• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат/ Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат/ Иншо

235 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
21.05.2021

Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат

Нақша:

  1. Мухтасари ҳаёти шоир
  2. Мероси адабии шоир
  3. Мӯҳтавои мавзӯъҳои ашъори шоир

 Хулоса

Ҳайрат яке аз намояндагони бузурги адабиёти нимаи дуюми асри XIX маҳсуб мешавад. Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат соли 1878 дар шаҳри Бухоро дар оилаи муллой камбағал ба дунё омадааст. Тавре аз сарчашмаҳои адабй маълуму равшан мешавад, Ҳайрат ва оилаи онҳо зиндагии хеле хоксорона доштаанд. Падар ва модари Ҳайрат аз шахсони донишманди замони худ будаанд. Бинобар ин, Ҳайрат маълумот ва таҳсилоти ибтидоиро дар назди волидайни худ касб кардаает. Вале, ҳаёти_ кӯдакй ва тақдири зиндагй, ба қавле, ба рӯйи ӯ намехандад. У аввал аз модар ва баъдтар аз падар ятим мемонад. Баъди ин ҳама носозгориҳои рӯзгор Ҳайрат ба хориву зорй дучор мегардад. Вале ӯ ба душвориҳо ва сахтии ятимона нигоҳ накарда, саъю кӯшиш менамояд, ки таҳсили худро дар Мадраса идома диҳад. У дар синни понздаҳсолагиаш ба Мадраса дохил шуда буд. Ҳайрат чун анъана илмҳои замонаашро аз бар карда, дар баробари ин, дар илми шеъру адабй форсу тоҷик дониши фаровон касб менамояд.

У аз ҳамсабақони хеш фарқ мекард. У ҳамчун на як шогирди пешқадам, балки чун шоири овозадор шӯҳрат пайдо карда буд. Ҳайрат аз тарси он ки мабодо одамони амир ва аҳли дарбор аз ин истеъдоди ӯ хабардор шуда, ӯро зӯран ба дарбори амир набаранд, ӯ шеърҳои эҷодкардаи хешро ба ҳеч кае нишон намедодааст.

Дар ин солҳо, ки Садриддин Айнй дар яке аз мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм мекард, аз як шиноси наздики худ аз шеърдонй ва шеърнависии Ҳайрат – ном ҷавони еоҳибистеъдод воқиф мегардад. Сипае, ба воситае бо ин ҷавони хушрафтор шинос мешавад. Аз дидори аввалин дар байни онҳо як еамимият ва садоқати дӯстона ба миён меояд, ки ин муносибат барои тақдири эҷодии ояндаи ҳардуи онҳо нақши босазое мегузорад.

Тавре медонем, он замон Садриддин Айнй дар ҳавлии яке аз шахсони фозилу донишманд ва шоирпарвари он замон: Шарифҷон-махдуми Садри Зиё умр ба cap мебурд. Айнй Ҳайратро ба шахеи бонуфузи шаҳри Бухоро ошно месозад. Ҳамин тариқ, Ҳайрат ба воситаи Садри Зиё бо бисёр шахсиятҳои маъруфу донишманди Бухоро, бо шоирони номдори он замон шинос мешавад. Бар замми ҳамаи ин, дар таҳриру тасҳеҳи «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Дониш ширкат меварзад.

Аз мероси адабии шоир ба мо танҳо ғазалҳои пароканда боқй монд^аст. Ҳайрат дар шеъру ғазалҳои худ кӯшиш кардаает, ки зулму золимй, бедодгарии амалдорону мансабдорони замонаш ва нуқсону иллатҳои ин бедодгариҳоро ҳаҷв ва мазаммат намояд. У дар як рубоии худ чунин нигоштааст:

Эй рафта тариқаи ҷафокории халқ,

Парҳез накарда ҳеҷ аз зории халқ.

Эй пирзада, то ба кай аз қаҳр занӣ,

Ҳамчун ақраб неши ситамгории халқ.

Доираи мавзӯъҳои шеъру ғазалҳои ҳаҷвии ӯ хеле доманадор будааст. Ҳатто, ӯ дар шеърҳояш олимони ҷоҳили донотарошро, ки боиси ҷаҳолат ва пасмондагии мардум гашта буданд, дар симои як «донишманд» чунин ҳаҷв кардаает.

Эй хар, хами дастори ту бозори калова,

Риши ту ба бозори каловаст илова,

Рухсори ту як шиттазаминест пур аз заҳ,

Бинии ту дар заҳкаили он қитьа чу нова

А твори ту чун ваҳшию андоми ту манфур,

Кирдори ту бемаънию гуфтори ту ёва.

Ҳайрат ҳамчун шоири моҳир ва сухандон аз охири солҳои 90- ум cap карда, дар ҷамъият шӯҳрат пайдо мекунад. Аз сабаби он ки илми шеър ва нозукиҳои сухани бадеъро хеле нағз дарк мекард, шеър ва ғазалҳои хуб эҷод менамуд. Ба қавле, устод Садриддин Айнй, ки дар он замон ҳамчун шоири шинохта эътироф шуда буд, Ҳайратро дар шеъру шоирй устоди худ шуморидааст. Дар ҳақиқат, ғазалҳои шоир эҳсосоту ҳаяҷони инсониро бо роҳи содабаёнй ва кушодагии сухан ифода менамоянд. Ҳайрат анъанаҳои шоирони пешинро идома дода, аз ибораву таъбирҳои халқй васеъ истифода намудааст. Ҳайрат бо мазмуни баланд ва санъати нотакрори шеъраш дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX мақоми сазоворе пайдо кардааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов