• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ / Реферат

231 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
31.01.2024

Асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ

Нақша

1 Файлҳо, папкаҳо (ҷуздонҳо) ва тарзҳои сохтани онҳо

2 Дискҳо, дисководҳо ва тарзҳои истифодабарии онҳо

3 Тарзҳои дохилкунии маълумотҳо ва тартиби нигоҳдории

онҳо

Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд кор бо ҳуҷҷат (файл), папка ва истифодаи дискҳоро донад, чунки дар тамоми фаъолияти корӣ бо онҳо сару кор дорад. Ба асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ тарзҳои сохтани файлҳо ва папкаҳо, нусхакунӣ, гузаронидан, сабтнамоии онҳо, истифодаи барандаҳои гуногуни ахборӣ (дискҳо, дискетаҳо, флешкаҳо), роҳҳои гуногуни воридкунии маълумотҳо ба хотира ва ғайраҳо дохиланд.

3.1 Файлҳо, папкаҳо (ҷуздонҳо) ва тарзҳои сохтани онҳо

Файл калимаи англисӣ буда маънояш ҳуҷҷат мебошад.

Файл гуфта ҷои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он маълумотҳо, барномаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Маълумотҳое, ки ба воситаи тугмачаҳои клавиатура ба компютер дохил карда мешавад, дар вақти дар хотираи он нигоҳ доштан, бо файл номгузорӣ карда мешавад. Файлҳо аз якдигар бо номашон фарқ мекунанд. Номи файлҳо аз ду қисм иборат аст.

– номи асосӣ;

– номи иловагӣ.

Номи асосӣ аз иловагӣ бо нуқта (.) ҷудо карда мешавад. Масалан: суратҷаласаи. doc, дар инҷо суратҷаласаи номи асосӣ буда, doc – номи иловагӣ мебошад. Дар барномаи Windows XP номи иловагӣ нишон дода намешавад.

Дар барномаи Windows XP номи асосиро то 252 рамз, номи иловагиро то 3 рамз ишора намудан мумкин аст. Номи пурраро бошад то 256 рамз ишора намудан мумкин аст. Дар вақти номгузории ҳуҷҷат чунин номро интихоб намудан даркор аст, ки вай мазмуни корро дарбар гирад.

Роҳҳои гуногуни сохтани ҳуҷҷат вуҷуд дорад. Вақте, ки мо ягон барномаро ба кор омода менамоем, ин маънои онро дорад, ки мо ҳуҷҷат сохтем. Инчунин ҳуҷҷатро ҳангоми истифодабарии фармани Создать аз банди Файл – и менюи барномаҳои амалӣ ё тугмачаҳои панели таҷҳизотҳои барномаҳои амалӣ, сохтан мумкин аст.

Папка – гуфта ҷои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он файлҳо нигоҳ дошта мешавад. Папкаҳо низ аз якдигарашон бо номашон фарқ мекнанд. Қоидаи номгузории папкаҳо ба номгузории файлҳо монанд аст, лекин онҳо номи иловагӣ надоранд. Папкаҳо рамзи худро дошта дар поёнаш ё дар паҳлўяш номи онҳо навишта мешаванд. Масалан:

Барои сохтани папка истифодабарандаи компютер нишондиҳандаи мушакро ба ҷои дилхоҳи мизи корӣ ё дигар папка, барнома гузошта, тугмачаи рости онро пахш менамояд, ки дар экран менюи иловагӣ бароварда мешавад, аз онҷо фармони Создать – ро истифода менамоем. Аз панели пайдогардида фармони папку -ро, ки бо рамзаш оварда шудааст, истифода мебарем. Дар натиҷа дар ҷое, ки курсор истода буд, рамзи папка бо навиштаҷоти новая папка бароварда мешавад. Навиштаҷоти новая папкаро тоза намуда, номи ба худамон маъқулро гузошта, дар он ҳуҷҷатҳои даркорӣ нигоҳ медорем.

3.2 Дискҳо, дисководҳо ва тарзҳои истифодабарии онҳо

Дискҳо барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо, кўчонидани маълумотҳо, ва барномаҳо аз як компютер ба компютери дигар истифода мешаванд. Дискҳоро бо ҳарфҳои калони лотунӣ А, С, D, E, F ишора карда мешаванд.

Дисководҳо дар ҳамаи компютерҳо гузошта шудаанд ва онҳо бо тарзҳои гуногун ҷойгир карда шудааст. Дисководҳо барои гузоштани дискҳо истифода карда мешаванд. Дар компютерҳои ҳозиразамон дисководҳои зерин истифода бурда мешаванд.

– Дискҳои чандир 3,5 (А:)

Дар компютерҳои ҳозиразамон дискҳои чандири 3,5 (А:) ғунҷоишаш ба 1,44 Мбайт, ки диаметраш ба 3,5 дюйм (3,5 дюйм = 89 мм) баробаранд, истифода бурда мешавад.

ДискиSONY CD ROM (700MB), LG 2 52 x (700MB|80min),

ки дар он танҳо як маротиба файлҳо ва барномаҳо навишта мешаванд. Инчунин дискҳои CD–RW (750 – 850MB) ҷой дорад, ки дар он якчанд маротиба файлҳо, барномаҳо, барномаҳои концертӣ, бозиҳои шавқоварро аз компютер ба дискет ва баръакс гузаронида мешаванд.

– Фльешка 128, 256, 512 МБ, 1,2,4,8,10,20,40 ГБ ва ғайра бошад, дар он якчанд файлҳо ва барномаҳо навишта шуда, аз як компютер ба дигар компютер гузоштан мумкин аст.

Тарзи истифода бурдани диски чандир чунин аст. Диски чандирӣ 3,5 (А:) – ро ба дисковод гузошта, аз барномаҳои Компютери ман (Мой компютер) ё Роҳбалад (Проводник) истифода мекунем. Аз равзанаи пайдогардида рамзи диски чандир -ро бо ёрии нишондиҳандаи мушак ду маротиба пай дар пай пахш менамоем. Дар натиҷа рўйхати ҳуҷҷатҳое, ки дар диски чандир мавҷуданд, бароварда мешавад.

Аз байни онҳо ҳуҷҷати даркориро интихоб намуда, тугмачаи рости онро пахш менамоем, ки дар натиҷа менюи иловагӣ бароварда мешавад. Аз онҷо фармони Отправить – ро истифода мебарем. Аз панели пайдогардида номи барнома ё папкае, ки дар он ҳуҷҷати интихоб намударо мекўчонем нишон дода, тугмачаи ОК –ро пахш мекунем. Дар натиҷа ҳуҷҷати интихобгашта нусхабардорӣ карда мешавад. Айнан бо ҳамин роҳ аз дигар барномаҳо ба диски чандир ҳуҷҷатҳоро кўчонидан мумкин аст. Истифодабаранда метавонад, ҳуҷҷатҳоро хориҷ, аз нав номгузорӣ ва дигар амалиётҳоро иҷро намояд.

3.3 Тарзҳои дохилкунии маълумотҳо ва тартиби нигоҳдории онҳо

Барои он, ки маълумотро дохил намоем, аввал барномаҳои амалиро ба кор омода менамоем ё инки саҳифаи нав мекушоем. Дохилкунии маълумотҳоро бо воситаи тугмачаҳои клавиатура, мушак, дискҳо ё сканер иҷро намудан мумкин аст. Маълумоти дохилкардашуда дар монитор пайдо мегардад. Агар ягон хатогӣ мавҷуд бошад дар зери калимаи хатогӣ дошта хати сурх пайдо мегардад. Истифодабаранда метавонад онро ислоҳ намояд. Барои ин курсорро ба ҷои даркори оварда, барои ислоҳи рамзи аз курсор дар тарафи рост буда тугмачаи Delete -ро ва барои ислоҳи рамзи дар тарафи чапи курсор буда тугмачаи Bacespase (¬) – ро истифода мебарем.

Маълумоти дохилкардашуда то хомўш кардани компютер дар хотираи оперативӣ нигоҳ дошта мешавад. Агар дар оянда ин маълумот ба истифодабаранда даркор бошад, онро метавонад дар хотираи компютер сабт намояд. (Ин масъала дар мавзўъҳои оянда дида баромада мешавад).

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов