Асосҳои умумии маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд
1.МАФҲУМИ МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН. Аз ҷониби ҳар як инсон амалисозии ҳуқуқу озодиҳояш бо масъулияти ӯ барои амалҳояш, инчунин ӯҳдадориҳои вай дар назди ҷомеа ва давлат пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳар як одам дар интихоби амалҳои хеш озод аст, аммо чунин озодӣ ҳаргиз комилу мутлақ нест. Бинобар ин зарурати бо қонун таҳким бахшидани доираи муайяни рафтору амалҳои инсон мавҷуд аст. Бо ин мақсад ва баҳри муваффақшавӣ ба мувозинати байни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат маҳдудиятҳои оқилонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷорӣ карда мешаванд.
Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо қонунгузорӣ таҳким бахшидани ҳудудҳои эарурии амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар одамон ва мӯътадил фаъолият кардани ҷомеа ва давлат аст.
Аммо дар ҷаҳони имрӯзаи мутамаддин маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳолатҳои муайяни зерин мумкин аст: бо мақсади эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқҳои дигар одамон; таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи сохти давлатӣ ва ғайра. Маҳдудсозиҳои ҷоришаванда бояд бо принсипҳои инсондустӣ, адолатнокӣ ва хушахлоқӣ мутобиқ бошанд.
Тадбирҳои маҳдудсозӣ набояд ғайриқонунӣ ва аз ҳад зиёд бошанд ва ҳуқуқу эътибори инсонро паст зананд. Чунончи, маҳдудсозиҳои қонунии ҳуқуқу озодиҳои инсон, масалан, маҳдудсозии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандони хориҷӣ (ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ), маҳдудсозии ҳуқуқҳои ашхоси иллатдор (ҳуқуқ ба бастани ақди никоҳ), боздоштан ва ҳабскуниҳои қонунӣ ва ғайра шуда метавонанд.
Ба хотир оред, кадом ҳукуқх,о нисбӣ ва мутлақ номида мешаванд?
2.АСОСҲОИ УМУМИИ МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР ҚОНУНГУЗОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИЛЛӢ. Дар қонунгузориҳои ҳозираи байналмилалӣ ва миллии як қатор давлатҳо ду шакли асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳким бахшида шудаанд: асосҳои умумии маҳдудсозиҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар шароитҳои муқаррарӣ мумкин аст ва асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми вазъиятҳои фавқулодда.
Асосҳои умумии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароитҳои муқаррарӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуки башар таҳким бахшида шудааст.
Ҳар як инсои дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст.
Қисми 2-и моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар.
Маҳдудсозиҳои ҳуқуқӣ дар моддаи 19-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ зикр шудаст, ки ҳуқуқи инсонро ба баёни озодонаи афкор таҳким мебахшад. Дар банди 3-и моддаи 19 омадааст: ҳуқуқи мазкур бо баъзе маҳдудиятҳо, ки бояд бо қонун муқаррар гарданд ва онҳо ногузиранд, вобастагӣ дошта бошанд: а) барои эҳтироми ҳуқуқҳо ва нуфузи дигар одамон; б) барои муҳофизати амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, тандурустӣ ва маънавиёти аҳолӣ. Ғайр аз ин дар ҳуҷҷати мазкур имконпазирии манъи амалҳои зидди инсондӯстонаю бадахлоқона — тарғиби ҷанг, ҳама гуна тазоҳурот ба манфиати бадбиниҳои миллӣ, нажодӣ ё динӣ, ки як навъ барангезандагиро ба табъиз, душманию зӯроварӣ (моддаи 20) мемонанд, пешбинӣ гардидаанд. Тибқи моддаи 4-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ танҳо чунин маҳдудсозиҳое иҷозат дода мешаванд, ки бо қонун муайян мегарданд ва ин ҳам танҳо ба он хотир аст, ки вай бо табиати ҳуқуқҳои таҳкимёфта мувофиқ меояд ва ҳадаф аз он мусоидат кардан ба некӯаҳволии умумӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҷорӣ кардани маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар шароитҳои муайян бо мақсади нигоҳдории тартибот, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои одамон ва дигар арзишҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф менамояд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ва мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Қисми 3-и моддаи 14-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ин маврид Конститутсия маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд. Масалан, дар қисми 4-и моддаи 27 омадааст: «Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд».
Моддаҳои дар боло овардашуда ва дигар нуқтаҳои ба асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшидашудаи Конститутсия дар санадҳои алоҳидаи меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфта ва мушаххас гардонида шудаанд. Масалан, тибқи қисми 5-и моддаи 8-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар ин маврид Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалҳоро манъ карда, барои барангехтани ҷанги миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ё динӣ (моддаи 189), ғасби зӯроваронаи ҳокимият (моддаи 306), даъватҳои оммавӣ ба зӯроварона дигаргун сохтани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 307) ҷазоҳо пешбинӣ менамояд.
3.КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚСАДҲОИ МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД. Тавре пештар қайд гардид, Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танҳо бо мақсадҳои зерин раво медонад: таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии мамлакат. Ҳамаи ҳадафҳои зикршуда байни ҳамдигар алоқаманданд.
Маҳдудсозиҳои бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон ҷоришаванда бо амалишавии ӯҳдадориҳои ҳар як одам — вайрон накардани ҳуқуқҳои дигар одамон бевосита алоқаманд мебошанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олитарин эълон доштааст. Давлате, ки бо чунин масъулият ӯҳдадории эътироф ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро ба зиммаи худ гирифтааст, ба ин ҳадафҳо бе маҳдудсозии амалҳое, ки бар зарари озодиҳои эълоншуда мебошанд, муваффақ шуда наметавонад.
Ҳуқуқу озодиҳои нисбиро дар асоси қонун метавон маҳдуд кард. Масалан, тибқи моддаи 22-и Конститутсия, ки ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро таҳким мебахшад, ба ҷуз ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ба манзил зада даромадани касе мумкин нест. Вале агар соҳиби манзил ҳуқуқҳои дигар одамонро вайрон кунад, муоинаи манзил аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бозрасиҳои санитарию зидди сӯхтор мумкин аст.
Маҳдудсозиҳои бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҷоришаванда ба кӯшиши давлат баҳри ба ҳамаи шаҳрвандон аз ҷониби қонун додани кафолати мӯътадилӣ дар ҷомеа вобаста аст. Масалан, тибқи моддаи 29-и Конститутсия шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардаст, ширкат варзад. Аммо иштирокдорони онҳо вазифадоранд, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд. Барои навъҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкунӣ, масалан, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Маҳдудсозиҳои бо мақсадҳои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии мамлакат ҷоришавандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти муҳимтарин доранд. Тибқи моддаи 7-и Конститутсия давлат соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Дар ин маврид тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Ғайр аз ин маҳдудсозиҳои нисбат ба ҳуқуқ ба иттилоот ҷоришаванда бевосита бо ҳимояи сохти контитутсионӣ алоқаманданд. Чунончи, ҳуқуқ ба озодии ахбор на танҳо бо ҳуқуқи дигар одамон ба махфӣ будани ҳаёти шахсӣ, сирри шахсиву оилавӣ, инчунин ҳифзи сирри давлатӣ маҳдуд карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 30 номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: маҳдудсозии ҳуқуқҳои инсон, ҳуқуқҳои нисбӣ.
Савол ва супоришҳо
1.Зери ибораи «маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» чиро мефаҳманд?
2.Дар ҷаҳони имрӯза қувват гирифтани терроризми байналхалқӣ мақомоти давлатии ҳокимиятро маҷбур месозад, ки аз ҷумла бобати маҳдудсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон, масалан, васеъ кардани салоҳиятҳои хадамоти махсус оид ба гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ, назорат ба почтаи электронӣ, дастрасӣ ба суратҳисоби бонкӣ, муоинаи шахсӣ тадбирҳои гуногун андешанд. Ва андешаи Шумо, оё ин маҳдудсозиҳо дурустанд?
3.Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом асосҳои умумӣ ва ҳадафҳои маҳдудсозии ҳуқуқҳои инсон пешбинӣ шудаанд?
4.Ин пораро бодиққат хонед: «Прокуратураи округии шаҳри Сюрих (Швейсария) нисбати шаҳрванд А. оид ба далели аз ҷониби ӯ содир кардани якчанд ҷиноятҳои вазнин тафтишот мебурд. Барои гузаронидани ташхиси тиббӣ якчанд тори мӯи шаҳрванд А. лозим шуд. Ӯ изҳор кард, ки сикх аст ва мувофиқи эътиқоди динӣ ба мӯйсараш қайчӣ задан мумкин нест, яъне ба андешаи ӯ, гузаронидани чунин ташхис вайрон кардани озодии эътиқоди динии ӯ аст». Ба андешаи Шумо, оё ин вазъият вайрон кардани ҳуқуқи инсон аст? Чаро?