Андозҳо
Дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд ҳар ду навъи даромад аз андозҳо – пулию молӣ ва бегорӣ, яъне бе музд кор фармудан мавҷуд буд. Ба фоидаи давлат ва сарватмандон кишоварзон, косибон ва дигар қишрҳои бебизоати ҷомеа андозҳои зиёде, мисли хироҷ, таноб, закот ва ғайра месупориданд. Дар шаҳрҳо ва деҳот раванди ситонидани андоз аз тарафи девонбегӣ, амлокдор, амин, арбоб ва оқсақолҳо иҷро мешуд. Онҳо ба ҳокимон андозҳои ҷамъоваришударо супорида, забонхат гирифта, барои ин хидмати худ на аз ҳоким, балки аз андозсупорандагон ҳаққи заҳмат меситониданд.
Шакли гуногуни истисмори деҳқонон тақрибан дар ҳамаи навъи андоз аз замин мушоҳида мегардид. Махсусан, аҳволи сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ниҳоят вазнин буд. Дар болооби Зарафшон кишоварзони безамин 25 дарсади аҳолиро ташкил медоданд. Онҳое, ки чорвои корӣ надоштанд, маҷбур буданд ба сифати муздур кор кунанд.
Дар ибтидои асри XIX заминҳои хироҷӣ барои амиру хонҳо ва ҳокимон даромади зиёд меовард. Миқдори хироҷ аз ҳар таноб замин ба дараҷаи обёрии замин вобастагӣ дошт. Аз заминҳои обӣ аз чор як ва аз панҷ як ҳисса, аз заминҳои лалмӣ ба андозаи аз шаш як қисми ҳосил андоз меситонданд.
Аз деҳқонони деҳаҳои кӯҳистони болооби Зарафшон аз панҷ як қисми ҳосилро хироҷ мегирифтанд. Дар бекигариҳои Моғиёну Фороб хироҷ ба шакли мол (натура) гирифта мешуд, ки тахминан аз 14 то 20 ҳазор пудро ташкил мекард. Андозҷамъкунандагон дар Фалғар, Фон ва Яғноб хироҷро бо пул мерӯёниданд, дар Мастчоҳ бошад, нисфи он бо пул дода мешуд. Дар қисмати ҳамвориҳои водии Ҳисор хироҷро бо пули нақд, дар бахши кӯҳистонии он бошад, дар шакли мол меситониданд.
Аз боғу токзор, кишти юнучқа, полиз ва обчакорӣ андоз бо номи «танобона» ситонда мешуд. Дар аморати Бухоро солҳои 1807 –1808 аз ҳар таноб ба маблағи як тилло ё худ ба тариқи мол сеяки ҳосилро ба сифати танобпулӣ меситонданд. Дар хонии Хӯқанд ва баъзе ҷойҳои дигар ин андоз пулакӣ ситонда мешуд. Бинобар ин, «танобпулӣ» ном гирифтааст.
Барои ситонидани танобпулӣ замин дар ҳар се сол як маротиба андоза карда мешуд. Танобпулӣ ҳангоми муғча бастани дарахтон, яъне қатъи назар аз миқдори ҳақиқии ҳосил, рӯёнда мешуд. Дар ин маврид офати табиӣ, ки ба ҳосил зарар мерасонид, ба эътибор гирифта намешуд.
Вақте ки андозҳо бо пул ситонида мешуданд, пешакӣ нархи зироат муқаррар мегардид. Усулан, вай мебоист ба нархи бозор баробар меомад, аммо амалан онро хеле баланд мебардоштанд.
Дар баъзе мавридҳо дар Моғиён, Фороб, Киштут, инчунин, дар болооби Зарафшон ба ҷойи та нобпулӣ закот мерӯёниданд. Кафсан низ як навъи андоз буд.
Кӯчманчиёни чорводор ҳам закот медоданд. Аз ҳар 40 сар гӯсфанд як сар, аз ҳар 10 сар уштур низ як сар гӯсфанд дода мешуд. Кӯчманчиён инчунин, барои мансабдори худ як миқдор пулу молро ба сифати маоши онҳо медоданд.
Ҳунармандон ва тоҷирон низ ҳангоми фурӯхтани моли худ ба хазинаи ҳоким андоз месупориданд. Ба ҷуз андози «тарозупулӣ» ва «тахтиҷой» дар бозор боз аз онҳо андози махсус, ба мисли «далолипулӣ» низ меситониданд.
Барзгарон ва ҳунармандоне, ки дар корҳои таъмири ҷӯйбору дарғотҳо иштирок намекарданд, «боқипулӣ» ном андоз месупурданд.
Ба замми ин хироҷу маҷбуриятҳои маъмул боз бисёр андозҳои дигар низ мавҷуд буданд. Онҳо махсусан, дар давраи амалиёти ҳарбӣ вусъати зиёд пайдо мекарданд. Яке аз ҳамин гуна андозҳои фавқулода «ҷул» буд, ки пардохти он барои аҳолӣ хеле гарон меафтод. Масалан, амир Насруллоҳ дар арафаи омодагиҳо ба юриши Хуҷанд дар муддати се рӯз 100 ҳазор туман пул ҷамъоварӣ намуд. Ҳангоми ҷанг ё баъди ба охир расидани он ғолибон аз мағлубон ба ном «пайпулӣ» ё «амонпулӣ» андоз мегирифтанд. Ҳаҷми он ба худсарии ғолиб вобаста буд.
Ҳангоми рӯёндани андозҳо андозгирандагон ба суиистеъмоли вазифа роҳ медоданд. Аз маврид истифода бурда, аз мардум ба ҳаҷми зиёд молиёт меситонданд. Андозгирандагон, бек ва хазинадор аз ҳисоби андоз дуздӣ мекарданд. Вазъи деҳқонон ва дигар қишрҳои бебизоати ҷомеа боз аз он мушкил мегардид, ки маъмурон аз давлат маош нагирифта, аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳо зиндагӣ ба сар мебурданд. Амир фақат бо ҳамин қаноат мекард, ки миқдори муайяннамудаи андоз пурра ҷамъоварӣ гардида, ба хазинаи ӯ ворид шавад.
Хироҷу молиётҳои иловагӣ ва маҷбуриятҳои гуногуни меҳнатӣ, алалхусус, дар Бухорои Шарқӣ ҳадду ҳисоб надоштанд. Ба деҳқонон лозим меомад, ки маҷбуриятҳои гуногунро низ иҷро намоянд. Яке аз маҷбуриятҳои хеле вазнин ҳашар буд. Ҳашар дар корҳои маҷбурие, ки деҳқонон бояд иҷро мекарданд, мисли сохтан ва таъмир кардани наҳрҳо, иншоот, қалъаҳо, кӯпрукҳо, роҳҳо, инчунин, киштукор ва ниҳолнишонӣ дар заминҳои мир ё хон истифода мешуд. Гоҳе дар як ҳашар то 10 ҳазор кас иштирок мекард. Деҳқонон вазифадор буданд, ки ба ҳашар бо хару асп ва асбобу афзори худ ҳозир шаванд.
Дар хонии Хӯқанд муқарар гардида буд, ки ҳар як деҳқон бояд се рӯз дар ҳашар ширкат намояд. Ғизои одамон ва хӯроки чорворо хон ба зиммаи худ мегирифт. Дар водии Рашт муддати ҳашар 15 рӯз тӯл мекашид. Дар баъзе ҷойҳо деҳқонон ҳангоми ҳашар аз ҳисоби худ хӯрок мехӯрданд.
Дар Қаротегин ва Дарвоз аҳолиро маҷбур мекарданд, ки барои амалдорон ва ҳокимони худ ҳезум тайёр намоянд.
Дар Хӯқанд, Дарвоз ва Қаротегин давлат аз маблағи ақди никоҳ ва тақсими мерос низ андоз мегирифт. Дар ҷойҳои дигар ин маблағ ба қозӣ дода мешуд.
Дар сари пулҳо ва гузаргоҳҳо барои гузаронидани бор ва чорво боҷ ситонида мешуд. Бори гарони андозҳо бар дӯши деҳқонони бебизоат меафтод. Онҳо барои додани андозҳо аксар вақт пул пайдо карда наметавонистанд. Аз ҳамин сабаб онҳо маҷбур буданд, ки аз бойҳо пул ё маҳсулот қарз бигиранд. Барои қарзи гирифта мебоист чанд дарсаде (фоизе) илова намуда, баргардонанд. Ин кор ба хонахаробии касони бисёр сабаб мегардид. Деҳқонон маҷбур мешуданд, ки барои рӯз гузаронидан ба шаҳрҳои калон раванд, ки дар он ҷойҳо ба сифати мардикор, саис, машкоб ва боғбон кор мекарданд.
Дар ин замон ғулом кардан ва ба ғуломӣ фурӯхтани одамон дар шаҳрҳои бузурги аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд, мисли шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд ва Тошканд ба назар мерасид. Намояндагони синфи ҳоким на танҳо ғуломонро мефурӯхтанд, балки барои ҳамдигар инъом низ менамуданд. Соҳибмансабон ва заминдорони калон соҳиби даҳҳо ғулом буданд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо сарватмандони бухороӣ маъмулан, то 40 нафар ғулом доштанд. Манбаи ба даст овардани ғуломон ҷангҳои дохилӣ, тохтутоз ба ноҳияҳои шимолу шарқи Эрон, гуруснагӣ ва қашшоқии мардум буд. Дар баъзе ҷойҳо дар корҳои кишоварзӣ, косибӣ ва дигар машғулиятҳо меҳнати арзони ғуломон истифода мегардид. Ғуломон аз субҳ то шом кор карда, нимгурусна шабро рӯз мекарданд ва дар тан либоси порапора доштанд.
Сарчашма:
Аҳмад Махдуми Дониш дар бораи ситонидани андоз менависад: «Ва ҳамчунин дар обе, ки ҳанӯз аз манбаъ наҷӯшида, мироб ришва ситонад, ки аввал фалон касро об диҳад ва об ояду бигзарад ва он шахсро об нарасида бувад. Ё ба умеди омадани об чандин бор мардикори вилоят талабад, то наҳрҳо пок доранд ва аз омадаву наомада ду танга ба зулму ғасб биситонад. Ва ҳамаи ин пулҳо ба хазина оид шавад, ки ҳар моҳе ва ду моҳе чанд ҳазор танга ба номи мироб ва (ё) мири асас санад бинависанду бифиристанд, ки ин маблағ танга ба давлатхона равона кунад, ё ба фалон шахс бидиҳанд.
Ва боз ба ҳар деҳаву қишлоқ қаровулу нигаҳбон вазъ кардаанд, ки роҳҳо аз дузду роҳзан пок бошад. Инҳо аз ин пул, ки бад-ин наҳҷ ҷамъ мешавад, мавоҷиб мехӯранд. Ва агар касеро ба дари қаровулхонаи эшон бикушанду молаш бибаранд, касе аз эшон баромада тафтишу тафаҳҳус намекунад».
Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития. Душанбе, 2010, саҳ.74.
Савол ва супориш:
1) Дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд кадом навъи даромад аз андозҳо мавҷуд буд?
2) Соҳибмансабон аз ҳисобӣ кӣ маош мегирифтанд?
3) Хироҷ чӣ гуна андоз буд?
4) Аз чӣ чизе танобона меситониданд?
5) Боқипулӣ чӣ гуна андоз аст?
6) Андози ба ҳангоми ҷанг ҷамъоваришуда чӣ ном дорад?
7) Кадом кори маҷбурӣ дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд истифода мешуд?
8) Боҷ дар куҷо ситонида мешуд?
9) Дар бораи ғулом кардан ва меҳнати ғуломон маълумот диҳед.