• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Амалҳои арифметикӣ дар системаҳои ҳисоби мавқеӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Амалҳои арифметикӣ дар системаҳои ҳисоби мавқеӣ / Реферат

151 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
30.01.2024

Амалҳои арифметикӣ дар системаҳои ҳисоби мавқеӣ

Амалҳои арифметикӣ дар тамоми системаҳои ҳисоби мавқеӣ аз рӯи қоидаҳои якхелаи ба ҳама маълум иҷро карда мешаванд. Бинобар он, мо иҷрои ин амалҳоро аввал барои системаи ҳисоби дуӣ дида мебароем.

Тавре маълум аст, дар системаи ҳисоби 2-ӣ ҳамагӣ ду рақам – 0 ва 1 истифода бурда мешавад, ки онҳоро мувофиқан рақамҳои дуӣ (binary digits) ном мебаранд. Мухтасар хондани ин ифода боиси тавлиди мафҳуми бит (bit) шудааст, ки зери он разряди адади дуӣ фаҳмида мешавад.

Амали ҷамъ. Ҷамъи ададҳо дар системаи ҳисоби 2-ӣ хеле сода аст. Асоси ин амалро ҷадвали ҷамъи ададҳои якрязрядаи дуӣ ташкил медиҳад. Аз ҷадвал дида мешавад, ки ҳангоми ҷамъи ду адади як пуршавии разряд ва гузариш ба разряди болоӣ амалӣ мегардад. Пуршавии разряд ҳамеша дар мавридҳое ба амал меояд, ки агар бузургии адад ба бузургии асоси система баробар ё аз он калон шавад.

Ҷамъи ададҳои дуии бисёрразряда низ мувофиқи ҷадвали овардашуда, бо баҳисобгирии гузаришҳои имконпазир, аз разрядҳои поёнӣ ба болоӣ амалӣ мегардад.

Масалан, дар расми тарафи рост амали ҷамъи ададҳои 1102 ва 112 оварда шудааст. Барои ба дурустии натиҷа – 10012 боварӣ ҳосил намудан, аввал ададҳои 1102 ва 112-ро ба системаи 10-ӣ табдил медиҳем ва баъд онҳоро ҷамъ мекунем:

1102 = 1∙22 + 1∙21 + 0∙2= 610;

112 = 1∙21 + 1∙2=310;

610 + 310 = 910.

Акнун худи натиҷаро аз системаи ҳисоби дуӣ ба даҳӣ баргардонида, мебинем, ки дар ҳақиқат дар ин ҳолат низ адади 9-и даҳӣ ҳосил шудааст:

10012 = 1∙23 + 0∙22 + 0∙21 + 1∙2= 910.

Амали тарҳ. Акнун тарзи иҷрои амали тарҳи ададҳои дуиро дида мебароем. Асоси онро ҷадвали тарҳи ададҳои дуии якрязряда ташкил медиҳад. Ҳангоми аз адади хурд (0) тарҳ кардани адади калон (1) амали қарзгирӣ аз разряди болоӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ҷадвал ин амал бо рақами 1-и хатчадор ишорат шудааст.

 

Тарҳи ададҳои дуии бисёрразряда низ мувофиқи ҷадвали тарҳи ададҳои дуии якрязряда, бо баҳисобгирии амалҳои имконпазири қарзгирӣ аз разрядҳои болоӣ иҷро карда мешавад. Масалан, дар расми тарафи рост амали тарҳи ададҳои пешинаи 1102 ва 112 оварда шудааст.

Амали зарб. Асоси амали зарби ададҳои дуиро ҷадвали зарби ададҳои дуии якразряда ташкил медиҳад. Зарби ададҳои дуии бисёрразряда низ аз рӯи ҳамин ҷадвал ва мувофиқи алгоритми зарби системаи ҳисоби мавқеии даҳӣ иҷро карда мешавад.

 

Ба сифати мисол тарзи зарб кардани боз ҳамон ду адади дуии 1102 ва 112-ро дида мебароем. Тавре аз расми дар тарафи рост овардашуда дида мешавад, дар ҳақиқат иҷрои амали зарб дар системаи ҳисоби 2-ӣ низ айнан ба мисли системаи ҳисоби 10-ӣ амалӣ гардонида мешудааст.

Амали тақсим. Тақсими ададҳои дуӣ низ ба мисли амали зарбашон аз рӯи алгоритми амали тақсими системаи ҳисоби мавқеии даҳӣ иҷро карда мешавад. Боз ба сифати мисол тақсими ҳамон ду адади дуии 1102 ва 112-ро меорем, ки ҳангоми амалҳои зарб, ҷамъ ва тарҳ оварда будем.

Амалҳои арифметикӣ дар системаҳои ҳисоби 8-ӣ ва 16-ӣ. Амалҳои арифметикии ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим дар системаҳои ҳисоби ҳаштӣ ва шонздаҳӣ низ ба мисли системаҳои ҳисоби даҳӣ ва дуӣ ва инчунин ҷадвалҳои мувофиқи ҷамъ, тарҳ ва зарб дар ин системаҳо иҷро карда мешаванд.

Танҳо ҳаминро ба эътибор гирифтан зарур аст, ки ҳангоми иҷрои амали ҷамъ бузургии гузариш ба разряди навбатӣ ва ҳангоми иҷрои амали тарҳ бузургии қарзгирӣ аз разряди болоӣ мувофиқи бузургии асоси ин системаҳо муайян карда мешавад. Масалан, дар расми дар тарафи рост овардашуда тарзи иҷрои амали ҷамъ дар системаи 8-ӣ ва тарзи иҷрои амали тарҳ дар системаи 16-ӣ нишон дода шудааст. Барои иҷрои амалҳои арифметикӣ бо ададҳо ва ифодаҳои дар системаҳои гуногуни ҳисоб додашуда бошад, зарур аст, ки онҳо аввал ба яке аз ин системаҳо оварда шаванд ва пас аз он амалҳои зарурӣ мавриди иҷро қарор гиранд.

Мисоли 1. Адади А10=25610-ро, ки дар системаи ҳисоби даҳӣ дода шудааст, ба системаи ҳисоби шонздаҳӣ гузаронидан ва бо истифода аз ҷадвали рақамҳои системаҳои ҳисоб натиҷаи ҳосилшударо ба системаи ҳисоби дуӣ табдил додан талаб карда шудааст.

Аз расм дида мешавад, ки натиҷаи амали тақсими адади 256-и даҳӣ ба бузургии асоси системаи 16-ӣ ба А10 = 25610 = =10016=A16 баробар будааст. Акнун адади шонздаҳии А16=10016-ро ба адади дуӣ табдил медиҳем.

Барои ин адади 1 0 0 -ро аз чап ба рост ба разрядҳо ҷудо мекунем. Азбаски тетради 016 ба 00002 ва тетради 116 ба 00012 баробар аст, бинобар он сифрҳои беаҳамияти чапи 1-ро партофта, ҳосил мекунем:

25610=10016=0001.0000.00002=1000000002

 

Мисоли 2. Адади А10=36510-ро, ки дар системаи ҳисоби даҳӣ дода шудааст, аввал ба системаи ҳисоби ҳаштӣ гузаронидан ва баъд бо истифода аз ҷадвали рақамҳои системаҳои ҳисоб натиҷаи ҳосилшударо ба системаи ҳисоби дуӣ табдил додан талаб карда шудааст.

Дар ин маврид низ, ҳангоми тақсимкунии адади даҳӣ ба системаи ҳисоби ҳаштӣ, мо ба мисли мисоли якум амал карда, барои аз системаи 8-ӣ ба системаи 2-ӣ баргардонидани адади ҳосилшуда бошад, ба ҷойи ҷадвали тетрадҳо аз ҷадвали триадҳо истифода мебарем. Ҳамин тариқ:

А10=36510=5558=А8=101.101.1012=1011011012=А2.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов