• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Асабҳои вегетативӣ (автономӣ)
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Асабҳои вегетативӣ (автономӣ)

206 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
08.02.2024

Асабҳои вегетативӣ (автономӣ)

Системаи асаби вегетативӣ (худмухторӣ). Дар аввали асри XIX олими франсавӣ Ф.К. Биш вобаста аз иҷроиши вазифаи худ системаи асаби вегетативиро кашф кард.

Асаби вегетативӣ аз қисмҳои марказӣ ва канорӣ иборат аст.

Қисми марказӣ – дар магзи сар ва ҳароммагз ҷойгир буда, канорӣ бошад аз асабҳо ва гиреҳҳои асабӣ иборат аст. Асабҳо дар навбати худ аз марказҳои вегетативии ҳароммагз ва магзи сар ба гиреҳҳои вегетативӣ раванда ва асабҳои аз гиреҳҳои нейронҳо ба узвҳо раванда ҷудо мешаванд. Қисми автономии системаи асаб аз қисми соматикӣ бо он фарқ мекунад, ки танзими кори узвҳоро фақат тавассути гиреҳи асабӣ таъмин мекунад. Нейронҳои гиреҳҳо импулсҳои на он қадар зиёдро равона мекунад, ки ба кори узвҳои дохилӣ халал намерасонад. Танзими автономӣ бешуурона буда аз тарафи одам идора карда намешавад. Қисми автономии системаи асаб дар навбати худ аз ду зерқисм иборат аст.

Симпатикӣ ва парасимпатикӣ (гумроҳ). Маркази асабҳои симпатикӣ дар моддаи хокистарранги сегментҳои гардан то чорбанд ҷойгир шудаанд. Маркази асаби парасимпатикӣ бошад дар мағзи дарозрӯя ва чорбанд ҷойгир шудааст (расми 17).

Асабҳои симпатикӣ ва парасимпатикӣ муқобили якдигар амал намуда кори муътадили узвҳои организмро таъмин мекунанд. Масалан: асаби симпатикӣ кори дилро фаъол намуда, рагҳои хунро хурд мекунад дар натиҷа фишори хун баланд мешавад. Ҷудошавии шираи меъда кам шуда, кашишхӯрии девории он суст мегардад.

Расми 17. Системаи асаби вегетативӣ.

Асаби парасимпатикӣ бошад, кори дилро нофаъол менамояд, дар натиҷа рагҳои хун васеъ шуда, фишори хун паст мешавад. Ҷудошавии шираи меъда зиёд мешавад. Кашишхӯрии девории меъда фаъол мегардад. Ҳазмшавии хӯрок ва ба хун дохилшавиаш меафзояд.

Фаъолияти системаи асаби вегетативӣ дар мутобиқшавии организм ба шароити муҳити атроф нақши муҳими биологӣ мебозад.

Саволҳо:

  1. Системаи асаби вегетативӣ чист?
  2. Кадом намудҳои ин асабро медонед?
  3. Асабҳои симпатикӣ ва гумроҳ ба узвҳо чӣ хел таъсир мекунанд? 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов