Амирони Бухоро
Соли 1800 амири Бухоро Шоҳмурод вафот кард ва ба ҷойи ӯ писараш амир Ҳайдар ба тахти аморат нишаст.
Намояндагони сулолаи Аштархониён (Ҷониён) худро аз авлоди пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад пиндошта, тахаллуси ифтихории “сайид”-ро ба номи худ пайваст мекарданд. Хонадони сулолаи Манғития бошад, аз ин ифтихор маҳрум буданд. Бинобар он, асосгузори ин сулола Муҳаммадраҳимхон духтари хони охирини сулолаи Аштархониён Абулфайзхонро (1711 – 1747) ба издивоҷи худ даровард. Бо ин ӯ мақсад дошт, ки насли ояндаи хонадони Манғития ба унвони муқаддас ва ифтихории «сайид» мушарраф гардад, вале аз ин никоҳ фарзанд нашуд.
Баъд аз ба сари ҳокимият омадан Шоҳмурод зани амакаш Муҳаммадраҳимхонро (духтари Абулфайзхонро) ба ақди никоҳи худ даровард. Аз ин издивоҷ се фарзанд таваллуд ёфт, ки писари калониаш Ҳайдар ном дошт. Азбаски ӯ аз духтари сайид таваллуд ёфта буд, бинобар он, аз амир Ҳайдар сар карда, то Олимхон (1910–1920) амирони Бухоро ба номи худ лақаби ифтихории «сайид»-ро ҳамроҳ карданд.
Дар солҳои аввали ҳукмронии амир Ҳайдар ба лашкари Бухоро муяссар гардид, ки ба Хева зарбаи шадид расонида, аз ҷониби ин хонигарӣ хавфи ҳуҷумро ба Бухоро бартараф намояд. Вале баъд аз чанд соли ин воқеа, ба сабаби заиф гардидани аморати Бухоро, хонҳои Хева, аз ҷумла Муҳаммадраҳимхони қунғурот, муттасил ба Бухоро ҳуҷум намуда, то деворҳои он расид.
Бо мақсади муттаҳид кардан ва мустаҳкам намудани давлати худ амир Ҳайдар ба саргаҳи Зарафшон ҳамла карда, Панҷакент, Фалғар ва Масчоҳро як муддат ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд. Муборизаи амир Ҳайдар бо ҳокими Шаҳрисабз, хони Хӯқанд ва Ӯротеппа хеле тӯлонӣ ва тоқатфарсо буд. Ба амир лозим омад, ки ба тарафи Ҳисор ҳам лашкар кашад.
Ӯ сиёсати падари худро дар бораи марказият додани давлат пеш бурда натавонист. Вай худро яке аз уламои замон пиндошта, дар мадрасаи арк, ки бо амри ӯ сохта буданд, ба дарсгӯйӣ машғул шуд. Амир Ҳайдар Қуръонро азбар карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ зоҳиди риёзаткаш набуд ва дар ҳарами худ духтарони зиёдеро ҷамъ меовард. Дар замони ҳокимияти ӯ саркашии ҳокимони маҳаллӣ дубора қувват гирифт. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои сершуморе, ки ба муқобили ҳокимони исёнгар ва ҳамсоягони хусуматпарвар анҷом меёфт, инчунин пардохти маоши беш аз ҳазор амалдор ва инъомҳои пулии ҳарсолаи аъёну ашроф, эҳтиёҷи моддии давлатро бештар мегардонид. Дар ин вақт харҷи амир ду баробар аз дахли ӯ зиёдтар буд. Андозҳое ба номи молиёт ва хироҷ, монанди қӯшунпулӣ, танобпулӣ, алафпулӣ, чӯбпулӣ, миробина, кафсан ва ғайра дубора ҷорӣ гардиданд. Ба замми ин, ғоратгариҳое, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ ба вуқӯъ меомад, ба сари мардуми меҳнаткаш мусибатҳои зиёде оварда, онҳоро боз ҳам қашшоқу бенавотар месохтанд. Дар ибтидои солҳои бистум асри XIX таназзули иқтисодӣ ва харобии саросарии кишвар рух дод. Афзудани ҷабру зулм ва истибдод боиси сар задани ошӯбҳо гардид. Яке аз калонтарини он ошӯбҳо шӯриши хитойқипчоқҳо буд, ки соли 1821 дар водии Миёнкол оғоз шуда, то соли 1825 давом кард.
Амир Ҳайдар якчанд писар дошт. Насруллоҳ – фарзанди дуюми ӯ мақсад дошт, ки ҳарчи зудтар ба тахти Бухоро соҳиб шавад. Ӯ ҳокими Қаршӣ буд ва падараш амир Ҳайдарро ба хатнасури писараш Музаффар ба он шаҳр даъват намуд. Падараш дар тӯй ширкат варзид, аммо дар роҳи бозгашт ба Бухоро бемор шуд, зеро ки писараш Насруллоҳ ба хӯроки падар заҳр андохта буд. Амир Ҳайдар баъди 18 рӯзи беморӣ соли 1826 дар синни 48-солагӣ аз дунё гузашт.
Писари калонии амир Ҳайдар – Мир Ҳусайн ба тахти Бухоро нишаст. Қӯшбегии амир Ҳакимбий бо Насруллоҳ забон як карда, ба Мир Ҳусайн низ заҳр дода, ӯро ба ҳалокат расониданд. Мир Ҳусайн 76 рӯз ҳукмронӣ кард, вале пеш аз вафоташ ӯ бародараш Мир Умарро аз Кармина даъват намуда, ба ҷойи худ амир таъйин кард.
Ҳукмронии Мир Умар камтар аз ду моҳ давом кард. Ӯ бештар ба айшу ишрат машғул шуда, ба корҳои давлатӣ аҳамият намедод. Ин бепарвоӣ сабаби норозигии аъёну ашроф ва мардуми Бухоро гардид. Аз ин вазъият истифода намуда, Насруллоҳ бо мақсади ишғоли тахти Бухоро ба сӯйи ин шаҳр лашкар кашид. Барои ба ҳадаф расидан ба ӯ қӯшбегӣ Ҳакимбий кумак мерасонид. Мир Умар маҷбур шуд, ки аз Бухоро фирор намояд. Баъд аз якуним сол ӯ дар Хӯқанд вафот кард ва ҷасадашро оварда, дар Бухоро дафн карданд.
Насруллоҳ соли 1826 ба тахти Бухоро соҳиб шуда, то соли 1860 ҳукмронӣ намуд. Ӯ фавран се бародари дигари худ– Зубайрхон, Ҳамзахон ва Сафдархонро бо зану фарзандонаш қатл намуда, аз даъвогарони тахти амирӣ худро эмин намуд. Барои ин ки асрори ба тахт соҳибшавиаш пинҳон бошад, Насруллоҳ қӯшбегӣ Ҳакимбийро низ ба қатл расонид. Дар давоми як моҳи пас аз ҷулуси худ Насруллоҳ ҳар рӯз аз 50 то 100 нафарро ба қатл мерасонид. Насруллоҳ дар ибтидои 7 – 8 соли ҳукмронии худ ҳамаи дарбориёни падараш, наздикон, сипоҳиёни ӯро аз вазифаашон маҳрум намуда, қатл кард ва молу мулки ҳар кадом ба манфиати хазинаи амир мусодира шуд. Ӯ бо ғаддорӣ ва хунхории аз ҳад зиёд аз дигар амирони манғития фарқ мекард. Барои ин ба вай мардум лақаби «Амири қассоб»-ро дода буданд. Давраи ҳукмронии амир Насруллоҳ бо бадкирдорӣ, қатлу куштор, хиёнат, бешарафӣ ва ҳирсу ози гӯшношунид ном баровард.
Амир Насруллоҳ ба Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Хӯқанд ва Хева муттасил лашкар мекашид. Кӯшишҳои ӯ дар бораи ба ҳайати аморати Бухоро баргардонидани вилоятҳои соҳили чапи дарёи Ому, ки акнун ба тасарруфи амирони афғон даромада буданд, натиҷа набахшид.
Амир Насруллоҳ бо мақсади ҳокими мутлақ гаштан чораҳои ниҳоят бераҳмона дид. Он амирон ва сарони сипоҳро, ки андаке норозиятӣ изҳор мекарданд ва ё майли ҷудошавӣ доштанд, ба қатл расонида ва ё худ бадарға намуда, молу мулкашон мусодира мегардид.
Соли 1842 ӯ беки Мастчоҳ Ботурхоҷаро ба Бухоро даъват намуда, ба қатл мерасонад. Соли 1858 Амир Насруллоҳ дар яке аз лашкаркашиҳои худ ба (1826 – 1860) Ӯротеппа ба амир Насруллоҳ муяссар мешавад, ки шаҳрро ишғол намояд ва ҳокими он Рустамбек бо дастури вай кушта мешавад.
Амир Насруллоҳ дар пойтахт барои амнияти ҳокимияти худ ҳуқуқи қӯшбегиро маҳдуд намуд. Соли 1837 амир Насруллоҳ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронид. То ин вақт лашкари Бухоро аз ду қисмат иборат буд: яке навкарҳо, ки бидуни муҳлат хизмат мекарданд, дигаре қарачирикҳо, ки сершумор буданд. Ғайр аз навкарҳо шогирдпешаҳо низ буданд. Онҳо хизмати қисми тайёрии лашкарро адо мекарданд. Навкарҳо ба ду қисм – ба мерганҳо ва найзадастон ҷудо мешуданд. Мерганҳо бо туфанг ва ё камон, найзадастон бо найза мусаллаҳ буданд. Қисми махсуси лашкарро силоҳи оташфишони тӯп ташкил медод, ки ба он тӯпчибошӣ фармонравоӣ мекард.
Қарачирикҳо аксар вақт бесилоҳ буданд. Мардони бе силоҳ, аз рӯйи амри амир, ба ҳангоми зарурат белу каланд ба даст мегирифтанд.
Асоси қисми муназзами лашкари амир асирони рус, форсҳо ва дигарон буданд. Барои онҳо либоси махсуси низомӣ ҷорӣ шуда буд. Ҳамаи сарбозони ин қисм мусаллаҳ буданд.
Соли 1860 Насруллоҳ–ин амири золими хунхор аз тарафи зани ба зӯр гирифтааш–духтари беки Шаҳрисабз Кенагасхоним ба ҳалокат расонида шуд. Мувофиқи баъзе ривоятҳои таърихӣ Кенагасхоним ҳангоми хоб ба гӯши амир Насруллоҳ симоб рехтааст. Амир Насруллоҳ аз дарди ҷонкоҳ бедор шуда, пеш аз марг фармудааст, ки он зан ва ҳамаи фарзандони ӯро кушта, ба чоҳ партоянд.
Сарчашма:
Ахбори Мирзо Шамси Бухорӣ оид ба вафоти амир Шоҳмурод: «Амир Шоҳмурод дар соли 1199 ҳ.қ (1785) пас аз барканории Абулғозихон зимоми ҳукмронии Бухороро дар даст гирифт. Амир пас аз шонздаҳ соли ҳукумат дар соли 1215 ҳ.қ. (1800) ба синни шастусесолагӣ мурд ва дар ҷивори (ҳамсоягии) мазори ҳазрати Ҳоҷӣ Ҳабибуллоҳ…, ҷониби Ҷӯйбори Бухоро мадфун гардид. … Амир фармонравои неруманд ва пуртавон буд. Ӯ сарзаминҳои кишоварзиро густариш дод. Бисёре аз молиётро, ки дар замони падараш Дониёлбек вазъ шуда буд ва барои мардум сангин ва тавонфарсо буд, лағв (бекор) кард. Дар замони вай Осиёи Марказӣ ба се амирнишин: Бухоро, Хева ва Хӯқанд тақсим гардид, ки маркази сиёсии онҳо Бухоро буд».
Мирзо Шамси Бухорӣ. Таърихи Бухоро, Хӯқанд ва Кошғар.Теҳрон, 1998, саҳ. 159.
Маълумоти Аҳмади Дониш дар бораи усули давлатдории амир Насруллоҳ: «Дар айёми ҳукумати худ касонеро, ки дар фитнаи элу улус машҳур шуда буданд, ё ба амирони собиқ кӯрнамакӣ карда, ҳамаро қаҳру қатъ кард ва давлатхоҳони худро нек истимолат дод…. Духтари раз (май) дар асри ӯ дар пардаи исмат (бегуноҳӣ) нишаст ва бонги наю даф аз даҳлезҳо ба зӯр берун меомад ва дар ҳамаи вилоятҳо, ки бо падари ӯ мухолафат медоштанд, мухолифонро гӯшмол ва воҷибе дод ва давлати ӯ бастату (вусъату) фасҳат гирифт, то Хӯқанду Кеш ҳама мутеъ ва мунқоди (мутеи) ӯ шуданд.
…Ин маслакро (роҳро) ҳам аз падари худ омӯхта буд, ки амир Ҳайдар баъд аз он ки ба фитна ва мухосамаҳои (низоъҳои) элу улус (қабилаҳо) воқиф шуд, аксар умарои элдор (соҳибқабила) ва номварро бар замин нишонда, он гоҳ ба фароғат ҳукмронӣ менамуд. Ин шева агарчи барои ҳифзи давлат дар зоҳир мурзӣ афтад, лекин дар охир зарари бисёр ба ҳавошии салтанат расонид, зеро ки ҳеҷ касе дар айёми давлати писари ӯ (ки амир Насруллоҳ аст) аз уҳдаи ҳеҷ коре барнаёмаданд ва вилоятҳоро ба хасм тафвиз (вогузор) намуданд.
Муҷмалан он ки баъд аз он ки санаи ҳиҷрӣ аз панҷоҳ (бар ҳазору ду сад) (1834) мутаҷовиз шуд, таназзул дар умури миллатӣ ва давлатӣ рӯй додан гирифт. Чун амир Насруллоҳ шеваи ярғу (низоъ) ва мусодара бар гардани сипоҳ ниҳод, уммолу (ҳокимону) мутасаррифон (моликон) ночор ба зулм даст ниҳоданд. Уламо низ аз гирифтани гири ӯ битарсиданд ва бо хушомад фатвоҳои мулоим (мувофиқ) медоданд ва касеро маҷол намонд, ки ҳақиқати шаръро бар амир тавонад маълум кард».
Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития. Душанбе, 2010, саҳ. 34-35.
Санаҳои муҳим:
1800 – вафоти амир Шоҳмурод
1826 – аз олам гузаштани амир Ҳайдар
1826 – ба тахти Бухоро нишастани амир Насруллоҳ
1837 – ислоҳоти ҳарбии амир Насруллоҳ
1842 – қатли беки Мастчоҳ Ботурхоҷа аз ҷониби амир Насруллоҳ
1858 – қатли ҳокими Ӯротеппа Рустамбек аз ҷониби амир Насруллоҳ
1860 – ба ҳалокат расидани амир Насруллоҳ
Савол ва супориш:
1) Шарҳ диҳед, ки ба чӣ сабаб намояндагони сулолаи Манғитиён ба унвони ифтихории «сайид» ноил гардиданд?
2) Дар бораи ҳукмронии амир Ҳайдар маълумот диҳед.
3) Чаро дар замони ҳукмронии амир Ҳайдар дар кишвар таназзули иқтисодӣ ва харобии саросарӣ рух дод?
4) Сабаби аз олам гузаштани амир Ҳайдар дар чӣ буд?
5) Дар бораи ҳукмронии кӯтоҳмуддати Мир Ҳусайн ва Мир Умар маълумот диҳед.
6) Амир Насруллоҳ бо мақсади аз даъвогарони тахти амирӣ худро эмин намудан ва ҳокими мутлақ шудан, кадом корҳоро амалӣ намуд?
7) Ислоҳоти ҳарбии амир Насруллоҳро шарҳ диҳед.