Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ
Нақша:
Муқаддима
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли Саъдӣ
- Девони ашьори Саъдй
- «Бустон» ва мундариҷаи он
- «Гулистон» — асари пандуахлоқӣ
Хулоса
Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар яке аз шаҳрҳои хушманзараи Эрон- Шероз таваллуд шудааст. Овони кӯдакии Саъдй дар назди падараш мегузарад. Тавре худи ӯ дар як байт ишора мекунад:
Мая он гаҳ сари тоцвар доьитам,
Ки cap дар канори падар доиапам.
Вале, дере нагузашта, падараш аз дунё мегузарад ва Саъдй ятим мемонад:
Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар хурдй аз cap бирафтам падар.
Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан дар мадрасаи «Низомия»-и шаҳри Бағдод таҳсили илм мекунад: Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу руз талқину такрор буд.
Саъдии Шерозй яке аз шоирони адабиёти классикии форсу тоҷикй буда, дар таърихи адабиёт ҳамчун шоири ғазалсаро маълуму машҳур гаштааст. Саъдй соҳиби чор девони ашъор мебошад, ки аз қасида, ғазал, мутоибот, қитъаҳо, рубой ва дигар навъҳои шеърй иборатанд. Дар эҷоди жанри ғазал Саъдй устоди газалсароён шинохта шудааст.
Шоир сайру саёҳатро хеле дӯст медошт. Ӯ ба шаҳрҳои бисере сайру сафарҳо намуда, бо одамони гуногун аз дуру наздик ошно шуда, бо онҳо сӯҳбат мекунад ва бо тарзи зисту зиндагии онҳо шинос мешавад. Шоир пас аз сафарҳои чандинсолаи худ асарҳои «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро эҷод менамояд, ки дар таърихи адабиёти классикй мавқеи намоён доранд. Мероси адабии шоир бисер ранпш мебошад.
«Бӯстон» асари маизум буда, соли 1257 таълиф шудааст Асар аз даҳ боб иборат мебошад, ки бахшхои адл, эҳсон, ишқ, тавозеъ, ризо, қаноат, тарбият, шукр, тавба, муноҷотро фаро гйрифтааст. Дар қисмати аввали асар шоир аз сафару мулоқотҳо ва ҳақиқати ҳаёт донишу сабақи гирифтаи хешро таъкид намудааст:
Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба cap бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтрь зи ҳар гушае ёфтам,
Зи ҳар хирмапе хугиае ёфтам
«Бӯстон» сужети ягона надорад. Асар аз бобҳои ҷудогона ва аз ҳикоя гҳои алоҳида иборат аст, ки ҳар яке аз онҳо мавзӯъҳои мухталифро дар бар мегирад. «Бӯстон»-и Саъдй ҳамчун хазинаи илму дониш то имрӯз дар инкишофи мардум нақши муҳим дорад.
«Гулисток» дар зҷодиёти шоир ҷойи намоёнро ишгол менамояд. «Гулистон» дебочз ва ҳашт бобро дар бар мегирад. «Гулистои» соли 1258 эҷод шудаасг. Мақсаду мароми асосии Саъдй дар эҷод иамудани «Гулистон» ин панду андарзи мардумон будааст, ки худи шоир дар ин байт ба он ишора мекунад:
Муроди мо насщат буду гуфтем,
Ҳаволат бар Худо кардему рафтем.
Мақсаду мароми «Бӯстон» ва «Гулистон» як аст. Ҳар ду асар фикру ақидаҳои пандуахлоқиро дар бар мегиранд. Фарқ дар он аст, ки «Бӯстон» бо назм ва «Гулистон» бо насри мусаҷҷаъ эҷод карда шудааст. Саъдй бо эҷоди «Гулистон» дар пайдоишу инкишофи насри мусаҷҷаъ саҳми бузург гузоштааст. «Гулистон» аз ҳикоятҳои хурд-хурди пандуахлоқй иборат мебошад. Ҳам «Гулистон» ва ҳам «Бӯстон» аз беҳтарин ёдгориҳои бадеии асри XIII маҳсуб мешавақц. «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдй саршори панду ахлоқанд. Мероси адабии шоир бо забонҳои форсии тоҷикй ва арабй эҷод шудааст.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки ақидахои инсондӯстй, адолатпарварй, нафрат ба золимон, меҳнатдӯстй, таргиби дӯстй мазмуни асосии мероси адабии шоирро дар бар мегиранд. Сарфи назар аз он ки Саъдй ҳамчун шоири газалсаро эътироф шудааст, вале тавасеути «Бустон» ва «Гулистон» устоди панду ҳикмат маълуму машҳур гардвдаасг. Панду андарзҳои шоир дар тарбияи наели наврас имрӯз ҳам аз аҳамияти калон бархӯрдоранд.