Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём
Нақша:
Муқаддима
- Маълумоти мухтасар дар бораи шоир
- Мероси илмиву адабии шоир
- Мақоми рубоиёт дар мероси Умари Хайём
Хулоса
Умари Хайём хамчун устоди рубой дар таърихи тамаддуни ҷаҳонй маълуму машҳур шудааст. У дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикй ба сифати бузургтарин шоир, файласуф, риёзидон, ҳайатшинос шинохтаву эътироф гардидааст. Умари Хайём соли 1048 дар шаҳри Нишопур ба дунё омадааст. Азбаски падари ӯ хаймадӯз будааст, тахаллуси адабию шоирии Хайём низ аз касбу ҳунари падарии худ гирифта шудааст. Хайём то сини 17-солагй тамоми илмҳои замонаашро аз бар намуда, дар ҳамин синну сол ҳамчун донишманди нуктасанҷ ва олими маъруфи замон эътироф мешавад. Замони таҳсили худро дар иазди устодон ба хотир оварда, қайд менамояд, ки худаш низ замоневу лаҳзае ба устодй расида будааст: Якчанд ба кудакй ба устод шудем, Якчапд ба устодии худ шод шудем. Поёни сухая игунав, ки моро чи расид: Чун абр даромадему чун бод шудем.
Умари Хайём баъди вафоти падараш ба саёҳати шахрхои Мовароуннаҳру Хуросон меравад. Умар дар шаҳри Самарканд ба корҳои илмӣ машғул шуда, асарҳои бузурги риёзии худро эчод намуд. У дар Самарканд барои сохтани расадхона саҳм гузошта, ҳамчун роҳбари сохтмон хизмат намудааст. Яке аз дастовардҳое, ки Умари Хайём ба ин ноил шудааст, ин аст, ки у тақвимеро бо
номи «Тақвими ҷалолй» тартиб додааст.
Мероси адабии шоир_ бою рангин буда, масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад. У дойр ба соҳаи риёзй, ҳандаса, дойр ба масъалаҳои ҷабру муқобала, фалсафа, нуҷум, заминшиносӣ асарҳои зиёди илмй эҷод намудааст. Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Наврӯзнома» мебошад. Ин асари илмии таърихй буда, дар байни солҳои 1095-1098 навишта шудааст. Дар асари мазкур дойр ба масъалаҳои бузургдошти ҷашни Наврӯз ва сарчашмаҳои пайдоиши он сухан меравад. Ҳамчунин, масъалаҳои урфу одат, расму оин, гардиши офтоб, масъалаи адлу дод, саховату бахшиш дар «Наврӯзнома» васеъ муҳокима шуда, тахдшлу баррасӣ шудаанд. «Наврӯзнома» бо забони равону сода таълиф шудааст. Ба гайр аз асарҳои илмй, Умари Хайём боз аз худ ба мо асарҳое бо номи «Зичи маликшоҳй», «Мушкилотулҳисоб» боқи гузоштааст,
Умари Хайём устоди рубой низ мебошад. Ба қалами у зиёда аз 1200 рубоиро нисбат медиханд. Худи Умари Хайём онҳоро ҷамъоварй накардааст. Шоир тарзи навиштани рубоинависони пешин ва ҳамзамонони худро дақиқ омӯхта, рубоиёти хешро бо мавзӯъҳои муҳими фалсафиву ҳикматшиносй, панду ахлоқи ҳамида, тарғибу гашвиқи дӯстиву рафоқат пурраву комил гардонидааст.
Умари Хайём дар рубоиҳои худ ба сарнавишти инсон ва моҳияти зиндагй аҳамияти бузург дода, мехоҳад, ки дарду ғаму кулфати халқи авомро дарк намояд. Шоир аз бехабариву нодонии инсонҳо хеле малоли хотир шуда, ба хулосае меояд, ки дар ҳақиқат дарки воқеии ҳақиқати ҳаёти инсон хеле мураккабу душвор аст:
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст,
Гарданда фалак низ ба коре будааст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки нагими нигоре будааст.
Гуфтан лозим аст, ки Умари Хайём ҳамчун як марди хирадманд инсонҳоро дӯст медошт ва ба ҳамин андоза ойҳоро ҳурмату эҳтиром мекард. Чунин меҳру муҳаббат ва вафодории хешро нисбат ба атрофиён дар ҳар як рубоии худ, тасвир менамояд, ки аз инсондӯстй-гуманизми баланди ӯ шаҳодат медиҳад. Бинобар ин, аз гузаштани шоир чандин солҳо гузашта бошад ҳам, рубоиёти ӯ то ҳол аҳамияти таълимиву тарбиявии хешро гум накардааст.