Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Содиқи Муншӣ
Нақша:
Сарсухан
- Myхтасари ҳаёти шоир
- Мероси адабии Муншй
- Мӯҳтавои мазмуни ашъори Муншй
Хулоса
Бино бар маълумоти Қорй Раҳматуллоҳи Возеҳ, Содиқи Муншй яке аз шоирони бузурги замони худ буда, дар деҳаи Ҷондори Бухоро ба дунё омадааст. Мирзо Муҳаммад Содиқ номи падараш буда, дар шеъру шоирй ва ҳам дар илмҳои мухталифи замони худ шӯҳрат пайдо кардаает Уро ба дарбори амирони мангития даъват мекунанд. Шоир хуб дарк менамояд, ки ҳамаи он беназмиву бетартибиҳо, зулму золимй, фитнаю фасод ва дасисакориҳо бо роҳбарии худи амир сурат мегирифтааст:
Таьнам макун, ки пояи қудратнабарди шоҳ
Аз ҳар хасу разили фурумоя камтар аст.
Ин давлатам бас аст, к-аз ин сифлагон наям,
3-онам чй гам, ки давру замон сифлапарвар аст.
Аз ин гуфтаҳои шоир ҳувайдост, ки ӯ аз ба дарбор омаданаш пушаймон будааст, бар замми ин аҳволи худи шоир хуб набудааст:
Содщ аз рузгор шокир боги,
Нест гам, ки на симу зар дорй,
Ин бас аст, к-аз ҷавоҳири маьнӣ
Садафи сина пургуҳар дорй.
У дар ҷойи дигар аз хорию зорй, гарибию тиқидастии худ менолад:
…Вале чй чора кунам, чун пай аз тиҳидастӣ,
Ба пола сохпгаам ҷойи шаккарафшонӣ.
Яке гарибам, номам ба шоирй машҳур,
Ба гайри шеър наборам матои дуконе.
Мирзо Содиқи Муншй яке аз олимону донишмандон, муаррихи намоён, муншии мумтоз ва, ниҳоят, шоири маъруфи замони худ будааст. Аз Мирзо Содиқ ду девони ашъор боқй мондааст. Микдори умумии ашъори шоир аз 4670 байт иборат будааст. Ақидаҳои пешқадами шоир бештар дар газал, рубоиёт ва маснавии ӯ ифода ёфтааст. Мавзӯи ишқ дар эҷодиёги шоир мақоми махсус дорад, чунонки худи ӯ мегӯяд:
Маркази доираи ишқаму гар cap биравад,
По чу паргор аз ин дойра берун накашам.
Содиқи Муншй ишқу муҳаббатро аз ҳама чиз боло донистааст. Олитарин эҳсоси инсон ишку муҳаббат буда, на ҳар сифлаю дун метавонад дорой он бошад:
Бошад муҳаббат ончунон покиза дурри бебаҳо,
Натвонад уро доштан ҳар сифлаю дун дар багет.
Ақидаҳои пешқадами иҷтимоию сиёсй, танқиди беадолатиҳои ҷамъияти онрӯза, рафтори зишти ҳокимону феодалон, шикоятҳо аз беқадрии аҳдш донишу хирад, панду насиҳати ибратомӯз дар ашъори Мирзо Содиқ бо тарзу усулҳои нав ифода ёфтаанд:
Шоир вазъи ногувори ах,ии хирад ва азобҳои рӯҳии онҳоро дар чанд байти худ чунин ифода кардааст:
… Миёни бахти сияҳ табъи равшане дорам,
Чу ахтари шаби торам шеи тобонй.
Буеад чу шона забопам гиреҳкугиои сухан,
Дилам чу оина бошад муҳити ҳайронӣ.
Мирзо Содиқ нисбат ба неку бад ва адлу зулм бетараф набудааст. У дар ашъори худ сифатҳои хубу неки ннсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Шоир тавассути мулоҳизаҳо ва баён намудани панду ҳикмагҳои ибратомӯз таъккд менамояд, к и бояд ба зиндагй бо чашми дониш ва хирад нигарист:
Дил, фиреби ваъдаи худ аз кафи мумсик махур,
Меваи ин шохсори норасо ком асту бас.
Мирзо Содиқ тарафдории хешро аз беҳбудиву осоиши мардуми софдилу накӯкор изхор менамояд. Мехоҳэд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ гирифтори фитнаю тӯҳматҳои мунофиқон набошанд:
Аз ҳамнафасони номувофщ бигрез!
В-аз дустнамоёни мунофиқ бигрез!
Чуй шаб сияҳ аст зоҳиру ботиншон,
Аз зулмати ишб чу субҳи содщ бигрез.
Мирзо Содиқ таъкид бар он дорад, ки сарчашмаи ҳамаи ин ғаму кулфат ва ранчу азобҳо гуфтору кирдори бади зоҳидон будааст:
Бар зӯҳд макун такя, ки гамро сабаб аст ин,
Май нуш, ки сармояи айшу тараб аст ин.
Густох манеҳ по ба раҳи майкада, эй шайх,
Аз дида қадам соз, ки шарти адаб аст ин.
Ашъори баландмазмуни Содиқ, ки аз фикру андешаҳои маорифпарварона ва инсондӯстонаи ӯ сарчашма мегиранд, аз саҳифаҳои дурахшони адабиёти охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX ба шумор мераванд.