Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи Шерозӣ
Нақша:
Муқадима
- Зиндагиномаи шоир
- Мероси адабии Ҳофизи Шерозй
- Мавзӯъҳои асосии ғазалиёти Ҳофиз
Хулоса
Ҳофизи Шерозй дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун устоди ғазал шинохтаву )ьтиро(() гардидааст. Гузаштагони шоир аз ахли твдорат будаанд. Ҳофиз аз рӯйи ишораҳои тазкиранависон соли 1321 дар шаҳри Шероз таваллуд ёфтааст. У таҳсили ибтидоиро дар ҳамин ҷо касб намудааст. Падари Ҳофизи Шерозй ҳангоми тифл будани ӯ аз олам дармегузарад. Аз ин сабаб Хоҷа Ҳофиз аз овони хурдсолй барои таҳсили илму дониш имконият надоштааст. Баъдан, ба қавли худаш, чиҳил сол ба таҳсили илм машгул шудааст. Аз рӯйи баъзе нақлу ривоятҳо, Ҳофиз баъди хатми Мадраса ба касби мударрисй машгул шуда, аз илми калом-ақидаҳои динй даре мегуфтааст. Ҳофиз аз кӯдакй ба шеъру шоирй шавқу рагбати зиёде дошт. Ва ҳамин дилбастагиҳо буд, ки ӯ дар андак замон ҳамчун шоири газалсаро, сарояндаи ғазалҳои лирикй ҳануз дар айёми барҳаёт будаиаш маълуму машҳур шуда будааст. Обрӯву эътибор ва
шӯҳрату шаҳомати Хофиз на танҳо дар Форсу Ироқу Озорбойҷону Эрон, ҳамчунин дар Ҳиндустону Хуросону Мовароуннаҳр низ паҳн гардид:
Ба ьиеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
Сияҳчаьимони кашмирию туркони самарқандӣ.
Ашъори дилангези Ҳофиз гуногунранг буда, доир ба ҳамаи мавзӯъҳои ҳаётӣ эҷод шудаанд. Дӯстиву рафоқат, тараннуми ишқу муҳаббат, некиву накӯкорй, ростиву ростқавлй, муҳаббату вафодорӣ аз мавзӯъҳои асосии ашъори Хоҷа Ҳофиз маҳсуб мешаванд,
Мероси адабии шоир чандон бузург набуда, ҳамагӣ як девониро, ки аксаран ғазалро дар бар мегирад, ташкил медиҳад. Х,офиз сарояндаи ғазалҳои лирикӣ ба шумор меравад. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёти лирикии шоирро ишқу муҳаббати инсон ва масъалаҳои иҷтимоии ҳаёт ташкил медиҳанд.
Дар масъалаи мавқеи газал худи Ҳофиз таъкид кардааст, ки сарфи на^ар аз он ки Саъдй яке аз устодони ғазал ҳисоб меёбад, вале Ҳофиз ба тарзу тариқи ғазалсароии шоири ҳамасри худ Хоҷӯи Кирмонй пайравй намудааст:
Устоди газал Саъдист пеши ҳама касс, алшо, Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоцу.
Сарчашмаи илҳоми шоир ҳаёти моддии ҷамъият буда, фикру ақидаҳои иҷтимоии ӯро муносибатҳои иқтисодиву сиёсиву иҷтимоии замонаш ташкил медиҳанд. Эҷодиёти Ҳофизро аз рӯйи табақабандй ба ду гурӯҳ ва ё ба ду давра ҷудо кардан мумкин аст. Давраи аввалро давраи ҷавонию ҷавонмардӣ дар бар гирифтааст. Ин давра — давраи ҷавонй, таҳсили Мадраса, давраҳои мударрисии ӯро фаро гирифтааст.
Бештари газалиёти Ҳофиз ба фош намудани нобаробарии ҷамъияти феодалӣ ва ошкор намудани хислатҳои бади синфи ҳукмрон, сарварони дину диёнат, нобоварй ба онҳо ва фикру ақоиди онҳо бахшида шудаанд.
Ҳофиз мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Шоир аз мавқеи инсондӯстӣ ба таргибу ташвиқи ақидаҳои динии диндорон нигариста, аз номи дину диёнат ва диндорон ба халқ зулм кардани онҳоро фош намуда, ягона набудани зоҳиру богини онҳоро танқид кардааст:
Воизон, к-ин цилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Пурсише дорам зи донишманди маҷлис, бозпурс,
Тавбафармоён чар о худ тавба камтар мекунанд?
Х,амин тариқ, Ҳофиз ҳамчун шоири лирик дорой хаёлоти бадеии баландпарвоз буда, ақидаҳои пешқадами V лир ҷомеаи соҳибистиқлоли мо аҳамияти басо бучурш 1арбиявии умумибашарй доранд.