• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Маълумот дар бораи Microsoft Internet Explorer / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Маълумот дар бораи Microsoft Internet Explorer / Реферат

116 нафар дид 0

Муаллиф: umar
31.01.2024

Маълумот дар бораи Microsoft Internet Explorer

MicrosoftInternetExplorer

Мақсад: Маълумот додан дар бораи принсипи кори Microsoft Internet Explorer

Нақша:

  1. Шореҳи Internet Explorer
  2. Барнома барои табодули иттилоот OutlookExpress
  3. Барномаи FontPage Express-муҳаррири санадҳо ба забони NTML.

Оилаи барномаҳои ширкати Microsoft барои кор бо Интернет дар як мӯҳлати хеле кӯтоҳ, яъне тӯли солҳои 1995-1997 сохта шудааст. Дар ибтидо онҳо мисли барномаҳои ширкати Nescape Communication машҳур набуданд. Аммо баъди тавлиди силсилаи барномаҳои InternetExplorer, баъдан ҳамгироии (интегратсия) онҳо ба системаи амалиётии Windows 98 вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Ин махсусан ба бахши русии Интернет тааллуқ дорад. Чунин шуморида мешавад, ки беш аз 70% истифодабарандагон дар ҳоли ҳозир бо барномаҳои InternetExplorerкор мекунанд. Ҳар як барномаи ин оила барои ҳалли масъалаи мушаххас нигаронида шудааст. Ба оилаи барномаҳо барои кор бо Интернет инҳо дохил мешаванд.

-Шореҳи Internet Explorer-барномаи тамошои санадҳои WWW, шабакаҳои минтақавӣ ва интрасет

-барнома барои табодули иттилоот ва кор бо гурӯҳи иттилоотии OutlookExpress

–барномаи Netmeeting-воситаи гузарондани конференсияҳо тавассути Интернет ва ё дар шабакаи минтақавӣ бо имконоти даъват, интиқоли садо ва тасвири видео;

барномаи Netshow, ки имконият медиҳад дар Интернет санадҳои чандрасонаӣ нишон дода шаванд.

Барои ба кор даровардани шореҳ имкон дорад аз пиктограмма дар мизи корӣ истифода шавад.

Барномаи FontPage Express-муҳаррири санадҳо ба забони NTML.

Барои ба кор даровардани шореҳ имкон дорад аз аз пиктограмма дар Мизи корӣ ё қисми мувофиқи Менюи асосӣ истифода шавад.

Агар компютери шумо ба таври доимӣ ба Интернет пайваст бошад, дар тирезаи браузер саҳифае кушода мешавад, ки тибқи танзими (настройка) ҷорӣ он ҳамчун саҳифаи хонагӣ муайян шудааст. Дар акси ҳол шуморо лозим аст, ки пайвастшавии фосилавиро истифода кунед. Он ба воситаи папкаи системавии «Дастрасии фосилавӣ» (Удаленный доступ) дар барномаи «Мой компьютер» кушода мешавад. Баъди пайвастшавӣ дар равзанаи Internet Explorer саҳифаи хонагӣ кушода мешавад.

Баъдан шумо метавонед ба саҳифаҳо ва сайтҳои дигар ба воситаи гипериқтибосҳо ворид шавед ва ё адреси ресурсро ба панели Адрес ворид кунед.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов