• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Алоқамандии туризм бо дигар илмҳои таркибӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Алоқамандии туризм бо дигар илмҳои таркибӣ / Реферат

19 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
04.02.2024

Алоқамандии туризм бо дигар илмҳои таркибӣ

Зарурияти омӯзиши фаъолияти туристӣ аз аҳамияти рузафзуни ҳатмии ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадааст. Дар бахши иқтисодӣ, туризм як шакли даромадноки фаъолияти тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, он боиси фаъолгардии равандҳои иқтисодӣ мегардад, ба монанди:

— афзоиши вуҷуди сармоя ва даромад;

— рушди муассисаҳои нақлиётӣ, алоқа, хӯроки умумӣ;

— сохтмон;

— ташкили ҷойҳои корӣ ва ғайра.

Аҳамияти иҷтимоӣ – фарҳангии туризм дар нигоҳдошти мероси фарҳангӣва арзишҳои таърихӣ зоҳир мегардад.

Туризм ба инкишофи сатҳи маърифатнокӣ ва иқтидори фарҳангии кишвар, минтақа, шаҳр ё ҷои мушаххас таъсир мерасонад. Дар бахши иҷтимоӣ -сиёсӣ туризм ҳамчун воситаи муносибатҳои мусбии байни мамлакатҳои гуногун сулҳу ваҳдат, манфиатҳои дуҷониба ва эҳтироми онҳоро ба вуҷуд меорад.

Падидаи туризм дер боз шинохта шудааст, аммо туризм ҳамчун илми навин мебошад. Раванди ташаккулёбӣ қарор дорад ва ба илмҳои зиёди соҳавӣ такя менамояд.

Фанҳои махсуси соҳавии туризм ба монанди иқтисодиёти туризм, географияи рекреатсионӣ, туризми экологӣ, биосфера ва туризми педагогика ва равандшиносии туристӣ, менеҷменти туризм, бехатарии туризм, технологияи иттилоотӣ дар туризм, рекреалогия, падидашиносии туристӣ ва ғайра ҷадидан ба миён омадаанд.

Бо назардошти рушди илми туризм ва дар заминаи тадқиқоти мутахасисони туризм чунин алоқамандии фанҳои таркибӣ ба миён омадаст:

Туризм ва география. Дар асоси таъсироти мутақобила географияи туризм, географияи рекреатсионӣ, мамлакатшиносии туристӣ, минтақашиносии туристӣ, туризми минтақавӣ ташаккул ёфтааст.

Гузашта аз ин таъкид бояд намуд, ки туризм яке аз соҳаҳои асосии география маҳсуб меёбад;

Туризм ва иқтисодиёт дар асоси ин самти нав — иқтисодиёти туризм ба амал омадааст. Инчунин робитаи туризм ба иқтисодиёт зич буда, он падидаҳои нави иқтисодиро ба амал меорад;

Туризм ва фалсафа таъсири мутақобила боиси пайдоиши самти нав, ба монанди фалсафаи туризм, падидашиносии туризм ва саёҳат, фалсафаи меҳмондорӣ ва ғайра гардидаст;

Туризм ва иҷтимоиёт ба тавлиди чунин самт туризми иҷтимоӣ сабаб мегардад, зеро дар туризм симои асосӣ — истеъмолкунанда аст, ки дар ин ҳол моҳияти илмҳои иҷтимоӣ боло меравад;

Туризм ва иттилоот, техника, технология алоқамандии чунин шакл боиси пайдоиши илмӣ — амалии самтҳои нав — технологияи иттилоотӣ дар туризм, техника ва технологияи туризм мегардад;

Туризм ва экология. Дар натиҷаи бархурди туризм ва экология ягона самтҳои илмӣ ба монанди истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии туристӣ, экологияи туризм, туризми экологӣ, бехатарии экологӣ дар туризм ва ғайра ба вуҷуд меоянд;

Туризм ва ҳуқуқ — туризм чун дигар бахшҳои хизматрасонӣ танзими махсуси ҳуқуқиро талаб менамояд. Дар нимаи дуюми асри гузашта як қатор самтҳои назария ва амалияи туристӣ — ҳуқуқи туристӣ ташаккул меёбанд;

Илмҳои интихобӣ дар туризм.

Дар бисёр корҳои илмӣ мавҷудияти илми комплексӣ дар туризм инкор мегардад. Ғайр аз ин зарурияти ҷудо намудани тахассусият оид ба туризмро зарур намушуморанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов