Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрўз Тоҷикистон ном дорад, ба хобби абадӣ рафтаанд. Мо барои Модар-Ватанро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рўз омода бошем.
Вақте ки Иттиҳоди Шўравӣ аз байн рафт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ноороми ҳарбӣ – сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ ҷой дошт. Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу буми кишвар зуҳур кард.
23 феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ аст, 27 сол пур мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бошукуҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандўст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро албатта пеши назар меорад.
18-уми декабри соли 1992 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонид. Артиши миллии мо дар заминаи Ҷабҳаи халқӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати Конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, таъсис дода шуд.
23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои аввал ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбии низомиро ба роҳ монд. Дар ин замина пеш аз ҳама ба масъалаҳои таъсису таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд.
Айёми ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи масъулиятнокро дарбар мегирад. Сарбозону бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он мубрамтарин масоле буданд, ки ҳалли мусбии худро пайдо карда тавонист.
Дар айни замон дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ: Қўшунҳои хушкигард, Қўшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ амал мекунад. Илова бар ин, айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ идома дорад. Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили таъсисёбии худро паси сар намуда, ба давраи мувофиқсозии сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кўшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меъмори таъсиси Артиши миллӣ мебошад. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таъкид месозад, ки «Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрўю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд».