Ақидаҳои ватандўстӣ ва пандуахлоқӣ дар «Шоҳномаи»- и Фирдавсӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Ақидаҳои ватандўстӣ дар «Шоҳнома»
2. Ақидаҳои пандуахлоқӣ дар «Шоҳнома»
Хулоса
Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи хушманзараи Божи вилояти Тўси Хуросон ба дунё омадааст.
Мероси адабии шоир бою рангин буда, тамоми мавзўъҳои ҳаётиро фаро гирифтааст.
Асари бузурги ў «Шоҳнома» дорои 60 ҳазор байт буда, дар давоми 30-35 соли ҳаёти ў эҷод карда шудааст. Шўҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамониву ҳамосӣ шўҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ба мавзўъҳои пандуахлоқӣ, ватандўстӣ, инсондўстӣ, некиву накўкорӣ, ростиву ростгўӣ, донишу хирад, ҷаҳолат, ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он аҳамияти бузург додааст.
Ба ақидаи Фирдавсӣ некиву накўкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби неки инсонӣ ба шумор меравад. Ў ба аҳли башар тавсия медиҳад, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва ба якдигар танҳо некӣ кунанд. Зеро амали неки ҳар як шахс ҷовидонӣ аст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кўшиш ҳама дасти некӣ барем,
Некиву накўкорӣ ба ақидаи шоир аз беҳтарин хулқу атвори инсонӣ ба шумор меравад:
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Фирдавсӣ чунин андеша дорад, ки ҳар як аъмолро бо подоши мувофиқ қадр бояд кард:
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,
В-агар бад кунад, низ пархош кун.
Васфу ситоиши хирад, илму дониш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҷойи аввал меистад. Фирдавсӣ асари бузурги худ «Шоҳнома»-ро бо ситоиши хирад шурўъ намудааст. Донишу хирад ҳамчун чароғи раҳнамои ҳаёти инсонӣ одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ин ақлу хирад, дониш ба шумор меравад. Тавоноии ҳар як инсон, обрў ва эътибори ў маҳз ба илму дониши ў вобастагии қавӣ дорад:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Хирадро аз тамоми фазилатҳои инсонӣ беҳтару болотар мешуморад:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Фикру андешаҳои ватандўстӣ дар «Шоҳнома»-ў мавқеи муҳим дорад. Ҳар як инсон ҳамчун шахси ватанпарвару ватандўст бояд барои муҳофизати марзу буми кишвару ватани худ ҳамеша омода бошад:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кўдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Нафрату кинаву адовати беандоза нисбат ба душман яке аз хусусиятҳои аввали ватандўстӣ ба шумор меравад:
Ҳама размро дил пур аз кин кунем,
Тани душманон ҷои зубин кунем.
Хулоса, аз эҷод намудани достонҳои «Шоҳнома» муддати зиёде гузашта бошад ҳам, вале то имрўз аҳамияти тарбиявии ахлоқии худро гум накардааст. Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар рўзгори мо барои тарбияи насли имрўза, бахусус ҷавонон аз аҳамият холӣ нест:
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.