• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ақидаҳои пандуахлоқии Саъдӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ақидаҳои пандуахлоқии Саъдӣ / Иншо

424 нафар дид 2

Муаллиф: Донишхона
17.02.2024

Ақидаҳои пандуахлоқии Саъдӣ

Нақша:

Муқаддима

1.Зиндагиномаи шоир

2. Панду ахлоқ дар ашъори шоир

Хулоса

Саъдӣ устоди ғазал аст. Бо вуҷуди он ки ў бо асарҳои пандуахлоқии худ шўҳрат ёфтааст, вале аслан ҳамчун шоири ғазалсарои асри худ шинохтаву эътироф гардидааст. Ғазалиёти сурудаи Саъдӣ тавре, ки таъкид намудем, дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ яке аз намунаҳои барҷастаи ғазал маҳсуб мешаванд. Ҳатто дар ин ҷода Саъдии Шерозиро яке аз он се пайғамбарони шеър ба қалам додаанд:

Дар шеър се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд ки лонабия баъдӣ.

Авсофу қасидаву ғазалро:

Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Саъдӣ соҳиби 4 девони ғазалиёт мебошад. Мавзўи асосии ғазалиёти шоирро панду ахлоқ ва ишқу муҳаббати инсонӣ фаро гирифтаанд.

Аз тарафи дигар, мазмун ва мундариҷаи ғазалиёти Саъдӣ гуногунҷабҳа буда, мавзўъҳои мухталифи ҳаётро дар бар мегирад. Ягонагии зоҳиру ботин, хубиҳои табиати атроф, ахлоқи неки инсонӣ, адлу инсоф, некию накўкорӣ, ишқи пок, донишандўзӣ, ростгўӣ ва ёриву бародарӣ аз мавзўъҳои асосии ғазалиёти шоир маҳсуб мешаванд.

Дўстиву рафоқат дар   идеали ҳар як инсон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Саъдӣ моҳияти ин мавзўъро дарк намуда таъкид намудааст:

Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ,

Дўст машмор он ки дар неъмат занад,

Лофи ёриву бародархондагӣ.

Саъдӣ дар бобати тартибу низоми тановул кардани хўрок ва донистани меъёри истеъмоли хўрок фикру андешаи пешқадам дорад:

На чандон бихўр, к-аз даҳонат барояд,

На чандон ки аз заъф ҷонат барояд.

Дигар мавзўи ғазалиёти шоир ин фикру андешаҳои инсондўстӣ ба шумор мераванд. Аз нигоҳи Саъдӣ ҳамаи инсонҳо аз ҷавҳари ягонаи илоҳӣ офарида шудаанд. Саъдӣ ягонагии аъзои инсонҳоро таъкид намуда, зарурати ҳамдарду ҳамғам будани онҳоро собит менамояд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Саъдӣ дар бобати омўхтани дониш, илму амал, ҳунар ва ҳунарварӣ анъанаи гузаштагонро идома дода, зарурати аз бар намудани илму донишро барои ҳар як инсон муҳим меҳисобад:

Илм чандон ки бештар хонӣ,

Чун амал дар ту нест нодонӣ,

На муҳаққиқ бувад, на донишманд,

Чорпое бар ў китобе чанд.

Саъдӣ ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа, махсусан ба синфи ҳоким панд медиҳад, ки дар ҳамаи кору бор, дар зиндагии ҳамарўза қаноатпеша бошанд. Зеро қаноатпешагӣ ҳам ба синфи ҳоким ва ҳам ба табақаи доро муфид аст. Саъдӣ ҳирси ҳокимону дороёнро дида, чораи онро аз қаноат кардан дидааст:

Гуфт: Чашми танги дунёдорро

Ё қаноат пур кунад, ё хоки гўр.

Дар бобати одобу маданияти забону гуфтор бисёриҳо сухан рондаанд. Забонро ҳамчун калиди дониш ва маърифат маҳсуб дониста, онро ба калиди ганҷи хирад монанд мекунад. Вале аз тарафи дигар, хомўширо аз ҳама авло медонад:

Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,

Ки ҷавҳарфурўш аст ё пилавар.

Саъдӣ дар бобати одоби сухан афзуда, дар вақти зарурат сухан гуфтан ва лаҳзаи нолозимӣ хомўш монданро одоби сухан ва суханварӣ медонад:

Агарчи пеши хирадманд хамўшӣ адаб аст,

Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кўшӣ.

Саъдӣ таъкид менамояд, ки шахси донишманд дар муомила бо ашхоси нодон бояд нозукбин бошанд. Ҳикояти Ҷолинуси ҳакимро оварда, бо онҳо даст ба гиребон шуданро нишонаи нодонӣ мешуморад.

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабукбор.

В-агар аз ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,

Агар занҷир бошад, бигсилонанд.

Яке аз одобу маданияти сухан роҳ надодан ба такрор гуфтан аст:

Сухан гарчи дилбанду ширин бувад,

Сазовори тасдиқу таҳсин бувад,

Чу як бор гуфтӣ, магў боз пас,

Ки ҳалво чу як бор хўрданд, бас.

Андеша кардан ва дар сухангўӣ эҳтиёт буданро низ яке аз одоби сухан мешуморад:

Дар сухан бо дўстон оҳиста бош,

То надорад душмани хунхор гўш.

Пеши девор он чӣ гўӣ ҳуш дор,

То набошад дар паси девор гўш.

Ҳамин тариқ, суханҳо ва панду андарзҳои Саъдӣ тўли солиёни дароз ба мардум хизмат карда истодааст. Асрҳо гузашта бошад ҳам, аҳамияти тарбиявии ахлоқии худро аз даст надодааст

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

2 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов