• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Аз илм мурод ҷуз амал нест / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Аз илм мурод ҷуз амал нест / Иншо

26 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ:Аз илм мурод ҷуз амал нест

Нақша:

Муқаддима

  1. Аз илм мурод ҷуз амал нест

Хулоса

Оламу одам пири пазирандаанд, вале хирад ҳарчанд пир гардад, ғанитару корозмудатар ё худ таҷрибадидатар шавад. Аз ин рў, ҷўёи хирад дар розхонаи даҳр аз тоифаи саодатмандон аст. Дар мантиқи оддии ифода ҳар он ки ғановати маънавиро дар рўзғори хеш дар қиёс бо ғановати моддӣ афзал донист, ғалат накард. Зеро ғановати моддӣ бо андак ҷаҳде гирдоварӣ шавад, вале илму ҳикмат ва маърифат  маънавиётсозанд ва дастрасӣ ба он муддатҳои тўлониро тақозо менамояд. Бубинед ҳадафи фавқуззикр дар як қазовоти мутафаккири давронсоз Ҳаким Саноии Ғазнавӣ хеле мўшикофона арзёбӣ шудааст:

Солҳое бояд, ки то як кўдаке аз рўи табъ,
Олиме гардад накў ё шоире ширинсухан.
Умрҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар бадахшон ё ақиқ андар яман.

Арзишҳои умумибашарии илму дониш ҳанўз аз замони худшиносии инсон мавриди таваҷҷўҳи ҷаҳониён қарор дошту дорад ва бегазанду заволнопазир аст. Зимни қазовоти хеш Суқроти бузург бо дарки афзалияти илм таъкид мекунад, ки: «Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз ҳунар нест ва ҳеҷ чизе бузургтар аз дониш нест…». Беш аз Ҳазрати Мавлавӣ қазовате тавассути каломи мавзун дорад, ки боз ҳам ҷолибтаре ҷаззобтар, муассиру гаронарзиш аст. Ў мегўяд, ки илму дониш бақои халқу давлат ва оламу одам мебошад:

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Илме, ки шахс аз худ намуд илм нест то оне ки ў илми азхуднамудаи худро дар амал татбиқ намояд. Беҳуда нест, ки сарчашмаи бузурги дини мубини ислом – Қуръони карим фармудааст: ҳар шахсе, ки илми худро, ҳунари худро ба касе наомўхтааст шахси бесамарест, ки мисли дарахти хушк аст, бешоху бебарг. Агар дарахтро шоху барги он оро диҳад, пас илми инсониро амали он зеб хоҳад дод. Амали илм чӣ қадар зиёд бошад, пас зебогии он ҳамон қадар зиёд хоҳад буд. Амали он аз бузургии илме, ки соҳиби он дорад шаҳодат медиҳад. Магар ин ҳама шукўҳу шаҳомате, ки дар асри ХХ1 дастони инсонӣ офаридааст маҳсули илми инсон нест? Магар парвоз ба кайҳон, офаридани кишитҳои кайҳонӣ таххайули илм нест? Магар ин офаридаҳо зеби илми инсон нест?

Агар илм ба амалия чи қадаре бештар ҳамроҳ гардад маҳсули он ҳамон қадар зиёд хоҳад гашт. Дар ҳолати акс илм ба чизе табдил хоҳад ёфт, ки дар қарни фаромўшӣ лаб ба сукут хоҳад нигошт. Дар ҳолати дар гўшаи хомўшӣ қарор гирифтани илм аз он касе суроғ нахоҳад кард. Он зебогии худро оҳиста – оҳиста аз даст медиҳад, тароварти худро гум мекунад. Дар ҳолати аз даст додани тароват илм аз чизи нолозима беш нест. Аз ин ҷо, дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рўйи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухта­лифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бира­сад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд. Вобаста ба ин асри ХХI-ро асри пешрафти куллии илмӣ метавон ҳисобид. Дар асри XXI инсониятро дастовардҳои калони илмӣ мунтазиранд. Ҳоло эътибори ҷаҳониён ба компютер равона гардидааст. Дар бахши истеҳсолот ва коркарди саноатӣ низ онро истифода мебаранд. Парвози тайёраву чархбол, гардиши моҳвораҳо, киштиҳои калони атомӣ дар уқёнусҳо бо компютер идора карда мешаванд. Ирсоли ахбор низ бо Шабакаи «Интернет» мавқеи муҳим дорад. Дар ҳамаи бахшҳои илмӣ нақши он бештар мегардад. Дар давлатҳои пешрафта ба коркарди компютерҳои нав шурўъ намудаанд. Садои одамро компютерҳои навбаромад беғалат бо хат сабт менамоянд, ҷарроҳӣ низ бо воситаи компютерҳо сурат мегирад. Бинобар ин илм ҳангоми омезиш бо амал маънии худро пайдо хоҳад кард, ба зиндагӣ тобиши дигар хоҳад дод, онро то ба дараҷаи шинохтанашаванда табдил хоҳад дод, зиндагиро аз будааш ширинтар хоҳад кард.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • 35-солагии Истиқлоли давлатӣ – рамзи сарбаландӣ ва пойдории миллати тоҷик.
  • 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов