӣ дар ин боб подшоҳро сутуни давлат гуфта, вуҷуд асоси кишварро дар раият дида, мақоми ононро равшан намудааст. Адиб дар ин маврид шоҳро ба чӯпону раияти кишварро ба рама, подшоҳро ба дарахту раиятро ба решаи дарахт ташбеҳ намуда, оқилонаву фозилона аз номи подшоҳони одилу адолатпарвари гузашта фикрашро тақвият медиҳад:
…Ба Ҳурмуз чунин гуфт Нушервон,
Ки хотирнигаҳдори дарвеш бош!
На дар банди осоиши хеш бош!
Наосояд андар диёри ту кас,
Ки осоиши хеш хоҳию бас.
Наёмад ба наздики доно писанд,
Шубон хуфтаву гург дар гӯсфанд.
Бирав, носи дарвеши мӯҳтоҷ дор,
Ки шоҳ аз раият бувад тоҷдор!
Раият чу беханду султон дарахт,
Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.
Макун, то тавонӣ, дили халқ реш!
Агар мекунӣ, меканӣ бехи хеш.
Саъдӣ пас аз баёни масъалаи адолатпарварӣ ё масоили дигаре барои тасдиқи фикраш аз ҳаёти шоҳони пешин ва дигар мардуми табақоти ҷомеа ҳикоёти воқеӣ ва ҳикоёти тамсилӣ меорад. Ин тарзу усул, ин устухонбандӣ ба тамоми бобҳои «Бӯстон» мутааллиқанд. Ба ин восита шоир ҳадафи хешро беҳтару хубтар ифода мекунад ва тир ба нишон амиқтар мерасад.
Саъдӣ дар ҳамин боб ҳамчун марди сиёсатмадор ва ҷомеашинос бисёр масъалаҳои сиёсиро ба миён мегузорад ва дар либоси бадеият ин масоилро ҳаллу фасл менамояд. Ин андешаҳо имрӯз ҳам дар миқёси байналхалқӣ аҳамияти бузург доранд. Масъалаи давлатдорӣ, муносибат бо кишварҳои хориҷӣ, масъалаи ҷангу сулҳ аз назари Саъдӣ басо равшану возеҳ дар ин фасли «Бӯстон» матраҳ шудаанд.
Саъдӣ таъкид менамояд, ки то тавонӣ кӯшиш ба харҷ деҳу пеши роҳи ҷангу хунрезиро бигир. Он вақт оромию тинҷии мулкро метавон нигоҳ дошт ва мардум босаодат хоҳанд зист. Хулоса, аз куштору хунрезӣ сулҳ беҳтар:
Агар пилзӯрӣ ва гар шерчанг,
Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг.
Дигар, Саъдӣ ба подшоҳон маслиҳат медиҳад, ки бо душманат сулҳу салоҳ кардӣ, осуда хешро напиндор, ҳушёр бош ва лашкаратро барои ҳифзи раияту кишвар омода кун, омода нигоҳ дор, ки мабодо шабохунат бизанад:
Нагӯям, зи ҷанги бадандеш тарс,
Ки дар ҳолати сулҳ аз ӯ беш тарс!
Басо кас ба рӯз ояти сулҳ хонд,
Чу шаб шуд, сипаҳ бар сари хуфта ронд.
Гарат хеши душман шавад дӯстдор,
Зи талбисаш[1] эмин машав зинҳор.
Ки гардад дарунаш ба кини ту реш,
Чу ёд оядаш меҳри пайванди хеш.
Саъдӣ боз ба шоҳон панд медиҳад, ки агар душман қавию пилтан бошад ва бидонӣ, ки муқовимату истодагарӣ натвонӣ кард ва сулҳро напазируфт, роҳи эҳсону саховатро баргузин ва ин тадбир ҳам шоиста бошад:
Ҳаме то барояд ба тадбир кор,
Мадорои душман беҳ аз корзор [2].
Чу натвон адӯро ба қувват шикаст,
Ба неъмат бибояд дари фитна баст.
Гар андеша дорӣ зи душман газанд,
Ба таъвизу эҳсон забонаш бубанд!
Шоир лашкарро асоси давлат медонад. Бинобар ин, таъкид менамояд, ки барои нигоҳдории истиқлоли кишвар ва соҳибихтиёрии мамлакат ҳамеша лашкар бояд дар ҳолати омодагӣ бошад. Барои нигоҳ доштани он бояд сарбозон аз ҳар ҷиҳат таъмин бигарданду маоши шоиста бигиранд, то ки аҳлу аёли худро таъмин карда битавонанд. Агар ин амал роҳрав набошад, аскар дифои мулк насозад ва хешро дар рӯзҳои сахти кишвар канор бигирад:
Кунун дасти мардони ҷангӣ бибус,
На он гоҳ, ки душман фурӯ куфт кӯс.
Сипоҳӣ дар осудагӣ хуш бидор!
Ки дар ҳолати сахтӣ ояд ба кор.
Сипоҳӣ, ки кораш набошад ба барг,
Чаро дил ниҳад рӯзи ҳайҷо ба марг?
Чу доранд ганҷ аз сипоҳӣ дареғ,
Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ.
Саъдӣ ба шоҳон дар масъалаи интихоби сарлашкарон, сипаҳсолорон, сарҳангон маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки ин пешниҳодҳо имрӯз ҳам дар лашкардорӣ ва дифои кишвар судманданд. Масалан, адиб ба подшоҳ мегӯяд, ки ба сарварӣ ашхоси ҷангдида, корозмуда ва далеру ҷасурро бояд баргузид. Чунин ашхос аз ҷавонӣ илми ҳарб, шикор, гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, тирандозиро бояд омӯзанд. Ҳаргиз дар кори ҳарб ашхоси тарсончак, бегурдаро намон:
Сипаҳро макун пешрав чуз касе,
Ки дар ҷангҳо буда бошад басе!
Ба хурдон мафармой кори дурушт,
Ки сандон нашояд шикастан ба мушт!
Раиятнавозиву сарлашкарӣ
На корест бозичаву сарсарӣ.
Нахоҳӣ, ки зоеъ шавад рӯзгор
Ба ноозмуда мафармой кор!
Натобад саги сайд рӯй аз паланг,
Зи рӯбаҳ рамад шери нодида чанг.
Чу парварда бошад писар дар канор,
Битарсад, чу пеш оядаш корзор.
Ба гӯштиву нахчиру омоҷу гуй,
Диловар шавад марди пархошҷӯй.
Ба гармоба парвардаву айшу ноз,
Битарсад, чу бинад дари ҷанг боз.
Саъдӣ дар анчоми ин фасл боз ба масъалаи додгустарӣ, раиятпарварӣ ва инсофу адолат бармегардад, боз таъкид бар он мекунад, ки агар ба душман зафар ёфтӣ, бандиёнро хор мадор, кишварро обод кун, раиятнавоз бош. То раият бидонанд, ки аз он шоҳи золим бартарӣ, каримтарӣ, то пару болат бишаванд ва дар ҳар кор мададгорат бошанд:
Чу иқлими душман ба ҷангу ҳисор
Гирифтӣ, ба зиндонаш андар супор!
Чу баркандӣ аз чанги душман диёр,
Раият басомонтар аз вай бидор!
Карам кун, на пархошу киноварӣ,
Ки олам ба зери нигин оварӣ!
Шоири инсондӯсту хайрхоҳ дар поёни фасли охир боз шоҳонро ба сулҳу салоҳ ҳидоят менамояд. Онҳоро огоҳ мекунад, ки ғуруру худхоҳӣ, тундиву гарданкашӣ хисоли шоиста нестанд ва дар тариқи давлатдорӣ арзандагӣ надоранд. Онон бояд бо якдигар дӯст бошанд ва масъалаҳои давлатдориро бо роҳи гуфтушунид, бо роҳи лутфу хушӣ ҳаллу фасл намоянд.
Чу коре барояд ба лутфу хушӣ,
Чӣ ҳоҷат ба тундиву гарданкашӣ.
Нахоҳӣ, ки бошад дилат дардманд,
Дили дардмандон баровар зи банд.
Дуои заифони уммедвор
Зи бозуи мардон беҳ ояд ба кор!
Ҳамон тавре ки дар боло ишорат кардем, «Бӯстон» аз даҳ боб иборат аст ва мо дар ин ҷо танҳо як боби аввалро то андозае таҳлил кардем. Аз тахлили ин боб мусаллам гардид, ки Шайх Саъдии Шерозӣ марди ҷаҳондида ва сиёсатмадорест, ки бисёр андешаҳои қобили қабул ва муфид дар бораи ҷангу сулҳ, ҳимояти Ватан аз бегонагон, нигоҳ доштани лашкар, таъйин кардани шахсони лоиқу арзанда ба лашкар ва дигар масъалаҳои марбути онро бисёр саҳеҳ ва бо овардани далелу бурҳон нишон додаст, ки дар замони ҳозира аҳамияти бузург доранд ва роҳнамои ҳар як роҳбару сарвари кишвар шуда метавонанд.
[1] Талбис – шар, найранг
[2] Корзор — майдони набард, ҷанг, муҳориба