Авзои Мовароуннаҳру Хуросон пас аз Давлати Сомониён
Давлати Сомониён феодали, яъне љомеаи ашрофи буд. Сардори давлат амир ба њисоб мерафт. њам хокимияти дуняви ва њам дини дар ихтиёри у буд. Амир аз љумлаи шахсони маъруфу донишманд шурои маслињати дошт, ки он ба у тарзу усулњои самароноки идораи мамлакатро маслињат медод.
Сомониён дастгоњи пурзури боэътимоди марказию махаллии идораи давлатї доштанд, ки онро хукумат гуфтан чоиз аст. Њукумат аз дањ девон иборат буд ва ба воситаи ин девонхо давлати Сомониён идора карда мешуд.
Пойтахти далати Сомониён шахри Бухоро буд. Ин давлат аз ду минтаќаи калон идорат буд – Мовароуннањр ва Хуросон, вале њудудхои алоњидаи он аз ин минтаќањо њам берунро дар бар мегирифт. Њардуи онњо, дар навбати худ, аз вилоятњои сершумор иборат буданд. Вилояти Мовароуннањр бевосита ба воситаи шахри Нишопур тобеъ буданд. Яъне, Хуросон аз шахри Нишопур идора мешуд.
Амирони охирини Сомони барои нигоњ доштани иќтидори давлати Сомониён коре накарданд. Онњо ба низоъњои дарбори машѓул шуда, бехабар монданд, ки њам кишоварзию њам њунарманди ва њам тиљорат таназзул кардаааст. Лашкар аз назорати њочиби бузург баромад. Ба он ашхоси худхоњ соњиб шуданд. Хазинаи амир холи шуд. Низоми давлатдори таназзул ёфт. Аз ин кабилахои турки ќарахониён истифода бурда, соли 999 бо сардории Элокхон шахри Бухороро ба даст дароварданд ва ба мавчудияти далати Сомониён хотима бахшиданд.
Баъди барњамхурии давлати Сомониён дар њудуди ин давлат давлатњои ќарахитоиён ва Газнавиён таъсис ёфта, замоне арзи вучуд доштанд. Дар даврањои гуногуни асрхои XI – XIII ќисматњои алоњидаи каламрави собик далати Сомониён ба далатхои Салчукиён ва Гуриён низ дохил буданд.
Мухаммад мачбур шуда буд, ки заминњои дар Фарѓона доштаи ќарахонихоро то сарњади Чирчиќу Арис ба фоидаи ќулчуќ дихад. Сархади байни ќулчуќу Муњаммад аз Хуљанд то Сунаќќурѓон муайян гашт.
Дар баробари ќарахитоихо, инчунин муѓулњо низ сарњадњоии шаркии давлати Хоразмро халалдор менамуданд. Онњо ба бањонаи чаронидани чорво ва галаи уштурњояшон њар сари вакт сарњадро вайрон менамуданд. Муњаммад Хоразмшоњ бошад барои зада гардонидани њамлахои ѓоратгаронаи ќулчуќ ва Муѓулхњо якчанд маротиба ба соњилхои поёноби Сирдарё юриш намуда буд. Дар рафти яке аз њамин юришњои у тобистони соли 1216 дар байни лашкари Муњаммад ва дастаи мусаллањи писари Чингизњон-Чузи задухурди тасодуфи ба амал омад.
Аммо баъди гуфтушунидњои кутоњ муѓулњо аќиб нишастаанд. Зеро бо ташаббуси Муњаммад соли 1215 Чингизхон сафири Хоразмро дар Пекин ќабул намуда, оид ба њамкори ва бехатарии сархадњо намуда буданд. Сарчашмањо ёдовар мешавад, ки Мухаммад барои нобуд сохтани Ќулчуќ гуё бо Чингизхон иттифоќ баста бошад. Вале хамаи ин кушишњо пеши роњи забткории муѓулњоро гирифта натавонист. Ин буд, ки Чингизиён то соли 1218 кисми шимолии њафтруд ва соњилхои Иртишро забт намуда, ба истилои Осиёи Миёна омода гаштанд.
