• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании адабӣёти асрҳои XV-XVI / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании адабӣёти асрҳои XV-XVI / Иншо

344 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании адабӣёти асрҳои XV-XVI

Нақша:

  1. Инкишофи илмҳои дақик дар асрҳои XV- XVI
  2. Инкишофи илми адабиёт ва шеър
  3. Рушду нумӯи санъатҳо ва ҳунарҳои гуногуи

Хулоса

Қайд кардан зарур аст, ки ҳаёти илмй ва мадаый дар асрҳои XV-XVI дар сарзамини Осиёи Миёнаву Хуросон то як андоза рушду нумӯъ карда, пеш рафт. Зеро ки пойтахти империяи бузурга Темур – шаҳри Самарканд дар он да вру замон хеле сераҳолй буд ва дар байни марказҳои илмиву фарҳангии ҳамонвақта шӯҳрату мақоми хосае дошт. Темур аз тамоми мамлакатҳо ва кишварҳои истилокардааш ҳамаи олимону шоирон, фозилону донишмандон, наққошон, меъморон ва умуман, ҳунармандони чирадастро ба шаҳри бостонии Самарканд меовард.

Дар замони ҳукмронии фарзандони Темур, махсусан, дар замони ҳукмронии Шоҳрухмирзо шаҳри Ҳирот ҳам хеле ободу зебо шуда, гуфтан мумкин аст, ки яке аз дигар марказҳои илмиву адабӣ маҳсуб мешуд.

Дар шаҳри Самарқанди бостонӣ бо саъю талошҳои писари Шоҳрухмирзо – Улугбек аз ҳама бештар илмҳои дақиқ, аз ҷумла ситорашиносй, риёзй, ҳандаса, фалсафа инкишоф ёфта буданд. Мирзо Улугбек, аз рӯйи гуфтаи сарчашмаҳои илмиву адабй, худ як шахси фозилу донишманди машҳури замонаш будааст. Аз ин рӯ, дар Самарканд расадхонае бунёд намуда, тамоми олимонро

ба он ҷо даъват мекунад. Дар ин расадхона олимони зиёде кору фаъолият намудаанд. Ҳамчунин, ӯ мадрасаҳои зиёде месозад. Дар пештоқи яке аз мадрасаҳои худ чунин суханро кандакорй кардаает: «Талаби илм ба мардону занони мусулмон фарз аст». Пас аз марги Улугбек, дар Мовароуннаҳр, каме ҳам бошад, вазъият тағйир ёфт. Табиист, ки бо иваз шудани сулолаи Темуриён ва ба ҷойи онҳо омадани сулолаи Шайбониён дар ҳаёти сиёсй-иҷтимой ва илмй-адабӣ дигаргуниҳои куллие ба миён наомаданд.

Дере нагузашта, Исмоили Сафавй бар зидди сулолаи Шайбониён cap бардошта, шаҳри Ҳиротро ишгол кард. У худро вориси мазҳаби шиа эълон намуда, барои ҷорӣ намудани он дар Мовароуннаҳру Хуросон ба қатлу ғорати мардум машғул гардид.

Дар ин давраҳо дастовардҳои илмиву маданй нисбат ба давраҳои гузашта бисёртар ба вуҷуд омаданд. Олимону адибоне пайдо шудаанд, ки асарҳои пурарзиш меофариданд. Махсусан, асарҳои дар бораи илми арӯз, қофия ва санъатҳои бадей эҷодкардаи Амир Бурҳониддин Атоуллоҳ ва Ҳусайн Воизи Кошифй дар ин давру замон мақому мартабаи махсус доштанд. Муаллифони мазкур дар омӯзиш ва таҳлилу баррасй намудани санъатҳои шеърй назар ба гузаштагони худ қадами чашмрасе ба пеш гузоштаанд. Ғайр аз ин, асарҳое ба миён омаданд, ки дар онҳо омӯхтани санъати мусиқй, наққошиву рассомй, кандакорй, хаттотй ва дигар анвои меъморй мавриди таҳлилу баррасй қарор гирифта буданд. Аз маълумоти асарҳои мазкур чунин ба назар мерасад, ки дар ҳақиқат дар асри XV ва XVI санъати рассомй на танҳо дар Мовароуннаҳр, балки дар Хуросон низ ривоҷу равнақ ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин асрҳо ҳаёти адабй бештар дар шаҳрҳои Ҳироту Самарканд ва Табрезу Бухоро рушду нумӯъ кардаает. Дар шаҳрҳое, ки зикр намудем, марказҳои адабй вуҷуд доштаанд, ки онҳо бо якдигар додугирифт, рафту омад ва мубодилаи афкор доштаанд. Дар ин замон нависанда, шоир ва мутафаккири бузург Абдурраҳмони Ҷомй маркази адабие созмон дода буданд, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик таъсири бузурге гузоштааст. Ҷомй ҳамаи шоиронро ба ин марказ даъват намуда буданд. Абдурраҳмони Ҷомй асарҳо ва таълифоти онҳоро қироат намуда, дар охир ба онҳо маслиҳатҳо медод.

Зери тарбият ва сарпарастии Абдурраҳмони Ҷомй адибони зиёде камол ёфта, рӯйи кор омаданд, ки Алишери Навой ва

Камолиддини Беҳзод аз ҷумлаи онҳоянд.

Хулоса, дар асрҳои XV-XVI натиҷаи саъю кӯшишҳои роҳбарони адабии шаҳри Ҳирот самараи хубе дод. Дар ин асрҳо дар шаҳрҳои Самарканд, Бухоро ва Табрез низ марказҳои адабй кору фаъолият мекарданд, вале ин доираҳои адабй назар ба мактаби адабии Ҳирот заифтар буданд. Дар аввалҳои асри XVI шеъру шоирй дар Мовароуннаҳр ҳам инкишоф меёбад, вале мувофиқи нишондоди сарчашмаҳои адабй ҳаёти адабии Мовароуннаҳр нисбат ба ҳаёти адабии Хуросон маадудтар будааст.

Ҳаёти илмй-маданй ва адабй дар ин асрҳо пеш рафтааст. Вале ҳамаи он асарҳои офаридашуда, аз ҳама бештар ба табақаи болоии ҷамъият дастрас буданд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов