• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Амалиётҳои лизингӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Амалиётҳои лизингӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ / Реферат

59 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
05.02.2024

Амалиётҳои лизингӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ

Нақша:

1. Таърихи пайдоиш ва тараққиёти лизинг.

2. Моҳияти созишномаи лизингӣ.

3. Хавф дар амалиётҳои лизингӣ. Мӯҳлат ва арзиши лизинг.

4. Таснифи амалиётҳои лизинг дар бонкҳои тиҷоратӣ.

1. Таърихи пайдоиш ва тараққиёти лизинг.

Лизинг – аз калимаи англисӣ гирифта шуда мафҳуми ба иҷора доданро дорад ва дар замони муосир як қисми даромади давлат ва ширкатҳо гуногуни миёнарав ва ё иҷозатнома гирифта мебошад.

ҳанӯз муомилаи лизингӣ то солшумории (эраи) нав дар давлатҳои Юнон гузаронида мешуд. То солшумории нав дар давлати Шумер солҳои 350 –м мафҳуми «Боигарӣ дар истифода аст» аз тарафи Арасту навишта шуда буд.

Монанд ба амалиётҳои лизингӣ дар Венетсия асрҳои XI муомилаи лизингӣ гузаронида мешуд, вале рушди муомилаи лизингиро дар асрҳои 19 соли 1877 дар Англия бо ширкати телефонии «Белл» алоқаманд мекунанд. Ин ширкат натанҳо маҳсулоти истеҳсолшударо мефурӯхт, инчунин қисми ин маҳсулотро ба иҷора пешниҳод мекард. ҷамъияти аввалин соли 1952 дар Сан – Франсиско корпоратсияи лизингии «Юнайтед стайтс» ташкил карда шуд ва ватани намуди нави тиҷорат гардид. Даромад аз ин намуди тидорат нимаи солҳои 60- ум Амрико бо маблағи 1 млрд долл. – ро ташкил кард ва авали солҳои 80 – ум ба 110 млрд баробар шуд. Дар Амрико амалиётҳои лизингӣ яке аз даромадтарин тиҷорати иқтисодиёт ҳисобида шуд.

Дар Аврупоӣ ғарбӣ аввалин ҷамъиятҳои молиявӣ – лизингӣ солҳои 50 –уми асри XX ташкил шуда бошад ҳам, аз сатҳи қонунӣ он ҳо мукаммал нагардонида буданд. Рушди амалиётҳои лизингиро дар Аврупо бо Фаронса алоқаманд мекунанд. Соли 1987 дар Фаронса 56 ширкатҳои лизингӣ ташкил шуда буданд, ки дар як сол ҳаҷми шартномаи 57 млрд. франкро бо моликияти манқул (намдҳои гуногуни нақлиёт) доштанд ва инчунин 94 ширкатҳое, ки асосан амалиётҳоро бо моликияти ғайриманқул (хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо) амали мекарданд.

Дар замони муосир қисми асосии бозори ҷаҳонии муомилаи лизингӣ дар бозори ҷаҳонии сегона «ИМА – Аврупои ғарбӣ — ҷопон» мутаҳид гардонида шудааст.

Дар баъзе аз давалтҳо мақомотҳои давлатӣ барои нигоҳдории тиҷоратӣ хурд лизинг истифода менамоянд.

Лизинг – иҷораи дарозмуддати воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот, бино, иншоот мебошад, ки бо баохиррасии мӯҳлати шартнома иҷорагиранда метавонад онро бозпас гардонад ва ё бо бақияи монда онро харидорӣ намояд. Инчунин рендит – иҷораи кӯтоҳмуддат ва хайринг – иҷораи миёнамӯҳлати воситаҳои асоси дар асоиси қонуногузории бисёр давлатҳо тасдиқи худро ёфтааст.

Лизинг – зиёда аз 3 сол;

Хайринг – аз 1 сол то 3 сол;

Рендит – то 1 сол.

Ширкати лизингӣ асосан ширкати фаръии бонк мебошад. Бозори муосири хизмати лизингӣ шаклҳои гуногуни лизингро тавсиф намуда, тамсилаи шартномаи лизинг ва меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки амалиётҳои лизиингро танзим менамояд, ба амал мебарорад. қонунгузории ҷТ лаҳзаҳои асосиро муайян кардааст, ки тарафи ҳуқуқии лизинг қа амалиётҳои лизингиро танзим менамояд. Лизинг бо қонуни ҷТ «Оиди иҷораи молиявӣ» (лизинг) танзим карда мешавад. қонун дар Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии ҷТ 22. 04. 2003 таҳти № 9 қабул шудааст. Дар қонун нишон дода шудааст, ки «қонуни аслӣ асосҳои умумӣ ва иқтисодии иҷораи молиявиро муайян мекунанд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ва муносибатҳои дар раванди иҷроиши фаъолияти лизингӣ бармеомадаи ҳуқуқиро танзим менамояд».

Дар кодекси андози ҷТ субхектони андозбандишавандаи амалиётҳои лизингӣ муайян гардидаанд ва ҳамчунин мафҳум ва объектҳои андозбандишаванда низ муқаррар гардидаанд.

Бо қарори Маҷлиси Олӣ аз 19 апрели соли 2003 №1113 Конвенсияи УНИДРУА «Оиди лизинги молиявии байналмиллалӣ», ки 22.05. 1988сол имзо карда шудааст, дар шаҳри Оттава )пойтахти Канада) тасдиқ карда шуд. Конвенсияи УНИДРУА меъёрҳои байналмиллалии муносибатҳои лизингиро муайян мекунад, ҳуқуқӣ иштироккунандагони амалиётҳои лизингиро муайян ва таъмин мекунад. Таррақиёти амалиётҳои лизингиро дар дастурамалҳои давлатии комитетҳои сохтмон ва архитектура, дар дастурамалӣ Вазорати саноати ҷТ нишон дода шудааст.

2. Моҳияти созишномаи лизингӣ.

Асоси муносибати лизингро иштироккунандагон созишномаи лизингӣ (иҷорагиранда, иҷорадиҳанда, таъминкунандагон, иштироккунандагони мустақим) ва инчунин бонкҳои тиҷоратӣ, объекти муомилаи лизингӣ ташкил мекунад.

Лизинг – ин ташкилоти махсуси муносибати қарзӣ ва иҷоравӣ, намуди фаъолияти тиҷоратӣ мебошад, ки маблағҳои молиявии ҷамъшуда барои сармоягузорӣ равона карда мешавад.

Шартномаи лизингӣ – шартномаемебошад, ки иҷорадиҳанда ӯҳдадор мешавад он моликияте харад, ки дар созишномаи бо иҷорагиранда бастаи иҷорадиҳанда бо пардохти муайян барои истифодаи муваққатӣ пешниҳод менамояд. Мизоҷ – иҷорагиранда ӯҳдадор мешавад, ҳар семоҳ як маротиба пардохтҳои лизинги дар созишнома муқаррар гардидаро пардохт намояд.

Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ – иқтисодӣ фарқият байни иҷора ва лизинг мавҷуд нест, вале дар ИМА ва Олмон мафҳуми лизинг бештар истифода мешавад. Дар қонунгузории дигар давлатҳо мафҳуми лизинг дар алоҳидаги нишон дода шудааст. Мафҳуми фарқкунандаи иҷораи молиявӣ ҳамчун хусусияти муомилаи сетарафа ба пуррагӣ дар конвенсияи байналмиллалӣ, ки соли 1988 дар шаҳри Оттава тасдиқ гардида буд, ифода ёфтааст (ҳуҷҷат дар институти байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи шахсӣ ба мӯҳлати 15 сол коркард шудааст).

Бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд мустақиман дар тиҷорати лизингӣ иштирок намуда, иҷорадиҳанда ва ҳамчунин қарздиҳанда, кафолатдиҳанда баромад мекунанд. Назар ба ширкатҳои лизингӣ бонк бартариятҳои муҳим дорад ва барои гузаронидани амалиётҳои лизингӣ танҳо ҷудо намудани гурӯҳи махсус ё шӯъба талаб карда мешавад.

Афзалияти амалиётҳои лизингӣ барои бонк даромаднокии зиёди он аст. Бо ҷори намудани амалиёти лизингӣ бонкҳо соҳаи хизматрасонии худро васеъ мегардонанд.

Бо харидани таҷҳизоти лизингӣ бартарии он аз қарз муайян шудааст. Лизинг гарав ё кафолатҳои иловагиро талаб намекунад, дар муомилаи лизингӣ таҷҳизоти ба иҷора гирифташуда гарави ин амалиёт ва моликияти хусусии иҷорадиҳанда мебошад. Ба таъхир андози арзиши иловашуда дар амалиёти қарзӣ мавҷуд нест, вале дар лизинг ҳаст. Дар хиридан ё гирифтани таҷҳизот ба қарз корхонаҳо ӯҳдадоранд андози арзиши иловашуда ба пурраги пардохт намоянд. Вақте, ки ширкат объекти лизингро мегирад, андози арзиши иловашударо қисм –қисм бо пардохтҳои лизингӣ пардохт менамояд, ки қисми зиёди воситаҳоро дар гардиш нигоҳ медорад.

Муомилаи лизингӣ одатан 2 – 3% арзиши зиёд дорад, вале аз ҳисоби сарфаи имтиёзҳои андозӣ назар ба қарз васеътар истифода мешавад. Лизинг имконият медиҳад, ки моликият бо арзиши камтарин харидори карда шавад, зеро бо ба охиррасии шартномаи лизингӣ он бозпас гардонида шуда, истеҳлокии объекти лизингӣ дар давраи истифодабарӣ нисбат ба гирифтани он ба қарз 3 маротиба ҳисоб карда мешавад.

Лизингро шахсони инфироди истифода карда наметавонанд, зеро дар қонунгузории амалкунанда ҷТ «Иҷораи молиявӣ» ва «Кодекси граҷданӣ» нишон дода шудааст: «моликияте, ки ба лизинг гирифта шудааст, танҳо барои мақсадҳои соҳибкорӣ бояд истифода шавад». ҳолатҳое маълум аст, ки бонкҳо схема гуногуни қарзро коркард мекунанд, ки шахсони воқеӣ аз он истифода менамоянд, вале шартномаи муомилаи лизингӣ бо шахсони воқеӣ баста намешавад. Объект дар муомилаи лизингӣ танҳо воситаҳои асосӣ, яъне моликияти истеҳлок мешуда баромад карда метавонаду халос. Объекти лизинг активҳои ғайримоддӣ (коғазҳои қиматнок, ҳуқуқи муаллифӣ, барномаҳои компутерӣ), қисмҳои эҳтиётӣ, либосҳои махсус ва сӯзишворӣ шуда наметавонад.

Дар ҷаҳон одатан ду намуди мафҳуми лизинг дар давлат истифода мешавад: саҳми лизинг нисбат ба Маҳсулоти умумии дохилӣ ва саҳм дар сарчашмаи маблағдиҳӣ (сармоягузорӣ). Дар оғози соли 2006 дар Руссия ин нишондиҳандаҳо 2 – 7%, дар соли 1985 дар Авсралия – 35,8%, Аврупо – 17%, ИМА – 30% ташкил мекард.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов