Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Низоми Арӯзии Самарқандӣ
Нақша:
Муқадцима
- Тарҷумаи ҳоли Низомии Арӯзй
- Мороси адабии Низомии Арӯзӣ
- Қисматҳои «Чаҳор мақола»
Хулоса
Низомии Арӯзии Самарканда аз шоирону нависандагон ва олимони барҷастаи асри ХП ба ҳисоб меравад. Низомии Арӯзй дар охири_асри XI дар шаҳри бостонии Самарканд ба дунё омадааст. У дар соҳаи шеъру адаби форсй малакаву истеъдоди беандозае доштааст. Ба ғайр аз ин, дар илмҳои тиб ва нуҷум низ моҳир будааст. Аз сабаби он ки илми арӯзро хуб медонист, ба тахашгуси Арӯзй мушарраф мегардад.
У маълумоти ибтидоии маъмулиро дар мактабу мадрасаҳои замони худ гирифтааст. Шоир аз хурдй ба адабиёт шавқу ҳаваси зиёд дошта, доир ба ҳаёту фаъолияти бузургони шеъру адаби форсии тоҷикӣ наклу ривоятҳоро аз бар менамуд. Махсусан, аҳвол ва фаъолияти адабии устод Рӯдакй, Фирдавсй ва Абӯалй ибни Сино ӯро ба шавқ меовард.
Солҳои 1111-1120 ба сафари шаҳрҳои Самарканд ва вилоятҳот: гуногуни Хуроеон баромадааст. Ҳангоми сафарҳои худ ӯ бо Умари Хайём вохӯрдааст. Қабри Фирдавсиро зиёрат намудааст. Низомии Арӯзии Самарқандй соли 1174 аз олам гузаштааст.
Аз шоир ба мо асаре бо номи «Чаҳор мақола» боқй мондааст. Ин асар яке аз намунаҳои барҷастаи насри бадеии тоҷикй ба шумор меравад, Номи аслии асар «Маҷмаъуннаводир», яъне маҷмӯаи воқеаҳои аҷоибу нодир буда, ба сабаби он ки аз чаҳор мақола иборат будааст, онро «Чаҳор мақола» ном бурдаанд.
Низомии Арӯзии Самарканда «Чаҳор мақола»-и худро соли 1157 дар Бомиён эҷод намудааст. «Чаҳор мақола» ба яке аз ҳокимзодаҳои ғӯрй Абулҳасан Алй ибни Фахриддин Масъуд, ки шоир ба тарбияи он машгул буд, навишта шудааст.
«Чаҳор мақола» аз ҳамин сабаб оҳакги пандунасиҳатӣ дорад.
«Чаҳор мақола» ба ғайр аз муқаддима боз аз чаҳор бахш иборат аст, ки ҳар қисмро шоир мақола номидааст. Шоир чунин фикру андеша дорад. ки дар ҳар давру замон ҳокимони давр ба маслиҳату машварат ва кӯмаки ақлу хиради чор тоифаи зиёиён: дабирон, шоирон, мунаҷҷимон ва табибон эҳтиёҷ доранд.
Дар «Чаҳор мақола» шоир дар бораи ноксиратӣ, некӯахлоқии донишмандону шоирону адибон сухакронй карда, аз аҳли илму адаб ҳимоят мекунад.
«Чаҳор мақола» аз бахшҳои зерин иборат аст: мақолаи аввал «Дар моҳияти дабирй ва кайфияти дабири комил ва он чй тааллуқ бад-ин дорад», мақолаи дуввум «Дар моҳияти илми нуҷум», мақолаи сеюм «Дар моҳияти клми шеър ва салоҳияти шоир», мақолаи чаҳорум «Дар моҳияти илми тиб ва ҳидояти табиб».
Шоир нақиу ривоятҳои худро бо овардани ҳикоятҳои таърихй асоснок мегардонад. Низомии Арӯзй ба шоиру қувваи шеър зъгиқоди бузург дошт. У боварй дорад, ки шоир бо қувваи шеър метавонад маънй ва тахайюлро сайқал диҳад. Шоир тарбияи ҷавонони боистеъдодро фарз мсшуморад.
Таъкид намудан лозим аст, ки асари мазкур дорои аҳамияти гаърихӣ ва адабиётшиносӣ б уда, шоирону нависандагон ҳикоятҳои таърихии онро ҳангоми таълифи асарҳояшон истифода бурдаанд.
«Чаҳор мақола» ба забонҳои англисй ва русй тарҷумаву нашр шудааст. «Чаҳор мақола» асари бузург буда, хазинаи адабиёти классикии моро боз ҳам ганй намудааст.