Вахшиёна пахш намудани шуриши соли 1207 дар Бухоро ва шуриши соли 1211 дар Самарќанд норозигии сокинони ин шањрњоро нисбат ба Хоразмшоњиён дучанд зиёд кард. Руњониён низ аз сиёсати давлатдории Хоразмшоњиён норизо буданд.
Давлати Хоразмшоњиён дар чунин вазъияти душвори сиёсиву иктисодї зери хамлаи муѓулхо карор гирифтаанд.
1.Ниг.: Гафуров Б.Г. Точикистон. Ч1.-Душанбе, 1998-С.600.
Гарчанде, ки Мухаммади Хоразмшоњ дорои ќувваи азими њарбї бошад њам лекин ќуввањои асосии у пароканда буданд.
Дар ибтидои њама ќабилањои муѓул пароканда буданд ва байни худ дар њолати душмани ќарор доштанд. Лекин онњоро Темучин ном сардори ќабилаи мѓулхо дар давлати ягонаи муттањид карда, ќувваи бузурги њарби табдил дод.
Соли 1206 Темучин дар Ќурултойи навбати худро Хони Бузург эълон карда, унвони Чингизхонро гирифт. Лашкаркашињои азими истилогаронаи Чингизхон иктидори ўро руз аз руз бештар мегардонид. Дастахои чангии муѓул бо сардори Чучи ном писари калони Чингизхон <<халќњои чангалнишини>> соњили дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. Халки уйѓур бо ихтиёри худ хукумронии Чингизхонро ќабул кард Хубилай ном сарлашкари муѓул ќисми шимоли Хафтрудро ишѓол намуд. Худи Чингизхон ба Чини шимоли лашкар кашида, шахри Пекинро, ки пойтахти он буд забт намуд. Баъдар дар солњои 1218-1219 муѓулњо ба осони сарзамини Ќарахитоињо Њафтруд ва Туркистони Шарќиро тасарруф намуданд ва ба сархади давлати Хоразмшохиён наздик шуданд. Дар бобати ранги душмани гирифтани муносибатхои ин ду давлатї азими онваќта сањми тољирони Осиёи Миёна хеле бузург аст. Бисёр тољирони сарватманд, ки бозоргонии Муѓулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ нигоњ медоштанд, њануз пеш аз хамсарњад гардидани ин ду давлат бо њамкорињои уйѓурњо дар умури ташкилот ва сохти дохилии Муѓулистон аз мушовирони асосии Чингизхон њисоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати Хоразмшоњиён муттасилан ба воситаи ин тољирон маълумот ба даст меовард.
Мухаммад Хоразмшох, ки дар он ваќт назар ба Чингизхон бештар ќувва дошт, равияи љангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 љанговарони Хоразм ба ичозати ў дар ќалъаи сарњадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воќеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин, ки маќсади љосуси дорад, торољ намуданд. Бори корвон аз 500 шутур тилло маснуоти абрешими чини, пустњои ќиматбахо ва амсоли ин иборат буд ва 450 тољир, аъёну ашроф ва ашхоси муътамади хони муѓул маъмури овардани онхо буданд. Гумоштагони Хоразмшоњ њамаи ин одамонро ба ќатл расонида, тамоми молњоро фурухта, пули онњоро ба маркази давлати Хоразмшоњиён фиристоданд.
Чингизхон аз вокеаи Утрор, ки бештар бо номи <<Фољиаи Утрор>> маълум аст, хабардор шуда, аз Хоразмшох талаб кард, ки сабабгорони ин фољиа яъне њокими Утрорро ба у супоранд ва тавони њисоротњои воридшударо бидињад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талаб ба пойтахти давлати Хоразмшоњиён омада буд, бо амри Муњаммади Хоразмшоњ ба катл расонида мешавад ва њамрохони ў бо ришу мўйлаби бурида пас гардонида шуданд. Аз руи баъзе маълумотњои дигар онњоро ќатл карданд. Ин рафтори љангталабонаи Мухаммади Хоразмшох њучуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.