Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
- Мақоми наср ва рисолаҳои насрй дар зҷодисш адиб
- Ду асари пурарзиши ахлоқии ӯ: «Аинори Сухайлӣ» ва «Ахлоқи Мӯҳсинй»
Хулоса
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таърихи адабисш форсу тоҷик ҳамчун муаллифи асарҳои ахлоқӣ машҳур гардидааст. У, тақрибан, солҳои 20-уми асри XV дар деҳап Ьайҳақи ноҳияи Сабзавори Эрон ба дунё омадааст. Ҳусайн тақснлоти ибтидоиро дар ноҳияи Сабзавор гирифтааст. Ҳусайн Вонзи Коишфй барои омӯхтани илмҳои замонааш саъю кушиш на зақматҳои зиёде кашидааст. Аз ин рӯ, илмҳои забоиу адабиёт, фалсафа, нуҷум, ахлоқ, математика, фиқҳ ва илми каломро бо шаиқу ҳаваси зиёд аз бар кардаает.
Таъкид намудан лозим аст, ки Ҳуеайн пешаи ноизиро хеле хуб медонист ва дар Мовароуннаҳру Хуросон дар асрҳои XV- XVI шӯҳрати хосае дошт. Дар шаҳрҳои Нишопур ва Машҳад муддате воизй низ кардаает. У соли 1455 ба шаҳри Ҳирот омада, оиладор мешавад. Дар шаҳри Ҳирот ӯ бо намояндагони мактаби адабии Ҷомй ва шахеан бо худи ӯ шинос мешавад. Осори бузурги илмию адабии Ҳусайн хеле зиёд будааст. Гурӯҳе миқдори асарҳои ӯро зиёда аз 40-то медонанд, ки онҳо доир ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқй, ситорашиносй, риёзй, таърпх, санъати иншонависй, санъати воизй ва адабиётшиносӣ бахшида шудаанд. У дар асарҳои худ дар бораи 300 навъи санъатҳои бадей, аз қабили ташбеҳ, истиора, талмеҳ, таҷнис, тазод, тавсиф ва ғайраҳо маълумотҳои назариявй дода, фикру андешаҳои хешро бо ашъори адибону шоирони муосир ва гузашта тақвият медиҳад.
Асарҳои Ҳусайн, ки то ба мо расидаанд, инҳо мебошанд: «Кашфуласрор», «Махзанулиншо», «Рисолаи хотамия», «Анвори Суҳайлй». Ҳамаи ин асарҳо дар таърихи адабиёти мо хеле пурарзиш мебошанд. Вале, Хусайн Воизи Кошифй дар таърихи адабиёт маҳз бо ду асари ахлоқиаш: «Анвори Суҳайлй» ва «Ахлоқи Мӯҳсинй» шӯҳрати беандоза дорад. Ҳусайн Воизи Кошифй асари нависандаи асри XII Абулмуайяди Насрулло «Калила ва Димна»-ро, ки аз забони арабй ба забони тоҷикй тарҷума карда буд, аз нав кор карда баромада, ба он номи «Анвори Суҳайлӣ»-ро гузоштааст. Ҳусайн Воизи Кошифй дар «Анвори Суҳайлӣ» аз забони персонажҳои асар фикру андеша ва ақидаи шахсии хешро дойр ба таълиму тарбия, ахлоқу одоб, тарзи давлатдорй ошкоро баён мекунад, ки ин тарзи гузориши масъала дар «Калила ва Димна» дида намешавад. Ҳусайн ба ҷойи шеърҳои арабй, ки дар «Калила ва Димна» ҷой доранд, саъй намудааст, ки бештар шеърҳои пандуахлоқии шоирону адибони маъруфи форсу тоҷикро ворид намояд, ки арзиши асарро боз ҳам баланд бардоштаанд.
«Анвори Суҳайлӣ» дорой ҳикоятҳои пандуандарзие мебошад, ки ба ҳар як инсон ахлоқи ҳамидаро ташвиқу тарғиб менамоянд.
Асари дигари нависанда «Ахлоқи Мӯҳсинй» мебошад, ки аз муқаддима ва 40 боб иборат будааст. Муаллифи асар кӯшиш намудааст, ки дар ҳар як боб дойр ба ҳар як масъала батафсил истода, андешаронй намояд. Мулоҳизаҳои худро дар ҳар як боб бо мисраъҳои пандуахлоқӣ ҷамъбаст намудааст. Ба масъалаҳои илму адаб, ахлоқ, адлу инсоф, саховат ва эҳсон, сидқу вафо бештар аҳамият додааст. Дар бобҳои алоҳида муаллифи асар тарзу тариқи давлатдорй, раиятпарварй ва дигар мавзӯъҳои ба ин алоқамандро ба сабки наср кашида, аз шоҳону ҳокимони замони худ донистан ва ба ин хислатҳо доро будани онҳоро дархост менамояд. Имрӯз ҳам сарварону роҳбарони мо барои дурусту бонизом ба роҳ мондани тарзу тариқи давлатдорй метавонанд аз асарҳои номбурда истифода намоянд, ки аз аҳамият холй нестанд.