• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Андешаҳои ахлоқи Мавлоно
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Андешаҳои ахлоқи Мавлоно

52 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.02.2024

Андешаҳои ахлоқи Мавлоно

Мавзӯи дӯстӣ, ҳамраъйӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ғазалиёти Мавлоно мақоми шоиста доранд. Зиндагӣ ва ҳаёти ибратомӯзи Ҷалолиддини Балхӣ шоҳиди ин гуфтаҳои мост. Маҳз ҳамин

дӯстӣ ва якдилӣ буд, ки дар сари кабри ӯ садҳо мардуми гуногунмиллат, гуногуноин ҷамъ омаданд ва бо як эҳтиром ҷасади ӯро ба хок супориданд.

Ҳамин дӯстӣ, ҳамин шеваи рафтор ва гуфторро Мавлоно дар эҷодиёташ илқо ва васф намуд. Таваҷҷӯҳ кунед ба ғазали «Ёрон ҳама пештар нишинанд».

Мо сӯҳбати ҳамдигар гузинем,

Бар домани ҳамдигар нишинем.

Ерон ҳама пештар нишинанд,

То чеҳраи ҳамдигар бубинанд.

Ин дам, ки нишастаем бо ҳам,

Май бар кафу гул дар остинем.

Аз хона ба боғ роҳ дорем,

Ҳамсояи сарву ёсаминем.

Ҳар рӯз ба боғ андароем,

Гулҳои шукуфта сад бубинем.

Ба назари Мавлоно бо дӯстони мувофиқ ва ёрони содик сӯҳбат оростан аҷаб кайфияте дораду гулҳои хушбӯйро нисори якдигар намудан сад арзандагй. Дар баробари ин Мавлоно дустони номувофиқи кинаҷӯ ва магруру худписандро сахт маломат менамояд. Онҳоро ба сулҳу салоҳ, ба якдигарфаҳмӣ, ба донистани қадри якдигар даъват менамояд. Ба андешаи Мавлоно бояд дӯст аз дӯст дар дил кина нагирад ва гаразҳоро аз дил биронад. Ҳамин аст расми дӯстию бародарӣ:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногах, зи якдигар намонем.

Каримон ҷон фидои дуст карданд,

Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.

Ғаразҳо тира дорад дустиро,

Гаразҳоро чаро аз дил наронем?

Сарҷамъӣ, иттиҳод ва якдигарфаҳмӣ метавонад ҳар лашкариро маглуб кунад. Бинобар ин, якдилу якмаром шудани инсонҳо гарави муваффақият аст:

Парокандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Ту ноз кунию ёри ту ноз,

Чун ноз ду шуд талоқ хезад.

Аз ноз шавад вилояте танг,

Дар дил сафари Ироқ хезад.

Ҳамин маъниро Мавлоно дар ғазали «Бар сафи Рустам занем» боз қам равшантар ба қалам додааст. Шоир ёронро ба сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ даъват намудааст:

Тар дам аз шодиву гар аз ғам занем,

Ҷамъ биншинему дам бо ҳам занем.

Мову ёрон ҳамдилу ҳамдам шавем,

Ҳамчу оташ бар сафи Рустам занем.

Гарчи мардонем, агар танҳо равем,

Чун занон бар навҳаву мотам занем.

Торҳои чангро монем мо,

Чун-к дарсозем, зеру бам занем.

Мо ҳама дар ҷамъ одам будаем,

Бори дигар ҷумла бар одам занем.

Вале ин панду андарзҳо, ин пешниҳоду орзуҳои Мавлоно ҷомаи амал напӯшиданд. Якдигарфаҳмӣ, якдилй дар байни подшоҳони кишварҳои мусулмон набуд, ки лашкари Чингиз шаҳру деҳоти бешуморро сӯзонд, мардуми бешуморро ба қатл расонд, илму фарҳангро хароб кард ва худи Мавлоно ва садҳо уламою удабо, қукаморо аз Ватан беватан гардонд. Ин ҳодисоту ин воқеот аз хотири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳаргиз ва то дами вопасинаш фаромӯш нагардид ва оҳу афгонаш ҳисоб надошт. У гоҳ-гоҳ дили дардмандашро бо шеъри нав таскин медод ва аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамуд, ки барои саркӯб ва шикасти душмани қаттоли миллаташ Шери Худою Рустами Дастонро бифрист. Зеро аз ин ҳокимону шоҳони бетона, аз ин халқи бепушту паноҳ умед нест:

3-ин халқи пуршикояпг гирён шудам малул,

Онҳою ҳуйу наъраи мастонам орзуст.

Гирёнтарам зи булбул, аммо зи рашки ом,

Мӯҳр аст бар даҳонаму афгонам орзуст.

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

3-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар поёни рӯзгор басо мустаманд ва дилшикаста шуда буд. Нахуст ёди Балхӣ вайрона мекарду дилаш реш-реш мешуд ва пасон дар айёми пирӣ вафоти фарзандонаш ӯро хеле музтар ва қалбашро дардманд гардонд. Дар ғазали «Дасти ман гир, эй писар» ҳолатҳои рӯҳӣ ва қалби ноорому гирёни хешро аҷаб пурсӯз ба қалам додааст:

Дасти ман гир, эй писар, хуш местам,

Эй қади ту чун шаҷар, хуш местам.

Не, биҳил дастам, ки ранҷур аз дил аст,

Дарди дилро гулшакар, хуш местам.

То ту рафтӣ, қуввати сабрам бирафт,

То ту рафтӣ, мам дигар хуш нестсии.

Даспщоро чун комар кум гирди мам,

Ҳин, ки ман бе им комар хуш местам.

Нотавомам, рафтам аз даст, эй Хаким,

Даст ба ман не у, магар хуш местам.

Сар ҳаме печам ба ҳар сӯ ҳамчунин,

Чист, яъне, ман зи cap хуш нестам.

Чашм мебандам ба ҳар дар то ба дер,

3-ом ки бе ту бо назар хуш нестам.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов