• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Авфии Бухороӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Авфии Бухороӣ / Иншо

9 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
24.01.2022

Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Авфии Бухороӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи қоли Муҳаммад Авфӣ
  2. «Лубобулалбоб» аввалин тазкира дар таърихи адабиёти классики

Хулоса

Муҳаммад Авфӣ яке аз нависандагон ва донишмандони бузурги замони худ буда, ба шеъру шоирӣ низ майлу рагбаги беандоза доштааст. Гузаштагон ва падару бобоёни ӯ аз аҳли илму дониш будаанд. Муҳаммад Авфии Бухорой соли 1172 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Даврони кӯдакй ва таҳсилоти ибтидоии шоир дар зодгоҳаш Бухоро гузаштааст. Вай илмҳои маъмулии замони худ забони арабӣ, фиқҳ ва илми каломро дар Мадраса омӯхтааст.

Муҳаммад Авфӣ баъди анҷом додани таҳсили Мадраса ба саёҳати шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳр, Хуросон ва Сиистон баромада, бо донишмандону олимони варзида мулоқот намудааст. Муҳаммад Авфӣ ба ваъзгӯйй машғул шуда, ҳамзамон барои китобҳои ояндааш маълумотҳо, нақлу ривоятҳо ва санаду ҳуҷҷатҳо ҷамъоварй мекардааст. Бо вуҷуди соҳиби илму дониши фаровон буданаш, ӯ ҳангоми сайру сафарҳои худ дар назди олимону донишмандони маъруфи замони худ дониши худро дар баъзе соҳаҳо мукаммал намудааст. У ба ватанаш баргашта, таҳти ҳамлаю ғорати муғулон қарор мегирад. Шоир бештари вақти худро ба таълифу тарҷумаи асарҳои адабӣ ва илмй гузаронидааст. «Лубобулалбоб» яке аз асарҳои машҳури Муҳаммад Авфӣ ба шумор меравад.

Тавре аз гуфтаи Муҳаммад Авфӣ бармеояд, ӯ ба навиштани шеър аз овони ҷавонй шурӯъ кардааст. Вале, номи Муҳаммад Авфӣ дар таърихи адабиёти тоҷик маҳз ба туфайли асарҳои насрияш «Лубобулалбоб» ва «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» маълуму машҳур гардидааст.

Маънои луғавии «Лубобулалбоб» «Мағзи мағзҳо» мебошад. Ин асар нахустин тазкираи шоирони форсу тоҷик мебошад, ки то ба замони мо омада расидааст. «Лубобулалбоб» аз ду ҷилд ва дувоздаҳ боб иборат аст. Шоир дар асари худ дойр ба моҳият ва вазифаҳои шеъру шоирй, пайдоиши шеър, хусусан, пайдоиши шеъри форсии дарии тоҷикй ва хусусиятҳои назму наср андешаронй кардааст. «Лубобулалбоб» шарҳи ҳол ва намунаи осори 169 шоирону адибонро фаро гирифтааст.

Асари дигари ӯ «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» маҷмӯаи ҳикоятҳоеро фароҳам овардааст, ки мазмуни адабию таърихй ва нақлҳои пандомӯз доранд. Асари мазкур аз ҷиҳати услуби навиштор ҷолиби диққат буда, хеле содаву равон навишта шудааст.

«Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» аз 4 ҷилд ва 100 боб иборат буда, беш аз 2000 ҳикоятро фаро гирифтааст. Дар баробари ҳикоятҳои адабиву таърихй ривоятҳо, қиссаҳо, масалҳо ва латифаҳоро низ дар бар мегирад. Як қатор ҳикоятҳову ривоятҳо мавзӯъҳоеро монанди шарму ҳаё, одобу ахлоқи ҳамида, шуҷоату далерй, вафову вафодориро таргибу ташвиқ менамояд. Ҳамчунин, баъзе ҳикоятҳое низ оварда шудаанд, ки ҳирсу тамаъ, дурӯг, танбалй, ҷаҳлу хиёнат ва амсоли онҳоро мазаммат намудааст. Муҳаммад Авфӣ, ки ҳамчун як шахси донишманду ҷаҳондида буд, доир ба шаҳрҳо, вилоятҳо ва аҷоиботи ҳайвоноту габиати онҳо маълумотҳои маърифатбахш додааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат