• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои муфид/Алюминий
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Алюминий

50 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
08.02.2024

Алюминий

Дар солҳои 70-уми асри гузашта дар Тоҷикистон як бахши муҳими иқтисод – металлургияи ранга, яъне саноати алюминий таъсис ёфт. « ТАДАЗ – Корхонаи алюминии Тоҷик» сохта шуд. Дар ҷумҳурӣ нерӯгоҳҳои нави пуриқтидор сохта мешаванд ва сохтмони боз як корхонаи алюминӣ ба нақша гирифта шудааст. Аммо масъалаи таъмини ин корхонаҳо бо заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ҳоло ҳам ҳалли худро наёфтааст. Кишвар ҳамасола садҳо ҳазор тонна гилхокро аз кишварҳои дигари ИДМ харидорӣ менамояд. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти зиёди корхонаи алюминиро бо гилхок аллакай солҳои 70-уми асри гузашта кони сиенитҳои нефелиндор «Турпи» бо захираи зиёда аз 300 миллион тонна маъдан пешакӣ таҳқиқ карда шуд. Ин кон дар масофаи 350 км аз қисмати шарқии корхонаи алюминий ҷойгир аст. Соли 1972 Институти алюминий-магнийи Шӯравӣ гузориши техникӣ-иқтисодиро дар бораи мақсаднок будани коркарди саноатии кони «Турпи»-ро омода намуда буд. Гузориши техникӣ-иқтисодӣ бар асоси нақшаи коркарди технологии сиенитҳои нефелиндори Академияи илмҳои Арманистон ва як қатор муассисаҳои дигари илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шудааст. Имконияти ба даст овардани консентрат тавассути бойгардонии кимиёвӣ ва коркарди гармӣ мушаххас шуда буд.

Дар наздикии кони сиенитҳои нефелиндори “Турпи” кони мармари “Ганчинское”, ки барои истеҳсоли оксиди алюминий зарур аст, кашф гардид. Ҷалби кони мазкур ба истеҳсолот ва таъмини корхонаи алюмини тоҷик бо ашёи хоми маҳаллӣ ҳанӯз ҳам масъалаи мубрам боқӣ мондааст. Аз ин рӯ Саридораи геология Тоҷикистон ҷиҳати бунёди заминаи ашёи хоми маҳаллӣ барои корхонаи алюминӣ ва корхонаи зарфсозии дар наздикӣ қарордошта корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Дар ин робита масъалаи таҳқиқи объектҳои зуҳуроти боксит ва гилхоки дорои таркиби баланд, ки солҳои гузашта кашф шуда буданд, дубора дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд, чунки набудани нақшаи технологии коркарди ин моддаҳо ба оксиди алюминий сабаби ба таъхир афтодани ин масъала гардид. Дар назар аст, ки таҳқиқоти техникиву иқтисодии муосир гузаронда шуда, мақсаднокии ташкили истеҳсоли оксиди алюминий бо дарназардошти кони «Турпи» санҷида шавад.

Tags:Алюминий

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Бармакиён
  • Забони форсӣ
  • Забони тоҷикӣ
  • Сосониён
  • Табрикот ва шеър барои Наврӯз – Наврӯз муборак
  • Саркаши аз хизмати ҳарби ҷиноят аст
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов